Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39

Наздикони ҳунармандони ҷавони сирк: Сафари семоҳаи онҳо ба Миср як сол давом кард...

5 июн 2017, 15:55

Наздикони чанде аз ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон мегӯянд, соле қабл пайвандони онҳоро бо ваъдаи ширкат дар як ҷашнвораи сиркӣ барои се моҳ ба Миср бурданд, аммо бо гузашти як сол ҳанӯз барнагаштаанд.

Умеда Ҳусейнова, як сокини шаҳри Душанбе имрӯз, 5 июн ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, моҳи июни соли 2016 хоҳараш -- Гулнора Ҳусейноваи он замон 17-соларо дар як ҳайати шашнафара ба Қоҳира фиристоданд. Ӯ мегӯяд, тибқи шартнома ҳузури ин ҳайат дар Миср бояд аз 20 июн то 20 сентябр идома меёфт, аммо бо гузашти як сол ҳанӯз барнагаштаанд: “Хоҳари маро иштирок дар фестивал гуфта бурданд, аммо онҷо маҷбур кардаанд, дар як сирки хиёбонӣ нимурён баромад кунад. Аз Тоҷикистон либосҳои сиркии худро, ки маҳкам буд, бурда буданд, аммо он ҷо либосҳои арабиро медиҳанд, ки пӯшида баромад кунанд. Ин ба фарҳанги мо рост намеояд”.

Хонум Ҳусейнова афзуд, хоҳараш дар коллеҷи технологӣ таҳсил мекард ва бо далели ҳозир нашудан ба дарсҳо ихроҷаш карданд. Ӯ гуфт, қаблан низ дар ин хусус дар матбуот шикоят карда буданд. “Баъди нашри хабарҳо раҳбарияти сирк тавассути роҳбари бадеии ҳайат -- Эргаш Обидов хоҳарамро маҷбур кардааст, ки забонхат навишта, гуфтаҳои маро рад кунад. Мо ҳоло ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати фарҳанг низ муроҷиат кардем”,-мегӯяд ӯ.

Нурхон Шоев, корманди собиқи Сирки давлатӣ ва падари Нилуфар Шоеваи 18-сола яке аз дигар ҳунармандоне, ки дар Миср аст, мегӯяд, намедонад, ки барои чӣ муҳлати семоҳаи ҳузури ҳунармандон дар Миср тамдид шудааст: “Аз моҳи сентябр то январ муҳлатро дароз карданд, аммо аз январ то ҳол ягон хел ҳуҷҷати тамдиди исти онҳо нест. Ҳеч кас намедонад, ки он ҷо чӣ мегузарад. Духтарам ин вақт бояд дар мактаб бошад”.

Дар фармони сафари ин ҳайат ба Миср, ки зери он имзои Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент гузошта шудааст, омадааст, ки ҳайати 8 нафараи ҳунармандон ва роҳбаладон барои иштирок дар Фестивали сиркӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб, ки бо иштироки зиёди ҳунармандони хориҷ доир мегардад, даъват шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ашӯр Раҷабов, директори Сирки давлатии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” даъвои волидонро ғалат хонда гуфт, муҳлати ҳузури ҳайат тамдид шудааст. Ӯ мегӯяд, раводиди ҳайат рӯзҳои наздик омода мешавад ва ба Ватан бармегарданд. Номбурда гуфт, се моҳи аввал ҳайат дар фестивал иштирок намуд ва чун ҳунарнамоии хуб доштанд, ҷониби Миср бо онҳо қарордод баст: “Ҳатто аз онҷо ба муассисаи мо маблағ ворид мешавад. Ман бо ҳунармандон ҳамеша дар тамос будам”.

Ҷаноби Раҷабов дар мавриди намоишҳои ҳайати Тоҷикистон дар шапито, сирки сайёр ё хиёбонӣ гуфт, ба ғайр аз Сирки Тоҷикистон дар ҳамаҷо шапито мавҷуд аст: “Ман низ чандин сол дар Арабистон ва Ҳиндустон дар шапито баромад кардам”.

Ӯ зуҳури ҳайати Тоҷикистонр дар Миср дар 25 соли ахир бесобиқа хонд ва илова кард: “Он ҷо мо сафорат дорем ва онҳо дар як намоиши ҳунармандон ширкат карда, миннатдорӣ низ карданд”.

Аммо наздикони ҳунармандони ҷавон мегӯянд, бо ин далел ки сафари ҳайат тӯл кашид ва пайвандонашон аз дабистонҳо ихроҷ шуданд, мояи нигарониашон гаштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Вокеат

  • 5 июн 2017 16:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин чи бало Сирку Ашур шуд , хар руз аз дасти хамин шикоят. кадом аз нашрияро вакгардон куни хамин ному насаб
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албат ҳамонхел духтарҳои ҷавонро арабҳо намегузоранд баргаданд...
Ашур Раҷабов зикр кардаастку (Ҳатто аз онҷо ба муассисаи мо маблағ ворид мешавад.) .
Посух додан
  • Мулло

  • 6 июн 2017 02:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зери коса нимкосае ҳаст.
Директори сирк ин ҳарфҳои худро чигуна шарҳ медода бошад "раводиди ҳайат рӯзҳои наздик омода мешавад ва ба Ватан бармегарданд". Кадом раводид? Аз кай боз тоҷик барои ба Ватан баргаштан бояд раводид бигирад? Вазорати корҳои хориҷӣ ина чи тавр шарҳ медодаа бошад?
Ё раводиди Миср бошад? Суоли дигар, ки дар ин чанд моҳ ҳунармандони мо бо кадом ҳақу ҳуқуқ дар он ҷо ҳунарнамоӣ кардаанд? Хулас, журналистони мӯҳтарам, як бор ин суолҳоро аз вазорати корои хориҷа ва Директори сирк пурсое шаведу ба мо гӯед.
Суол дорам, ки оё прокуратураи генералӣ ин масъаларо дидааст ё не? Сафорати Тоҷикистон дар Миср чӣ мегӯяд?
Посух додан
  • Обид

  • 6 июн 2017 16:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маталабатон хом аст, хамаи чонибхо пурсида шаванд. Вакте менависед касбиятро риоя кунед. Сафорат чи мегуяд, МВД, Вазорати фарханг, Вазорати Корхои хоричи ва гайрахо.
Посух додан
  • Назирмад ШОЕВ

  • 7 июн 2017 20:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рачабов дар асоси кадом конуншумо хаки тамдиди мухлати онхоро доред? Як соли аз таълим дур шудани онхоро ки чуброн мекунад? Шумо маълум кардед ки бидуни хохиши кормандонатон ва волидайни онхо ба хотири пул ин корро анчом додадед. Ба муассисаи шумо пул ворид мешавад лутфан аз ин пул то имруз ба волидайни онхо аз кори фарзандонашон чи кадар маош додед? Чаро онхо имкони тамос бо хонаводахояшонро надоранд? ...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!