Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 12:09
24 май 2016, 16:34

Чаро IRS ду нуқтаи нави пулҷамъкунӣ месозад? (АКС)

Ширкати роҳбонии IRS дар қисмати роҳи Душанбе-ағбаи Анзоб ду гузаргоҳи нави ҷамъоварии маблағ аз ронандаҳоро бунёд карда истодааст.

24 май 2016, 15:05

"Корвони тиҷоратии Покистон" ба Душанбе расид (АКС)

Намоишгоҳи Корвони тиҷоратии Покистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ кард.

23 май 2016, 14:37

Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)

Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазири Русия дар умури саноати ҳарбӣ, ки дар Ватанаш “миллатгарои дарборӣ” тахаллус гирифтааст, аксҳои пазироияш дар Душанбе ва манзараи пойтахти Тоҷикистон аз тирезаи меҳмонхонаи “Ҳайат”-ро дар шабакаи Твиттер нашр кардааст.

19 май 2016, 16:30

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Гуруҳи 30 нафарии ҷавонон ва занҳое, ки ба гуфтаашон наздиконашон дар амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудаанд, баъди зуҳри имрӯз 19 май бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро талаб карданд.

18 май 2016, 15:11

Табибон вазъи як муҳоҷири тирхӯрда дар Хованскоеро вазнин мегӯянд (АКС)

Вазъи як муҳоҷири захмишуда дар занозании қабристони Хованскоеи Маскав вазнин арзёбӣ мешавад.

18 май 2016, 10:47

Икромӣ: Афғонҳо барои шикори бузҳои куҳӣ аз марз мегузаранд (АКСУ ВИДЕО)

Соли 2015 беш аз 100 шаҳрванди Афғонистон марзи Тоҷикистонро дар минтақаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) бо қасди шикори нахчири пармашох ва морхӯр убур кардаанд.

16 май 2016, 16:39

Тасвири журналисти тоҷик аз фавти муҳоҷирон дар моҷарои қабристони Хованское

Неъматулло Акбаров, журналисти тоҷик муноқишаи гуруҳӣ дар қабристони Хованскоеи Маскавро дар аксе тасвир кардааст. Муаллиф ин аксро “Ҷангҳои муҳоҷирӣ бо дандон кунем...” ном гузоштааст.

16 май 2016, 11:42

АКС: Темурмалик ба ҷойи таҳкурсии Сомонӣ

Дар яке аз мавзеъҳои баландтарини маркази маъмурии вилояти Суғд -- шаҳри Хуҷанд, ба ҷойи таҳкурсии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик -- Темурмалик насб мешавад.

14 май 2016, 16:50

Вазир: Рафтуомад ба ВМКБ имрӯз пурра барқарор мешавад (АКС)

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки феълан дар минтақаи тахрибшудаи роҳи Душанбе-Хоруғ, дар Гулдараи ноҳияи Дарвоз қарор дорад, ба “Озодагон” гуфт, ки рафтуомад ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то шоми имрӯз, 14 май пурра барқарор мешавад.

13 май 2016, 10:25

Роҳи Хуҷандро барои роҳпаймоии ҷавонон бастанд (АКС)

Аз субҳи имрӯз, 13 май роҳи марказии шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд баста аст.

12 май 2016, 14:37

Гузориши аксӣ аз насби нахустин пояи CASA-1000 (АКС)

Роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳа бо калидҳо мурватҳоро ба такягоҳи оҳанӣ, рамзи ифтитоҳи лоиҳаи CASA-1000, тоб доданд.

11 май 2016, 15:47

Президент ҷоизаҳо барои ҳукуматдорҳои беҳтаринро тасдиқ кард (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ангораи шоҳҷоизаҳоро, ки шахсан ба ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ месупорад, тасдиқ кардааст.

11 май 2016, 10:58

Gallup: 8%-и тоҷикистониён ҷонибдори таҳримҳои зидди Русияанд (АКС)

Пажуҳишгоҳи байналмилалии омӯзиши афкори омма Gallup миёни сокинони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои шарқию ҷанубӣ дар мавриди таҳримҳои зидди Русия назарпурсӣ гузарондааст.

10 май 2016, 12:15

Борону сел дар Панҷакент ҳам қурбонӣ доштааст (АКСУ ВИДЕО)

Дар пайи борону сели рӯзи душанбеи 9 май дар шаҳри Панҷакент як сокини 56-солаи рӯстои Шӯрча ба ҳалокат расидааст.

6 май 2016, 08:42

Кишварҳои ИДМ-ро кӣ раҳбарӣ мекунад ва аз кай? (ИНФОГРАФИКА)

Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, ки шиораш “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед” буд, кишварҳои аъзои он яке пайи дигар худро мустақил эълон карданд. 8 декабри соли 1991 баъзе аз ин кишварҳо зери созмони дигаре ҷамъ шуданд, ки номи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ)-ро гирифт. Бархе кишварҳои узви созмонро давоми 25 соли мавҷудияти он як нафар роҳбарӣ мекунад. Дар ИНФОГРАФИКАИ зер шумо хоҳед дид, ки дар курсии №1-и давлатҳои ИДМ киҳо такя задаанд ва аз кай?


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!