Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 12:04
16 май 2016, 08:51

Шарҳи сафорат дар мавриди занозании тоҷикон дар қабристони Хованскоеи Маскав (ВИДЕО)

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, задухӯрд дар қабристони Хованское баъди он рух додааст, ки як гуруҳи номаълум аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар онҷо кор мекунанд, “ҳақпулӣ” талаб кардаанд.

13 май 2016, 15:38

Шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон то охири умр аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба наздикӣ аз зиндоне дар Кузбасс раҳо шудааст, ба ватан истирдод ва як умр аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум гардидааст.

12 май 2016, 15:26

Иркутск: Дар 4 моҳ наздики 150 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудааст

Шурӯъ аз моҳи январи соли равон 145 табааи Тоҷикистон дар вилояти Иркутск шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷират дар Иркутск хабар додааст.

11 май 2016, 09:49

Фирори Раҷабови 20-сола аз ошёнаи 6-и боздоштгоҳ дар Рӯзи Ғалаба

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабарҳо дар бораи фирори се тоҷик аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Санкт Петербургро санҷида, муайян кардааст, ки миёни фирориён ду шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

11 май 2016, 09:47

Ба коми оташ рафтани асноди муҳоҷирини тоҷик дар Питер

Дар пайи сӯхтор дар шаҳри Санкт-Петербург ҳуҷҷатҳои даҳҳо муҳоҷири тоҷик нобуд шудааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

6 май 2016, 15:08

Худовезии муҳоҷири сеюми тоҷик дар Санкт Петербург

Мақомоти Русия аз худовезии ҷавони 18-солаи тоҷик дар партовгоҳи маҳаллаи “Новий Свет”-и Санкт Петербург хабар доданд.

5 май 2016, 13:40

Скинхедҳое, ки ба тоҷикон ҳамла кардаанд, дар “авбошӣ” муттаҳам мешаванд

Пулиси Маскав аз боздошти чор скинхеди рус хабар додааст, ки дар ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Маскав мегӯяд, се тан аз ин афрод ноболиғанд.

5 май 2016, 10:57

Дар Маскав ба муҳоҷирони тоҷик аз раъйпурсӣ ба Сарқонун гуфтанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мулоқоте бо муҳоҷирони тоҷик зарурати тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишварро шарҳ додаанд.

5 май 2016, 09:01

ВКД-и Тоҷикистон: Аҳмадов мегӯяд, бегуноҳ аст ва худаш ба Русия баргашт (ВИДЕО)

Маҳмадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, муттаҳами 4-ум дар қатли сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводааш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боздошт шудааст.

4 май 2016, 15:42

Додситонӣ: Зани тоҷик хостааст, бо шиносномаи қалбакӣ маблағи модарӣ гирад

Додситонии вилояти Тюмен Сакина Фундукова, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро дар сӯиқасди қаллобӣ барои гирифтани пардохтҳои иҷтимоӣ айбдор мекунад.

3 май 2016, 12:47

ВАО: Сарозери духтари 10-солаи тоҷик аз айвони ошёнаи 7

Расонаҳои русӣ мегӯянд, нисфирӯзи 2 май як духтари 10-солаи тоҷик аз айвони ошёнаи 7-уми бинои истиқоматии хиёбони Искрови Санкт Петербург ба замин сарозер шудааст.

29 апрел 2016, 09:27

Таҳдиди ҷарима ба шаҳрванди Тоҷикистон барои “такпӯши занона”

Кормандони гумруки фурудгоҳи Нижневартовски Русия аз дарёфти 104 “такпӯши занона” аз боғоҷи як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додаанд.

28 апрел 2016, 09:13

Боздошти як тоҷики дигар бо гумони куштори Чубаев

Додгоҳи ноҳияи Перм аз боздошти як муттаҳами дигар дар куштори Юрий Чубаев, раҳбари як ниҳоди дифоии Русия бо номи “Кирас” хабар додааст.

28 апрел 2016, 08:58

Челябинск 19 шаҳрванди Тоҷикистонро депорт мекунад

Имрӯз, 28 апрел қарор аст наздики 20 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шаванд.

27 апрел 2016, 16:50

Ифшои номи муҳоҷири дуюми тоҷик, ки дар Петербург худро ба дор овехт

Дар намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург худовезии муҳоҷири тоҷикро тасдиқ карданд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!