Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 11:59

Духтараки укроинӣ бо қироати Қуръон шабакаҳои иҷтимоиро тасхир кард (ВИДЕО)

8 июн 2017, 10:02

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду навори қироати чанд сураи Қуръони карим аз сӯи як духтарчаи укроинӣ дар чархиш аст.

Дар оғози ҳар дуи ин навор духтарча мегӯяд, ки Лена ном дорад. Дар як навор, ки 1 дақиқаву 41 сония аст, ӯ мегӯяд, 10 сол дорад ва баъдан ин ҷумларо бо арабӣ такрор мекунад. Зоҳиран, ин навор қабл аз соли нави мелодии соли 2017 сабт шудааст, зеро ӯ дар идома бо русӣ мегӯяд, дар Соли нав бо камоли хурсандӣ Қуръон қироат мекунад. Пасон сураҳои “Фотиҳа”, “Кавсар” ва “Ихлос”-ро қироат мекунад. Дар навори дуюм низ, ки 1 дақиқаву чор сония тӯл дорад, Лена ҳамин сураҳоро мехонад, аммо қабл аз он бо забони арабӣ мепурсад, “Аҳволатон чӣ хел аст?”








Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдуллоҳ

  • 8 июн 2017 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ماشاءالله Баракаллоҳ фи умри
Посух додан
  • Nabi farhor

  • 9 июн 2017 09:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҳсан ба духтараки Украини духатрои тоҷики мо низ бояд аз ин духтарак ибрат гиранд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!