Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 22:09
4 сентябр 2014, 17:54

Эълони Назриев дар бораи барканории Ғаффоров аз раёсати ҲСТ

Мирҳусейн Назриев, раиси ҷиноҳи сабтиномнашудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба ҳайси номзад дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат хоҳад кард.

3 сентябр 2014, 15:10

Дастури Кабирӣ барои фаъолшавии наҳзатиҳо дар арафаи интихобот

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 3-юми сентябр бо баргузории як ҷаласа бо ҳузури масъулини илм ва кор бо уламои ҳизбаш масъалаи омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли 2015 матраҳ намудааст.

26 август 2014, 11:43

Интихоботи парлумонии 2015 дар мекӯбад. Аҳзоб, омодаед?

Бештари намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, анҷумани интихоботии онҳо дар моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор ва он вақт рӯшан хоҳад шуд, ки ба чӣ шакле иштирок хоҳанд кард.

23 август 2014, 10:19

Қаноатмандии намояндаи САҲА аз иштироки ҳизби аграрӣ дар интихоботҳои Тоҷикистон

Рустам Латифзода, муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) бо Марчин Валетский, раиси шӯъбаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оид ба масоили демократия ва сиёсати гендерӣ мулоқот кардааст.

20 август 2014, 15:52

Гилаи Маҳмадалӣ Ҳайит аз чашмпӯшиҳои САҲА (ОБСЕ)

Маҳмадали Ҳайит – муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мулоқот бо Марчин Валетский- раиси шуъбаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оид ба масоили демократия ва сиёсати гендерӣ аз мавқеъгириҳои ин ниҳоди байналмилалӣ нисбат ба интихоботҳои кишвар интиқод кардааст.

14 август 2014, 17:48

Ноиби аввали Эмомалӣ Раҳмон дар бораи интихоботи 2015

Сафар Сафаров, ноиби аввали Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, гуфт, анҷумани онҳо барои интихоботи парлумонии 2015 моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

11 июн 2014, 17:26

Ҳушдори ҲНИТ ба ҳукумат дар остонаи интихоботи 2015

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи ғайринавбатияш ҳамла ба раиси худ дар шаҳри Кӯлобро ба баррасӣ гирифта, онро дасти гуруҳе хондааст, ки нооромии наверо дар кишвар хоҳонанд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!