Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 12:03
Имрӯз, 12:02

Шарҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе асос латту кӯб шудаанд

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муноқишаи шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 22 январро шарҳ дод.

Имрӯз, 11:30

Марг дар роҳи оҳан: Модар кӯдакро монда гурехт...

Усмон Қаландаров, ноиби раиси роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, соли 2016 дар кишвар 7 ҳолати зер кардани шаҳрвандон аз сӯи қатора ва 4 бархӯрд бо автомобил ба қайд гирифта шудааст.

Имрӯз, 10:42

Умеди Душанбе ба роҳкушоии Тошканд ба Хатлон

Усмон Қаландаров, ноиби раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” изҳори умед кард, ки Тошканд ба дархости Душанбе барои кушодани роҳи оҳан ба Хатлон посухи мусбат хоҳад дод.

Имрӯз, 10:25

Фармони Президент барои интихоби машваратчиёни халқии судҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки аз 1 то 14-уми феврал интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гаронизонҳои кишвар баргузор гардад.

Имрӯз, 10:09

Соҳибкор шудан дар Туркманистон гаронтар шуд

Аз якуми январи соли 2017 дар Туркманистон дарёфти иҷозатнома барои ба роҳ мондани тиҷорати хурду миёна гаронтар шуд. Ба вижа, пардохтҳои гумрукӣ қариб чаҳор маротиба ва дигар навъи пардохтҳо ду баробар боло рафтааст.

Имрӯз, 10:05

Бедарак шудани нобинои тоҷик дар роҳ ба калисо

Як шаҳрванди нобинои Тоҷикистон дар шаҳри Всеволожски вилояти Ленинград бедарак шудааст. Дар ин бора як дӯсти ӯ, ки ҳамчунин табааи Тоҷикистон гуфта мешавад, ба пулис хабар додааст.

Имрӯз, 09:35

Раиси “Тоҷик Эйр”: Имкони парвоз ба Самарқанд, Бухоро ва Тошкандро дорем

Хайрулло Раҳимов, раиси ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» мегӯяд, имкони парвоз ба Самарқанд, Бухоро ва Тошкандро доранд.

Имрӯз, 08:28

Ш.Зуҳуров: Барои тарҳи Роғун ба мусоидати бародаронаи Арабистони Саудӣ эҳтиёҷ дорем

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммад ал-Мазият, муовини вазири молияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гуфтааст, Душанбе барои бунёди босифати неругоҳи Роғун ба дастгирӣ ниёз дорад.

Имрӯз, 07:15

Директори собиқи “Ҷаҳоннамо” сухангӯи Рустами Эмомалӣ шудааст

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода, роҳбари акнун собиқи телевизиони “Ҷаҳоннамо”-ро котиби матбуотии худ таъин кардааст.

Дирӯз, 15:58

Суғд: 165 парвандаи ҷиноятӣ барои хариду фурӯши худсаронаи замин

Тайи 12 моҳи соли гузашта 6 ҳазор гектар қитъаҳои замини шимоли кишвар худсарона ва ғайриқонунӣ ишғол гардидааст.

Дирӯз, 15:52

Ҷаҳонгир бо “Динамо” хайрухуш кард

Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва яке аз ҷавонтарин легионерҳои тоҷик “Динамо”-и Брести Белорусро тарк кардааст.

Дирӯз, 15:07

Нақшаи Алимардон барои ихтисори 800 коргари «Агроинвестбонк»

“Агроинвестбонк”, бонки таҳти идораи Муродалӣ Алимардон тасмим гирифтааст, барои коҳиши хароҷот ва беҳбуди вазъи молияш ҳудуди 800 коргарро ихтисор кунад.

Дирӯз, 13:20

50 хушсалиқаи Душанбе дар соли 2016 кӣ буд? (Феҳраст+АКС)

Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” исми 50 хушсалиқаи Душанбе дар соли 2016-ро эълон кард.

Дирӯз, 13:13

Мансабҳои нави генералу полковникҳо дар ВКД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар ин ниҳод иттилоъ дод, ки имрӯз, 23-юми январ дар мувофиқа бо раисиҷумҳур амалӣ шудаанд.

Дирӯз, 13:03

Изҳори сипоси Ш.Зуҳуров аз ёриҳои Арабистони Саудӣ: Умедвори идомаи чунин амри хайр ҳастем

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Арабистони Саудиро шарики муҳими Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна хондааст. Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 22 январ дар шаҳри Риёз баргузор шуд, изҳор доштааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!