Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 22:12

Тартиби ташхиси навхонадорон: Аз арӯсшавандаҳои ҳомила то муҳоҷирон

19 сентябр 2016, 17:15

Ҳукумати Тоҷикистон тартиби ташхиси навхонадоронро тасдиқ кардааст, ки бар асоси он муассисаи тиббӣ муваззаф аст, давоми 14 рӯз баъди муроҷиати шаҳрвандон ташхисро анҷом диҳад.

Тибқи қарори ҳукумат мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муваззаф шудаанд, танҳо дар сурати пешниҳоди хулосаи тиббӣ аз арӯсу домодшаванда аризаро барои сабти никоҳ қабул намоянд. Ҳукумат муқаррар кардааст, ки ташхиси ҳатмии тиббӣ ройгон дар муассисаи тиббии маҳалли зист анҷом дода мешавад. Афроде, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд, бояд хулосаи муассисаи тиббии маҳалли иқоматашонро ба хадамоти консулӣ пешниҳод намоянду никоҳашонро ба қайд бигиранд.

Ҳукумат инчунин муқаррар кардааст, ки арӯсшавандаҳои ҳомила, ки нияти издивоҷ доранд, бояд давоми 7 рӯз баъд аз муроҷиат ба муассисаи тиббӣ аз ташхиси тиббӣ гузаронда шаванд.

Ҳадафи ташхис, ки ройгон гузаронда мешавад, таъмини ҳаёти солим ва ҷилавгирӣ аз таваллуди фарзандони маъюбу бемор арзёбӣ шудааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ҳар сол то 30 декабр аз иҷрои тартиботи тасдиқшуда ба ҳукумат гузориш диҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташхис ройгон мегуянду аммо кариб ки сад сомон расход мекуни.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
офарин ин икдомхо хеле зуруранд дар чомаи мо Иншооллох натичаи хуб ба милат медихад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин икдом магар иктисодро пеш мебарад ё рафти мутахасисонро аз Точикистон боз медорад. Это просто издевательство и отвлекающий маневр.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Духтур,
Хов акы бо хунмаки сар-мешавад!!! Шумо духтуро дар орзуи хурдани охирин лукмаи дахони як бесарпанохед!!! Шарму хаё ва имону номусу нанг гум шудааст аз дили духтуро

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!