Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39

Падари духтар ҷавони ошиқро латту кӯб ва телефону пулҳояшро гирифтааст

5 июн 2017, 09:34

Як сокини 25-солаи ноҳияи Хуросон аз сӯи падари дӯстдухтараш латту кӯб шудааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ин ҷавон 19 апрели соли 2017 барои дидани дӯстдухтари 22-солааш ба ноҳияи Вахш рафтааст. Падари 46-солаи духтар аз ин мулоқот огоҳ шуда, ҷавони ошиқро дар симчӯби ҳавлиаш бастааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин кор ӯро як ҳамдеҳааш, ҷавони 25-сола низ ҳамроҳӣ кардааст. Ин ду нафар ҷавони ошиқро нахуст латту кӯб ва пасон “бо роҳи зӯроварӣ 3 ҳазору 170-сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-5”, ҷамъ ба маблағи 4 ҳазору 670-сомониашро тасарруф намудаанд”.

ВКД мегӯяд, гумонбаршудаҳо аз ҷониби кормандони пулис дастгир шуда, нисбати онҳо бар пояи моддаи 248 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванди ҷиноӣ оғоз гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин чавон руша сиех мекна 1) 3 хазора кучо хонаи духтар мебари 3) чи хак дорад хонаи у духтар меравад у хона бесохиб бд ки любой вакт фората мерай е ниятба зуровариба духтару мачбурон хамхоба шудан дошт чи 4) дар чомеъаи суннанитии мо вакте хонаи духтар мерай бадномш мекни у дигар шарманда мешава
5) вакте падари духтар аз беобру шудан тарсид ва монеъа у шуд ин чавон ба у тухмат кардааст
6) ин чавон аз руи чанд чиноят бояд ба додгох кашида шавад тухмат зуровари паст кардани шаъну шараф хусумат нияти зурран хамхобаги кардан ва зурран ба манзили каси дига даромадан ин хама чинояте хастанд ки ин чавон кардааст
7)е чияни ягон тагаи чи махсусбарои е касдан тухмат ба он хона рафта буд яъне хусумат дошту бо маслихати пешаки бо ягон корманд ба ончо рафт е еее?
8) албатта падари духтарам гунахкор аст чи хак дорад лату куб мекунад бояд мефахмонд ва аз рохи фахмондадихи истифода мекард
9) агар ин чавон ошик мебуд пас чаро нияти гирифтани духтарро надошт е духтари соддаи дехотиро дид худро гург сохтани шуд хар вакте ба кадом рамаи хохад медарояду ва пас сохиби рамаро гунахкор месозад бояд якта дута аз чавонхо низ чазо додашавад то дигар беобру кардани духтархо суннат нашавад.
10) ин расми ошики нест ин расми бадномкунию пастзанист бовар кун агар ошик мебуд ин корхоро намекард пеши рохи ин гуна ошикиро бояд макомот бигирад зеро ин гуна ошики як навъи паст задани духтарони дехот шудаасту ва суистифода аз духтарони дехотию шахри як навъ муд гаштааст байни чавонхо хар як чавон бояд фикр кунад ки модарони онхо низ дехоти буду духтардор низ рузе мешаванд ва хохаронашон низ ба дехот мераванду е аз дехот меоянд ва хар як чавон рузе оиладор мешаваду чи бой бошаду чи кабагал духтари точикиро ба зани мегирад чи дехоти бошаду чи аз шахр хамаи чавонхои точик аз хар кучое ки набошан хатман ба духтари точики оиладор мешаван пас бадномккуниро биеед бас кунед ва ба зану духтару модару хохари касе кордор нашавед зеро хама ин чизро доред ва ин чавон агар номус медошт пас медонист ки як каси дигар ба хонаи хохари у ба ошики хар вакте хохад раваду хар коре хохад кунаду бо пуллдориаш худро кахрамон тарошаду чи кор мекарда бошад ин чавон агар номус дошта бошад номуси шарки на исломи номуси точики
ангушт макун ранча ба дар куфтани кас то кас накунад ранча ба дар куфтанат мушт ин сухани шоир аст на паембар сухани Сардафтари классики точик Рудакист
Посух додан
  • smart

  • 5 июн 2017 12:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамдард бо гапхоят 100 пайиз розиям аммо пункти 8 хато карди. Падари он духтар хеч хатое накардааст. Вай кори фахмондадихи кардааст. И шармандара бояд я кори дигар хам мекард. Даврои совети ки то хамин дарача озодрафтори бд барои чунин корхо чуб мезаданд итари ошикора Шармандахо....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мӯҳтарам кормандони мақомот аз шумо хоҳиш мекунам, ки худи ҷавонро дела кунед на он падари бечораро. Агар он падар аз номуси худаш дифоъ кунад гунаҳкор аст? Агар аз ҷои он падар худи шумо бошед чи кор мекунед? Агар нисбати духтари шумо ҳамин хел бадрафторӣ шавад чӣ кор мекунед? Ҳамаи мо хоҳем нахоҳем пеши Худованд меравем. Пешгоҳи Худованд ба ҳар як кори кардаамон ҷавоб медиҳем. Аз қудрати Худованд ҷои гурез нест. Он рӯз дигар тавоноии мо ба дардамон намехурад.
Посух додан
  • Дуруст

  • 5 июн 2017 20:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмат бар падари духтар кори дуруст кардааст.
Ман ба ҷои падари духтар мешудам намезадам гирифта ....
Посух додан
  • Benom

  • 6 июн 2017 06:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хамин солу замон дар кисаи кадом чавони бекори точик 3170 сомони маблаг хаст? Ин ошики бадбахт ба фикрам тухмат мекунад. Падар вазифаи падареша ичро кард, бояд вай бачаро чазо дихад,то ин ки дар деха обруи худаш ва духтараш паст нашавад. Вале ман хайрон ки чаро нисбати бача неву нисбати падари духтар парвандаи чинои боз карда шудааст?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед азизон зиндаги барои хамаи мо Индийски шудаистодааст. Имруз барои хаимояи шаъну шараф ва намуси худу наздиконамон мо гунахкори асосием. Хеле як бемории вазнин чомеаи моро сироят намуда истодааст, бо номи "Беномуси, бешарафи ва гайра". Худоё моро аз ин фитнахои охируззамон начот дех!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!