Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 12:09
11 октябр 2013, 12:17

Нозирони ИДМ мегӯянд, дар ҷараёни интихобот хотирбинӣ намекунанд

Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ ба ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон дахолат нахоҳанд кард.

11 октябр 2013, 11:48

(ВИДЕО) Бобоназарова: “Ба ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст”

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, то имрӯз 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намудааст.

10 октябр 2013, 15:21

Танҳо Бобоназарова монд. Ғаффоров, Талбаков ва Исмонов ҳам сабтином шуданд

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 10-уми октябр номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократ, коммунист ва сотсиалистиро сабтином кард.

10 октябр 2013, 11:53

“Гранд Отел” ҳам аз Раҳматилло Зоиров “рӯ гардонд”

Масъулони “Гранд Отел”, яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи Душанбе, ки қаблан барои баргузории Анҷумани сотсиал-демократҳо ризоият дода буданд, “аз қавлашон гаштаанд”.

9 октябр 2013, 12:44

ВИДЕО: КМИР номзадии Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кард

Комиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) бо аризаи шахсии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон, ӯро ҳамчун номзад ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 сабт кардааст.

7 октябр 2013, 09:07

Изҳороти устодони Донишгоҳ ба ҷонибдории Раҳмону ба муқобили Зоиров

Ҳуқуқшиносони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, изҳороти Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ-ро, ки ахиран пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълиро дар интихоботи соли 2013 шикасти Сарқонун гуфт, беасос хонданд.

6 октябр 2013, 15:16

Ҳимояти ҷанговарон аз номзадии Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр

Шӯрои Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз мардуми кишвар хостааст дар интихоботи президентии моҳи ноябр ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури феълӣ овоз диҳанд.

4 октябр 2013, 16:16

Хоҳиш ва талаби Раҳматилло Зоиров аз Эмомалӣ Раҳмон

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва роҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, 4-уми октябр бо пахши як изҳорот пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ “инкор ва шикасти Сарқонун” номид.

4 октябр 2013, 11:51

Толиббек Бухориев: “Таҳлилгарон намедонанд, ки ман кистам” (ВИДЕО)

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Толиббек Бухориев -- муовини раҳбари Ҳизби аграрӣ (ҲАТ) ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон.

4 октябр 2013, 09:55

ҲХДТ Раҳмонро боз номзади худ интихоб кард

Ҳудуди ҳазор вакили Анҷумани 11-уми Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки рӯзи чоруми октябр дар Филармонияи давлатӣ баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари ҳизбро ба унвони номзади худ интихоб карданд.

3 октябр 2013, 14:24

Ҷамъоварии 110 000 имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова

Ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, 110 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст.

30 сентябр 2013, 15:32

Нозирон меоянд... То интихоботи президентӣ 37 рӯз монд

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, базудӣ нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) барои назорати фазои пешазинтихоботӣ ва баъд аз он вориди Тоҷикистон мешаванд.

30 сентябр 2013, 08:58

Зоиров Анҷумани ҳизбашро то 12 октябр ба таъхир гузошт

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Анҷумани пешазинтихоботияшро, ки бояд шеваи иштироки ин ҳизб дар интихоботи шашуми ноябрро мушаххас мекард, то 12-уми октябр ба таъхир гузоштааст.

28 сентябр 2013, 16:27

Назриев, “Ватандор” ва “Гурӯҳи 24” ба ситоди Бобоназарова пайвастаанд

Мирҳусейн Назриев, раҳбари як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалист, Ҷунбиши сиёсии "Ватандор" ва созмони сиёсии "Гуруҳи 24" гуфтаанд, аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ мекунанд.

28 сентябр 2013, 10:40

Аз интихобот то интихобот: Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар ваъдае, ки барои беҳбудии кишвар ва мардум имкон дошт, ки садо бидиҳад, то ба имруз Эмомалӣ Раҳмон онро барои мардум додааст.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!