Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 22:18

Стратегҳои Президент: Озодии баёну гуногунандешӣ хатар дорад

9 январ 2017, 10:13

Раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон озодии баён ва гуногунандешии аз ҳад зиёдро хатарзо хонданд.

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ имрӯз, 9-уми январ ба суоли “Озодагон” дар бораи озодии баёну фаъолияти расонаҳои мустақил гуфт, Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён дар минтақаи Осиёи Миёна аз ҳама пешрафта мебошад. Ӯ далели қатъи фаъолияти бархе аз расонаҳои мустақилро тоб наовардан ба рақобати иқтисодӣ гуфт.

Раиси МТС инчунин афзуд, ки баъзе аз фаъолоиятҳои ғаразолуди расонаҳо нисбат ба давлат ва сардори давлат ва ҳамчунин дар зеҳнҳо эҷод кардани демократиябозӣ хуб нест. Ӯ бо зикри баҳои қимати сулҳ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки гуногунандешии аз ҳад зиёд метавонад ҳифзи сулҳро мушкил кунад. Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар ҷангҳо дар Ховари миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар задаанд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси МТС дар ин робита гуфт, дар кишварҳое, ки чандон устувор нестанд ва дар ҳоли гузариш қарор доранд, озодии баёни аз ҳад зиёд хатар дорад ва ба рушди кишварҳо халал мерасонад.

Ин шарҳи стратегҳои назди Президент дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шохиси озодии баён дар соли 2016 бо гирифтани мақоми 150-ум 34 зина поин омад.

Охири соли гузашта Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо пахши як изҳороти муштарак иттилоъ доданд, ки дар як сол 4 расона - “Вечерний Душанбе, “Дам”, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд ва чанд нашрияи дигар дар вазъияти мушобеҳ қарор дорад: “Беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Чунин вазъият нишондиҳандаи набуди шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди плюралистӣ буда, нигаронии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳоро ба бор овардааст. Мушкили расонаҳо ин аст, ки баъзан манофеи хусусӣ, гуруҳӣ ва идорӣ бар манофеъи умум ҳоким мешаванд. Мо боварии комил дорем, ки расонаҳои чандгунаӣ барои фароҳам овардани минбар ба тамоми қишри ҷомеа ва ба густариш додани плюрализм мусоидат мекунанд”.

Дар изҳорот ҳамчунин таъкид шудааст: “Моддаи 30-юми Қонуни асосӣ озодии баён, матбуот ва ҳаққи истифода бурдани расонаҳоро барои ҳар кас кафолат медиҳад. Озодии баён барои он муҳим аст, ки ин озодӣ барои амалӣ шудани ҳуқуқи дигари конститутсионии шахс зарур аст”.

Ба ин тартиб дар поёни изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудааст, уҳдадориҳои худро дар таъмини ҳуқуқи инсон дар доираи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва меъёрҳои конститутсионӣ иҷро кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодии баён хатар дорад?О бародар аз хамду сано хонихову афсонахои шумо хаста шудаем.Бовар кунед тв-и точикро мондам чизе нафасамро гулугир мекунад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин суханонро ягон рохгузари тасодуфи мегуфт ,хеч гап не..
Наход дар чунин макомотхо адои вазифа карда боз гуед "Озоди баён хатарзост" бо андешаи шумо мардум бояд пинхонкориву дуздиро пеш гиранд дар хаёти харрузаашон бо кучо равонем?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана стратегу мана стратег. Илтимос, гапхои ин "Стратегхо"ро ба ягон забони дигар тарчума накунед, ки дуне моро хандариш месозад. Агар плюрализм хатар медошт, Амрикову Аврупо ба ин дарача пешрафт мекарданд? Хай хай, мо кучо равонем бо чунин кадрхои сатхи боло?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чунин кадрхоро ба нафака гусел кардан даркор. Айби вайхо нест, шахшудаанд. Чавонхое ки дар хорич тахсил кардаанду аз равандъои муосири пешрафт бархурдоранд, ба кор чалб карда шаванд. Худобердиву Сайфулло , рафта дар чойхона чои кабуд нушида истирохат кунанд, бехтар.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони азиз! Дустатон медорам.Лекин аз хамон журналисти хушкалам пурсед,ки ман чи гуфтам. Дар мо сабти он хаст. Ман гуфтам,ки дар Афгонистон ба акидаи коршиносони мо озодии баён ба чомеа хатар дорад, вале ба кишвархои пешрафта фоида. Дар кишваре,ки орому осуда аст,мардум чойи кори ва шиками сер доранд, бо Хукумат хамкори мекунанд,накшахои хукуматро дастгири мекунанд дар он чойхо озодии сухан омили пешрафт ва баровардани буги ичтимои мебошад. Вале дар кишвархои кафомонда,ноустувор ,дучори чангу зиддиятхои мазхаби он ба омили хатарзойи дар мукобили амният ва сулху субот хохад буд.Баред ин андешаро дар кадом сатхе,бо касе,ки мехохед бахс кунед,бинед ки рози мешавад ё не.Лекин сатхи фахмиши журналисони мо ,ки паст аст онхо аз як фил ё думашро дида чоруб хаёл мекунанд,ё хартумашро ба шланги оташхомушкуни.
Дар масъалаи чойи кабуд нушидан мо хеч проблема надорем.Агар аклакхо хам,ки боакл шуда бошанд мо интизори онхо,ки биёянду ба ватанашон чун мо хар руз 12-14 соат хизмат кунанд. Шахсан ман чунин орзу дорам, ки чунин шахсонро бубинам.Дар Марказ шогирдону хамкасбоне дорем,ки чунинанд. Шояд дар берун хам бошанд шахсоне,ки бо маоши чавонони мо кор кардан мехоханд. Биёянд акаллан дар як сахифа барои мо як пешниходро асоснок кунанд мо бо чону дил онхоро ба кор мегирем. Лекин аз 10-20 нафар 1 нафари аз хама босаводашро,забондонашро,ватандусташро. Ин чо чойи харзагуёну фантастхо нест.

Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хакикатро гуем, мо хуб медонем, ки аксари чавонон дониши хубу казои надоранд. Холо он ки такдири Точикистонро ба дасти онхо супоридан хавфро пеш меорад. Мутааасифона аз хакикат рохи гурез нест. Хуб аст, ки калонсолон каму беш мондаанду дониши шурави,( яъне дар шурави инсонхо дар хакикат ба дониш ру оварда буданд) доранд ва то ин дам акалан дар сулхро нигох медоранду якпорчагии Точикистонро. Хар фикре дар саратон омад гуфтан нагиред, бо ояндаи Точикистон ва миллати худамон биеед бози накунем. Ин андеша накарданхо низ аз бедониши аст. Ва шояд ингуна аншеа карданхоро дар назар доранд ин стратегхо. Казоват кунед.

Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сад фоиз рост мегуяд хама чиз бисер шавад зарар дорад хакикат хам бо нохаки зебо АСТ шафтолуи гапро гуфт
Посух додан
  • Хоркаш

  • 9 январ 2017 15:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ге ге гали гали!!!
Приехали!
Журналистхои мухтарам, як бор напурсидед Сафаровро ки меъёру хачми озодии баён чанд аст ва бо чи онхо ченаш мекунанд?!
Посух додан
  • Хоркаш

  • 9 январ 2017 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба шахрванд,
То бесавод будани чавонон аклат расид, чаро дар бораи решахои бесаводии чавонон фикр накардаи?!
Ин далели овардагетон ба ягон рамкаи аклу фахм намегунчад. Ё аз хаммаслакхои ин ду вундеркинд хастетон ё чавони чоплусхун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хоркаш, Шумо Сафаровро намешиноседу тухмат мекунед, ки у "ченак"хоро медонад. Агар У барои худаш кор мекард на барои Ватан, то имруз акалан сохиби як мошин мешуду пиёда намерафт. Ин чи беандешаги?!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
озодии баён, терроризм, унсурхои бегона ба пешравии ману давлат хатари бузург дорад ва бояд якчоя онро решакан кунем
Посух додан
  • Хоркаш

  • 9 январ 2017 16:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бегараз,
Логикаатон чудо хам зур будаст куя! Яъне хамаи онхое ки бо мошин мегарданд брои ватан неву худашон кор кард кардаанд?
Чудо хам хандоненд!! wink
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХОРКАШ. Бо бесавод бахс кардан чангро мемонад, гуфтаанд. Ман гап надорам. Мантикшиноси бемантик.
Посух додан
  • Хоркаш

  • 9 январ 2017 16:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бегараз,
Манба чувство юмори шумо маъкул.
Нагуфтед ки "Агар У барои худаш кор мекард на барои Ватан, то имруз акалан сохиби як мошин мешуду пиёда намерафт" гуфтагитон чи маъно дорад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"агар У барои худаш кор мекард на барои Ватан, то имруз акалан сохиби як мошин мешуду пиёда намерафт" Ҳа-ҳа-ҳа...... аку хандондӣ-да.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!