Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39

“Тоҷиксодиротбонк” барои муштариён маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард?

5 июн 2017, 10:44

Бархе муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, ин ниҳоди молӣ барои дорандаҳои кортҳои плостикӣ маҳдудияти нав ҷорӣ намудааст.

Холиқназар Ҷумаев, яке аз корафтодаҳои “Тоҷиксодиротбонк” дар сафҳаи фейсбуки худ навиштааст, 3 июн дар бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ба ӯ ва даҳҳо муштарии дигар гуфтаанд, мизоҷон танҳо аз ҳамон филиалҳо ва банкоматҳои филиалҳое пул гирифта метавонанд, ки аз ҳамон ҷо корти плостикӣ гирифтаанд.

Ҷаноби Ҷумаев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, воқеан рӯзи шанбе дар бинои асосии бонк, банкомат танҳо ба мизоҷоне пул медод, ки аз Дафтари асосии бонк корти плостикӣ гирифтаанд. Ӯ афзуд, “тибқи қарори нав, мизоҷе, ки корти плостикиашро аз минтақаҳои дигари кишвар гирифтааст, наметавонад дар пойтахт ва ё минтақаи дигар ҳамон 200 сомонии дар як рӯз иҷозатшударо бигирад”.

Абдусалим,
як муштарии “Тоҷиксодиртобонк” низ гуфт, се рӯз боз наметавонад маблағи худро аз ин бонк бигирад ва чунин таъхиркорӣ ӯро нигарон кардааст. Ҷумахон як муштарии дигари “Тоҷиксодиртонбонк” дар Фейсбук навиштааст, субҳи имрӯз, 5 июн дар намояндагии ин бонк дар ноҳияи Ҳамадонӣ барои дастрас намудани маблағ ба мушкил рӯ ба рӯ шуд ва корманди бонк ба ӯ гуфтааст, “пул надорем”.

Дар ҳамин ҳол, Раҳмоналӣ Мирализода, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк” роҳандозӣ шудани маҳдудияти навро барои муштариён рад кард. Ӯ имрӯз, 5 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муштариён метавонанд аз дилхоҳ банкомати бонк тавассути кортҳои плостикии худ маблағҳояшонро бигиранд.

“Тоҷиксодиротбонк” аз шумули чор бонки Тоҷикистон аст, ки ба мушкили молӣ дучор шуд. Баъд аз анҷоми маъмурияти муваққатӣ, ки 7 моҳ идома кард, Тоҷиддин Пирзода, дубора ба курсии раҳбарии бонк нишаст. Ҳоло дорандаҳои кортҳои плостикии бонк дар шабонарӯз аз бонкаматҳо танҳо 200 сомонӣ гирифта метавонанд. Ба мизоҷоне ки амонат гузоштаанд, дар як моҳ дар ҳаҷми 200 доллар (бо арзи миллӣ) дода мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана акнун, кобеду ёбед! Пас аз ин кӣ мехоҳад ба бонкҳои ТҶ маблағ гузорад?! Фақат ягон одами ғофил ё сода!
Посух додан
  • iljas

  • 5 июн 2017 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кори бонк зинда шудаги.. Ин гапи мардуми Кучахои Душанбе. Бадгуи накунеду дуо кунед то ба холати аввалааш баргардад.
Посух додан
  • ш душанбе

  • 6 июн 2017 08:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бале бахолати авал бармегардат...танхо баъди як 100 сол пас....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!