Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 22:09
Имрӯз, 18:19

Барканории Обид Назаров аз мақоми муовини вазир

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ бо имзои қарори ҳукумат Обид Назаровро аз мақоми муовини вазири фарҳанг барканор кард.

Имрӯз, 17:42

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба мардуми Қирғизистон: 17 январ мотам эълон шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 16-уми январ бо ирсоли барқияи тасаллият ба ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев ва мардуми Қирғизистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Имрӯз, 17:13

Раиси Додгоҳи олӣ: Баъзе ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим аз маҳбас озод шуданд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз раҳоии бархе ҷонибдорони Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, ки сентябри соли 2015 кушта шуд, хабар дод.

Имрӯз, 15:32

Шоҳиён: Ба ҳукми қатл айни ҳол зарурат нест

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, барои татбиқи ҳукми қатл дар кишвар зарурате намебинад.

Имрӯз, 15:27

Бунёди Маркази миллии Оши палав дар шимоли Тоҷикистон

Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд Маркази миллии Оши палав бунёд хоҳад шуд. Ин маркази дуошёна дар маҳаллаи 20-уми шаҳр, назди масҷиди “Нури Ислом” сохта мешавад.

Имрӯз, 15:03

Раиси Суди Олӣ: Парвандаи Ёров ва Зайд Саидов сиёсӣ нест

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи соҳибкор Зайд Саидов ва адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, сиёсӣ нест.

Имрӯз, 14:34

Алимардон ба додани пули мардум оғоз кард

“Агроинвестбонк” бонки таҳти идораи Муродалӣ Алимардон имрӯз, 16-уми январ аз оғози додани пули нақд ба мизоҷон хабар дод.

Имрӯз, 14:20

Ҳафтаи хатарнок: Ҳушдори Кумита аз қатъи алоқа, барқ ва садама...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 17 то 25-уми январ кишварро боду ҳавои хатарнок фаро хоҳад гирифт.

Имрӯз, 12:38

Одиназода: Гирандаҳои нафақаи зиёд кам шудаанд

Теъдоди афроде, ки нафақаи зиёд мегиранд аз нуҳ ба ҳафт нафар расидааст. Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон имрӯз, 16 январ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ду корманди бонк, ки нафақаи зиёд мегирифтанд, соли сипаришуда фавтиданд.

Имрӯз, 12:32

Раҳимӣ: Тариқи ҷашнҳо ҳушдор медиҳем, ки мардуми кӯчӣ нестем

Фарҳод Раҳимӣ изҳороти порлумонии Зикриё Акрамиро назари шахсии ӯ унвон кард ва гуфт, ки нуқтаназари ӯ дар ҳеч сурат мавқеи Академияи улум нест.

Имрӯз, 12:19

Хайрулло Саидзода ҷои Рустами Эмомалиро мегирад?

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, Хайрулло Саидзода раиси нави Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин мешавад.

Имрӯз, 11:03

Барканории хеши Убайдуллоев: Тағйироти нави кадрӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини шаҳри Душанбе Сайҳомид Маҳмудов, аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми раҳбарии “МБТИ”барканор кардааст.

Имрӯз, 10:35

Сафири Амрико дар Душанбе: Озодии динӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, субот ва пешравӣ омили калидӣ мебошад

Сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон озодии диниро яке аз ормонҳои арзишманди Амрико ва меъёри марказии демократия унвон кардааст. Элизабет Миллард ин нуктаро дар матлабе бахшида ба Рӯзи озодии динӣ, ки 16 январ таҷлил мешавад, таъкид намудааст.

Имрӯз, 10:13

Туҳмату “подстава”-и тоҷикон ҳамчун “террорист”: Касе узр напурсид (АКС)

Се муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки охири моҳи гузашта дар шабакаҳои федеролии Русия ҳамчун террорист муаррифӣ ва намоиш дода шуданд, изҳор медоранд, ки боздошти онҳо саҳнасозӣ буд.

Имрӯз, 10:05

Баъди муноқиша бо дӯстписар: Зан худро овехтааст...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ хабар медиҳад.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!