Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 12:08

Кӯмакхоҳии духтари тоҷик барои пардохти ҳаққи таҳсил (ВИДЕО)

6 июн 2017, 14:28

Жасмин Холова, ҷавондухтари тоҷик, ки ба Донишгоҳи давлатии Бойсеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дохил шудааст, аз афроди саховатпеша барои пардохти ҳаққи таҳсилаш дар ин донишгоҳ кӯмак хостааст.

Холова бо нашри як муроҷиатнома дар шабакаи иҷтимоии интернет изҳор доштааст, ки ҳудуди ду моҳи қабл ба донишгоҳи Бойсе қабул гардид, аммо тавони пардохти ҳаққи таҳсил дар ин донишгоҳро надорад: “Ҳаққи иқомату таҳсил дар ин донишгоҳ 36 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ҳамроҳ бо оила ва дӯстонам 3 ҳазор долларро ҷамъ кардем”.

Донишҷӯдухтари тоҷик гуфтааст, гарчанде бурсия барои пардохти ҳаққи таҳсилаш дар ин донишгоҳро нагирифтааст, ӯ руҳафтода нест ва талош хоҳад кард, то орзуяш амалӣ шавад. Ӯ аз афроде, ки то ҳол бо ӯ кӯмак кардаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, афзудааст, ки донишҳои андухтаашро барои пешбурди ҷамъияти кишвараш истифода хоҳад кард.

Афроде, ки хоҳишу имкон доранд, метавонанд тариқи ин пайванд ба дониҷӯдухтар кӯмак кунанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
3-то чамъ карда бошад, кам мондааст ку. Хамаги 33 хазораки дигар)))
Посух додан
  • Tashrif

  • 6 июн 2017 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Aka qarzum nameti chi kor mekuni moshin meharum. Chand sumay moshin 5000$. Khudut chand sum dori 100$ dorum 4900$ qarz bte moshina mekharum HA HA HA 3000$ + karday 33000 digar mekhostay !!!!!!
Посух додан
  • Абдуллоҳ

  • 6 июн 2017 19:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо ҳидояту баракаташ диҳад.
Боварии комил дорам ки ҳастанд нафароне ки, ин хоҳари азизамонро дар ин моҳи муборак дастгири мекунанд.
Суратҳисоби бонкии ин хоҳари азизро барои кумак кардани саховатмандон нашр кунед.
Посух додан
  • Лакай

  • 7 июн 2017 14:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин духтарак ба пикрам хона мехарад
Посух додан
  • Фирдавс

  • 7 июн 2017 19:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Донишгоҳи Русия супорад ё аз онҷо кӯмак ҷӯяд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Поятаро ба чени курпаат дароз кун. Хони хам дигар ба Точикистони азизи мо бар намегарди. Ва ту набояд хатмани хатман дар хамончо хони. Дар бозор ба кадр пули дар дастат буда харид кун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шароиташ дар хориҷа таҳсил кардана набардорад дар ватан хонад. одам ба курпааш ниго карда почаша дароз мекунадШамсия,
Посух додан
  • Точик

  • 11 июн 2017 21:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э духтари соддае, дар Точикистони мо бисёре аз одамони бою бо давлат барои фарзанди худ ин кадар пулро сарф намекунанд.
Ман хам орзу доштам, ки дар факултаи хукукшиносии Донишгохи Миллии Точикистон тахсил намоям. Лекин бо 500 сомони маоши мегирифтагии падарам, ман факултаи хукукшиносии ДМТ - ро дар шаби хобам медидам. Лекин дар дигар донишгох факултаи хукукшиносиро хатм намудам. Холо бошад ба хайси хукукшинос дар яке аз ташкилотхои бонуфуз кору фаъолият карда истодаам. Ана мешудааст ку бе харочоти маблаги зиёд? Бинобар хамин, ман ба Шумо хаминро гуфтаниям, ки чи кадаре, ки имконият дошта бошед, бо хамон каноат намоед ва Худо хохад дар оянда хаммаш нагз мешавад. Шамсия,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!