Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 12:00
21 май 2016, 10:57

Рогозин: Низоми раводид равобити Русияву Тоҷикистонро халалдор мекунад

Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия гуфтааст, ҷорӣ кардани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Русия барои кишвараш лозим нест.

21 май 2016, 08:54

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷалби одамон ба ДИИШ

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҷалби одамон ба сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дастгир кардаанд.

20 май 2016, 12:02

ВАО: Ҳамлагарон ба муҳоҷирони тоҷик дар Хованское варзишгарон будаанд

Тафтишот маълум карда, ки нафарони калидӣ дар занозании маргбори қабристони Хованскоеи Маскав самбочиён будаанд.

19 май 2016, 17:40

Ҳабси думоҳаи мудири қабристон, муттаҳам дар ташкили ҳамла ба тоҷикон

Додгоҳи Пресненскийи Маскав имрӯз, 19-уми май қарор кард, ки Юрий Чабуев, раҳбари қабристони “Хованское” барои ду моҳ, то 14-уми июл ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад.

19 май 2016, 15:59

Даъвати ҳомиёни ҳуқуқ барои ёрӣ ба тоҷики аз ғуломӣ раҳошуда

Ҳомиёни ҳуқуқи башари шаҳри Мурманск барои ба Тоҷикистон фиристодани Аҳмад Маҳмадов, як муҳоҷири тоҷик, ки ахиран аз ғуломӣ раҳо ёфт, кумак мехоҳанд.

19 май 2016, 11:44

“Новая газета”: Раванди тафтишоти қазияи Умаралӣ Назаров ғайриқонунӣ эълом шудааст

Нашрияи “Новая газета” мегӯяд, Додгоҳи ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург раванди тафтишоти қазияи Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи тоҷикро, ки ба таври мармуз фавтид, ғайриқонунӣ эълом кардааст.

18 май 2016, 15:11

Табибон вазъи як муҳоҷири тирхӯрда дар Хованскоеро вазнин мегӯянд (АКС)

Вазъи як муҳоҷири захмишуда дар занозании қабристони Хованскоеи Маскав вазнин арзёбӣ мешавад.

18 май 2016, 11:01

Нашри феҳрасти муҳоҷирони фавтидаи тоҷик дар Русия

Ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” ному насаби 169 шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз моҳи декабри соли 2014 то июли соли 2015 дар Русия ба ҳалокат расидаанд, нашр кардааст.

18 май 2016, 07:20

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо дар Хованское (АКСУ ВИДЕО)

Субҳи имрӯз, 18 май ҷасадаи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи як занозанӣ дар қабристони Хованскоеи Маскав кушта шуданд, ба Душанбе расид.

17 май 2016, 17:17

Ҳабси 12 русу чечен барои ҳамлаи хунин ба тоҷикон дар Хованское

Додгоҳи ноҳияи Пресненскийи Маскав имрӯз, 17 май боз се муттаҳами дигар дар ҳамлаи хунин ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони Хованскоеро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

17 май 2016, 09:18

Қазияи қабристони Хованское: Боздошти корманди пешини пулис ва ҳуқуқшиноси судшуда

Додгоҳи ноҳияи Пресненскийи Маскав дар робита ба қазияи занозанӣ дар қабристони Хованское 9 нафарро боздошт кардааст. Миёни боздоштшудаҳо Никита Мошенко, корманди собиқи пулиси Маскав низ ҳаст.

17 май 2016, 09:06

Ихроҷи 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия

Давоми як ҳафтаи ахир танҳо аз вилояти Самараи Русия шаш табааи Тоҷикистон депорт шудаанд.

17 май 2016, 08:16

Русия: Духтари 13-сола аз Тоҷикистон худро овехтааст

Раёсати тафтишотии вилояти Тула аз худкушии як духтари 13-сола, шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.

16 май 2016, 15:04

Бабченко: Барои тоҷиконе, ки роҳзанҳои мусаллаҳро пас гардонданд, қарсак мезанам

Аркадий Бабченко, блогнавис ва рӯзноманигори маъруфи Русия муноқишаи маргбори қабристони Хаканскоеро муқовимати коргарон бо авбошон унвон карда, изҳор доштааст, ки барои тоҷиконе, ки бо бел алайҳи роҳзанҳои мусаллаҳ бархостаанд, қарсак мезанад.

16 май 2016, 12:35

“Разбор”-и маргбор: Аз дахолати Э.Раҳмон то эълони номи саркарда (ВИДЕО)

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия Лечий Яҳёев, зодаи 42-солаи Чеченистонро саркардаи муноқишаи маргбори қабристони Хованское дониста, мавриди пайгард қарор додаанд.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!