Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:22

Эмомалӣ Раҳмон ба Остона меравад

2 июн 2017, 12:19

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи оянда ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 ба Қазоқистон меравад.

Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 8-9 июн дар Остона баргузор мешавад. Дар ҳошияи он мулоқотоҳои дуҷониба низ дар назар аст.

Рашид Олимов, дипломати тоҷик ва дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай қаблан масъалаҳои асосии нишасти Остонаро қабули узвияти Ҳиндустону Покистон, ба таври назаррас васеъ кардани иқтидори созмон дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисодиёт унвон карда буд.

Дипломати тоҷик моҳи апрел дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Остона изҳор дошт, баъди узвияти Ҳиндустон ва Покистон ин созмон наздики 44%-и аҳолии курраи Заминро фаро хоҳад гирифт.

Ба гуфти ӯ ҷуғрофиёи созмон ҳамакнун аз Атлантика то уқёнуси Ҳинд, дар шарқ то Лянюнгани Чин ва дар ғарб то Калининград тӯл хоҳад кашид: “Ба ин созмон наздики 44%-и аҳолии курра ва 20-25%-и ММД-и ҷаҳон дохил мешавад”.

Он замон Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар поёни ин нишаст эълом кард, ки Эрон низ ба талаботи узвият дар ин созмон мутобиқати комил дорад ва изҳори умед кардааст, ки масъалаи узвияти он дар нишасти Остона моҳи июн дида хоҳад шуд: “Эрон масоилеро ки дар паи таҳримҳои эъломшуда аз сӯи Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид пеш омада буданд, ҳал кард ва акнун бо талаботи узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай мутобиқати комил дорад”.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 аз ҷониби кишварҳои Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ташкил шуда буд. Дар ҳоли ҳозир Афғонистон, Белорус, Эрон, Муғулистон кишварҳои нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка шарикони он ба ҳисоб мераванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!