Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39

Танҳо 9 дарсади русҳо Тоҷикистонро дӯсти Русия гуфтаанд

5 июн 2017, 11:56

Як назарсанҷӣ нишон дода ки камтар аз 10 дарсади шаҳрвандони Русия Тоҷикистонро дӯсти ин кишвар медонанд.

Ин назарпурсиро Маркази таҳлилии “Левада-Сентр” моҳи майи соли равон миёни 1600 сокини аз 18-сола боло дар 48 минтақаи Русия анҷом додааст. 9 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки Тоҷикистонро дӯсти Русия медонанд. Ҳамин миқдор Узбакистону Озарбойҷонро кишварҳои дӯсти Русия номбар кардаанд. 46 дарсад Белорус, 39% Чин, 34% Қазоқистон, 15% Сурия, 14% Ҳиндустон, 11% Кубаро дӯсти Русия гуфтаанд.

Дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин 54 дарсад гуфтаанд, дар равобити миёни Русия ва ИМА беҳбудие намебинанд. Танҳо 21 дарсад бар ин боваранд, ки муносибатҳои байни ин ду кишвар беҳтар гардидааст. 17 дарсад изҳор доштаанд, ки равобити Русия ва ИМА бадтар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, 53 дарсад гуфтаанд, дар равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо тағйироте сурат нагирифтааст. 14% ин муносибатҳоро беҳтар ва 21% онро сардтар гуфтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Салом

  • 5 июн 2017 14:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Русия бисёр миллати бузург аст аммо бисёр шаробхур ва хозир наркоман шуда истодаанд ва хар сол хазорон точикрро мекушанд .Ва хатто сарбозонаш дар Точикистон даст ба одамкуши мезананд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Русҳо нағз медонанд, ки ягон миллати дунё бо онҳо дӯсти содиқ шуда наметавонанд, зеро худи онҳо чӣ будани садоқатро намедонанд.
Шоир гуфтааст: "Сухан дониста гӯ, ки дӯстро душман нагардонӣ, зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад!" Ин маҳз дар бораи русҳо гуфта шудааст. Онҳо ҳамаи халқҳоро мавриди масхара қарор медиҳанду латифаҳо мебофанд. Пас бо ин хел миллати худхоҳу худписанду ҳавобаланди пучу беасос кӣ дустӣ меҷӯяд? Ҳеҷ кас!
Посух додан
  • Буҷукхан

  • 5 июн 2017 15:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
Беҳтарин суханро ироа намудед оғо.
Посух додан
  • Jovid

  • 5 июн 2017 16:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хаминро медонам, ки (нацисте) ки русхоянд дар ягон миллати дунё ин тоифа одамон нест !!!
Посух додан
  • Дарвеш

  • 5 июн 2017 17:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо хам Руссияро кишвари дуст намешуморем, онхо нажодпараст ва нисбати миллати точик нохурмати мекунанд. Мо бояд бо Амрико ва мамолики гарб дустиро пойдор кунем ва дар он чойхо рафта копу зиндаги кунем

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!