Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 11:59
4 феврал 2015, 16:46

Даъвои устоди Президент ва 10 наҳзатии дигар ба додгоҳи Данғара

Хол Камолов, устоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки ба далели “ҳусни хати зебо надоштан” номзадияшро ба қайд нагирифтанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

3 феврал 2015, 17:56

Раиси ҲНИТ дар бораи занони "исёнгар" ва мусибат будани рақиби номард

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба занони “исёнгар”, ки талоши ворид шудан ба ҷаласаи ин ҳизбро доштанд, посух гуфта, онро кори рақибони “хору залил”-и ҳизбаш донистааст.

3 феврал 2015, 15:21

Ҳушдори Шабдолов тариқи TV: Ҳамаро аз даст медиҳем

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон зимни суханронии пешазинтихоботиаш аз тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гуфт, бозори дохилиро ҳимоя карда натавонистем ва дар пайи таъсири омилҳои берунӣ иқтисоди кишвар дучори буҳрони шадид шудааст.

2 феврал 2015, 18:42

КМИР 9 номзади ҲСДТ-ро сабти ном накард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз 22 номзади пешниҳоднамудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагон 13 нафарашро ба қайд гирифтааст.

2 феврал 2015, 11:57

Шабакаи аввал 40 дақиқа вақти худро дар ихтиёри Кабирӣ мегузорад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавассути Шабакаи аввали телевизиони давлатии кишвар барномаи интихоботии ҳизбашро муаррифӣ хоҳад кард.

28 январ 2015, 08:55

Зоиров ба КМИР: Номзадҳоро бе чуну чаро сабт кунед

Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хоҳиш кардааст, номзадҳояшро “бе чуну чаро” ба қайд бигирад.

27 январ 2015, 08:31

Анвар Ҷалилов: Бидуни раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам ҲХДТ рақобатпазир аст (САДО)

Анвар Ҷалилов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, дар сурати аз раҳбарии ҳизб канор рафтани Эмомалӣ Раҳмон низ ин ташкилоти сиёсӣ дар рақобатҳои сиёсӣ пешгом хоҳад буд.

26 январ 2015, 16:08

Насиҳати ҲНИТ ба Абдулқодирзода ва худдорӣ аз муроҷиат ба додгоҳ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аз болои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон барои суханҳои беасосу ғайриқонунӣ дар бораи ин ҳизб ба додгоҳ шикоят нахоҳад бурд.

26 январ 2015, 09:46

Шикояти наҳзатиҳои Ашт аз фишору таҳдидҳои тоқатфарсо ба Эмомалӣ Раҳмон

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо навиштани як нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз фишору таҳдид болои худ дар арафаи интихоботи парлумонӣ шикоят бурдааст.

23 январ 2015, 10:37

Раҷаби Мирзо: Умуман фазои интихоботиро намебинам

Озодагон” аз се соҳибназари тоҷик пурсид: Истифодаи динро дар тарғиботи интихоботӣ эҳсос мекунед?

22 январ 2015, 16:26

КМИР 9 номзади ҲНИТ ва ҲКТ-ро ба қайд нагирифт

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз 22 январ расман номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби комунистии кишварро ба қайд гирифт.

21 январ 2015, 15:03

КМИР: Номзадҳои ҲХДТ ва ҲАТ доғи судӣ надоранд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ расман номзадҳо аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистонро ба қайд гирифт.

21 январ 2015, 11:17

ҲСДТ бо нишони эътироз аз интихобот даст кашид

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо нишони эътироз ба ҳукми Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ин ҳизб аз иштирок дар маъракаи интихоботии 2015 даст кашидааст.

20 январ 2015, 12:34

Ҳарасти: Мо барои дахолат ба интихоботи Тоҷикистон наомадаем

Имрӯз 20 уми январ Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари (БДИПЧ) Созмони амият ва ҳамкории Аврупо расман Ҳайати нозирони Интихоботро зимни як нишасти матбуотӣ муаррифӣ намуд.

14 январ 2015, 15:54

Рақобати шаҳрдори Панҷакент бо наҳзатии 72-сола барои курсӣ дар парлумон

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким дар кишвар аз пешбарии номзадии Хусрав Абдуназар, раиси шаҳри Панҷакент ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон хабар медиҳад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!