Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 22:15
26 апрел 2016, 08:41

Омори худкушӣ дар Тоҷикистон (ИНФОГРАФИКА)

Дар соли 2015 дар қаламрави Тоҷикистон 692 нафар ба ҷони худ қасд карда, 520 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Миёни онҳое, ки худкушӣ кардаанд, 367 мард, 325 зан ва 126 ноболиғ будааст. Омори ҳолатҳои худкушӣ дар Тоҷикистон ва авоқиби он дар солҳои 2014-2015-ро дар Инфографикаи зер бубинед.

25 апрел 2016, 10:13

АКС: Дар Душанбе бори чорум мошинҳои қадимиро ба намоиш гузоштанд

Якшанбеи 24 апрел дар шаҳри Душанбе чорумин намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ баргузор шуд.

19 апрел 2016, 13:30

АКС: Сокинони як бинои кӯчаи Айнӣ баъди заминларза манзилҳояшонро тарк кардаанд

Бештари бошандагони як бинои истиқоматии Душанбе, воқеъ дар назди гардиши Фурудгоҳ бо далели кафидани деворҳояш онро тарк кардаанд.

18 апрел 2016, 09:28

АКС: Намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Душанбе

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон ба кори худ шурӯъ кард.

16 апрел 2016, 12:14

Пирӯзии хориҷиҳо дар дави Душанбе: 252 ҳазор ҷоизапулии Убайдуллоев берун рафт...(АКСУ ВИДЕО)

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе миёни мардон бо ғолибияти Кибого Вилсон, варзишгари кениягӣ ва миёни занон бо пирӯзии Даря Маслова варзишгари қирғизистонӣ ба анҷом расид.

14 апрел 2016, 17:41

АКСУ ВИДЕО: Дидори “The Exchange” бо тарбиятгирандаҳои мактаб-интернати Ҳисор

Гуруҳи амрикоии “The Exchange” имрӯз, 14 апрел ба манзури мулоқот бо тарбиятгирандаҳои хона-интернати кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ноҳияи Ҳисор рафт.

14 апрел 2016, 08:30

Хушхабар: Сумайя волидонашро пайдо кард (АКСУ ВИДЕО)

Сумайяи тақрибан 3-3,5-сола, ки аз рӯзи 12 апрел интизори волидонаш буд, ба дидори онҳо расид.

12 апрел 2016, 10:44

Раиси ноҳияи Шоҳмансур: Институти лоиҳакашӣ сабабҳои ҷамъшавии оби зери пулро муайян мекунад (АКСУ ВИДЕО)

Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мегӯяд, кормандони Институти лоиҳакашӣ сабабҳои ҷамъшавии оби зери пули маъруф ба гардиши фурудгоҳро муайян месозанд.

9 апрел 2016, 11:16

Харҷи якмоҳаи як омӯзгор чанд аст? (ИНФОГРАФИКА)

Дар Тоҷикистон бо маоши муаллим чӣ гуна мешавад зиндагӣ кард? Мо барои қиёс муаллимеро интихоб кардем, ки дар шаҳри Душанбе иқомат дошта, моҳона 600 сомонӣ ҳақмузд мегирад. Ин оила аз чор нафар – худи омӯзгор, ҳамсар ва ду фарзандаш иборат аст. Ба ҳисоби мо танҳо барои пардохти ҳаққи истифодаи барқу об, роҳкиро ва харидории маводи ғизоӣ 556,50 сомонии ӯ харҷ мешавад...

9 апрел 2016, 09:44

Чаро парчами бузурги Тоҷикистонро поин оварданд? (АКС)

Парчами бузургтарини Тоҷикистон, ки бо миллаи 165 метриаш ба китоби рекордҳои Гиннес роҳ ёфт, поин оварда шудааст.

7 апрел 2016, 14:41

Нишони тиллои курсанти Академияи ВКД дар Лаҳистон (АКС)

Се варзишгари тоҷик аз мусобиқоти ҷаҳон оид ба “Карате-до”-и Лаҳистон бо нишонҳои тиллову нуқра баргаштаанд.

30 март 2016, 14:02

Дастури Э.Раҳмон барои камхарҷ кардани ҷашнҳои давлатӣ ва омодагӣ ба зимистон (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30 март дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи омодагӣ ба зимистони оянда, камхарҷ гузарондани ҷашну чорабиниҳои давлатӣ ва бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияи Рӯшонро ба миён гузоштааст.

26 март 2016, 12:03

Оғози Карнавали наврӯзӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд (АКС)

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд, имрӯз, 26 март пас аз омодагиҳои чандмоҳа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Карнавали наврӯзӣ оғоз шуд.

19 март 2016, 11:43

АКС: Миллион лолаи ҳолландӣ дар Душанбе

Дар Душанбе миллион лолаи рангоранги ҳолландӣ нишондаанд. Ин лолаҳо бо амри шаҳрдорӣ дар боғ, канори роҳу хиёбонҳои маркази пойтахт нишонда шудаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!