Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 22:10
16 декабр 2016, 09:47

Қатли 4-ум: Собиқ раиси тоҷикон дар Магнитогорскро паронданд (АКС)

Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқи қатли Маҳмудов Асадулло Авғонович, собиқ раиси ҷамъияти тоҷикони Магнитогорскро оғоз кардааст, ки рӯзи 15-уми декабр дар ин шаҳр дар назди хонааш паронда шудааст.

15 декабр 2016, 08:44

Зодаи Тоҷикистон мири шаҳри Белокуриха шуд

Як зодаи Тоҷикистон барои панҷ сол дар курсии раиси шаҳри Белокурихаи минтақаи Алтайи Русия такя мезанад.

14 декабр 2016, 16:18

Матвиенко: ВКД барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағ надорад

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, Вазорати умури дохилии ин кишвар барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағ надорад.

13 декабр 2016, 12:51

Плитаи бетонӣ болои муҳоҷири тоҷик афтидаст

Муҳоҷири 47-солаи тоҷик ҳангоми кор дар яке аз сохтмонҳои шахсӣ дар Русия ба ҳалокат расидааст.

10 декабр 2016, 11:18

Перм: Интиқоли парвандаи се зодаи Тоҷикистон ба додгоҳ

Парвандаи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар куштори Юрий Чубаев, яке аз муассисони ширкати мудофиавии “Кираса”-и шаҳри Перм гумонбар мешаванд, ба додгоҳ рафтааст.

25 ноябр 2016, 09:48

Таъкиди Зуҳуров ба бисёр ҳассос ва масъалаи муҳим будани муҳоҷирати меҳнатӣ

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатиро “муҳимтарин масъала ва бисёр ҳассос” барои Душанбе ва Маскав хондааст. Шукурҷон Зуҳуров ин нуктаро 24 ноябр дар мулоқот бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор доштааст.

23 ноябр 2016, 15:37

Фарзия: Ҷавони тоҷик дар Русия худро аз бекорӣ овехтааст

Як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар ноҳияи Гатчини вилояти Ленингради Русия худро овехтааст.

23 ноябр 2016, 08:43

Талаби Тоҷикистон барои муҷозоти омилони сӯхтори пурқурбонӣ дар Русия

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар як ёддошт аз ҷониби Русия талаб кардааст, ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Тюмен, ки сабаби ҳалокати ҳафт муҳоҷири тоҷик шуд, воқеъбинона таҳқиқ ва гунаҳкорон муҷозот шаванд.

19 ноябр 2016, 16:03

Зарба бо “скалпел” ба сари муҳоҷири тоҷик дар метрои Маскав

Денис.С, шаҳрванди 28-солаи Русия дар метрои Маскав бо “скалпел” сари Шермадзода Х., шаҳрванди Тоҷикистонро шикоф кардааст.

17 ноябр 2016, 16:02

Қасди Олмон барои ихроҷи беш 12 ҳазор муҳоҷири афғон

Ҳукумати Олмон гуфтааст, вазъияти амниятӣ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон таъмин аст ва ба ин хотир дар назар аст 12 ҳазору 539 паноҳҷӯи афғон ба кишварашон баргарданд.

11 ноябр 2016, 15:14

Додгоҳ никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон ва зани русро тақаллубӣ гуфтааст

Додгоҳе дар Магнитогорски вилояти Челябинск ақди никоҳи як сокини маҳаллӣ ва шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кардааст.

10 ноябр 2016, 15:13

Таҳдиди 5 соли зиндон ба зани рус барои шавҳари тоҷикаш

Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Кемерово гуфтааст, дар ҷараёни як рейд аз манзили ин зан шаҳрванди депортшудаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд.

3 ноябр 2016, 17:06

Зайончковская: Бисёр муҳим аст, ки тоҷиконро натарсонем...

Рӯзномаи лаҳистонии “Rzeczpospolita” навиштааст, баъди 30 сол чиниҳо метавонанд дуввумин халқияти Русия бошанд ва он гоҳ ин кишвар аз муҳоҷирони тоҷик ва узбак бо дилтангӣ ёд мекунанд.

1 ноябр 2016, 17:03

Аз як сол то як солу як моҳ. Ҳукми 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳи Исилкули вилояти Омск панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро дар убури ғайриқонунии марзи Русия муҷрим шинохта равонаи зиндон кардааст.

27 октябр 2016, 09:43

3 мурғ ва 13 кабутари Тоҷикистонро ба Русия роҳ надоданд

Намояндагони “Росселхознадзор” дар фурудгоҳи “Домодедово” 3 мурғ ва 13 кабутарро аз Тоҷикистон ба Русия роҳ надоданд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!