Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 03:58

ВИДЕО: Масъули Хадамоти алоқа дар бораи дастури сайтбандиҳо

30 июл 2015, 15:32

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, дастури бастани сомонаҳои интернетиро надодааст.

Алибек Бекназаров, сардори департаменти иттилоотонии Хадамот имрӯз, 30 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, онҳо ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет барои масдуд кардани торнамоҳо дастуре надодаанд.

Оқои Бекназаров афзуд, вақте ширкатҳои мобилӣ ё фароҳамкунандаи интернет мегӯянд, бо дастури Хадамоти алоқа торнамоҳоро масдуд ё дастнорас кардаанд, аз онҳо нусхаи ин дастурро талаб кунед. Ӯ дар идома гуфт: “Кӣ, кай дар куҷо супориш додааст? Ба кадом ширкат Хадамоти алоқа супориш додааст, ба кадом тариқ - хаттӣ ё шифоҳӣ? Ба ҳамон ширкате, ки шумо аз интернеташ истифода мебаред, муроҷиат кунед, то ба шумо ҳамон дастурро бидиҳад”.

ВИДЕОИ суҳбати масъули Хадамоти алоқа дар бораи дастури сайтбандиҳо

Масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пайваста иттифоқ меафтад ва бархе ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет мегӯянд, ин кор бо дастури Хадамоти алоқа сурат гирифтааст. Константин Колесов, директори генералии ширкати мобилии “Билайн” дар Тоҷикистон моҳи июн зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт, бо дастур аз “боло” сомонаҳоро дастнорас мекунанд: “Мо ҷонибдори шаффоф ва дастрас будани сомонаҳои интеренетӣ ҳастем, аммо амр мешаваду мо мебандем. Ба мо шарҳ намедиҳанд, ки барои чӣ бояд баста шаванд, мо намедонем”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!