Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39

Қочоқи беш аз 20 000 килло пиёз аз Тоҷикистон ба Қирғизистон

5 июн 2017, 16:58

Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон аз қочоқи пиёз аз Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар хабар додааст.

Дафтари матбуоти ин хадамот гуфтааст, дар рустои Куктоши вилояти Ботканд кормандони гумрук автомашинаи тамғаи “DAF FT95 ХА 480” бо рақамҳои давлатии Қирғизистонро нигоҳ доштаанд: “Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили он 20 020 кг пиёз бидуни асноди лозим ошкор гардид, ки аз Тоҷикистон интиқол шудааст”.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, хисорот дар ҳаҷми 76 138,06 сом барқарор шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
20 000 кг не 20 000 000 кг бори ЧТ ба таври кочок ба ЧК гузаронида мешавад. Кадом камбагалеро ки надонистааст чи кадар ва ба ки пора бояд дод дастгир кардиян. Ба фикрам барои "отчет" ва "план".
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бори аввал нест, бо вуҷуди камбуд будан, маҳсулоти х/қ ба хориҷ меравад. Бахусус ба Русия. Барои чӣ нархи мағзу чағз осмонист? Барои ки қисми ҳангуфти он маҳсулот аз Хуҷанд ба Русия меравад. Ба савдогарони Тоҷикистон аз эҳсоси ватандорӣ дида, ғами кисаи худ бартар аст. Ҳамин шабу рӯз картошка дар бозорҳо 5 сомонӣ 1кг аст. Чаро? Маълум аст, ки куҷое меравад. Савдогар ба манфиати миллӣ туф кардааст. Ин ҳам бадбахтии мост.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!