Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 12:07

Нашри “Ойини ойина”-китоби шоири тоҷик дар Эрон

8 июн 2017, 14:49

"Ойини ойина" маҷмӯаи ҷадиди ғазалҳои Фирдавси Аъзам, шоири ғазалсарои ҷавони тоҷик дар интишороти "Утоқи обӣ"- шаҳри Теҳрон бо теъдоди 1000 нусха мунташир шуд. Ин китоб, ки бо талошҳои оқои Фарҳод Оройӣ мунташир шудааст, беш аз 60 ғазали ҷадиди шоири тоҷикро фаро мегирад ва бо ороиши нафис ба табъ расидааст.

Оқои Шоҳини Сипанто, адиби фарҳехтаи эронӣ ба китоби мазкур пешгуфтор навишта ва дар он ба бархе вижагиҳо ва тозакориҳои Фирдавси Аъзам ишора намудааст: “Ҳамчуноне, ки аз унвони китоб бар меояд, Фирдавс аз алоқамандон ва дилбохтагони ойина, намоди бериёӣ ва покизагӣ аст ва талош намуда аст дар ойинаи тамомнамои афкори шоиронааш бардоштҳои хешро аз одаму олам ироа намояд. Ва бо ин зеҳният ба инсон ва ҷаҳони атроф менигарад ва ёфтаҳои ноби хешро дар табақи излос мегузорад. Дар ҳақиқат шеъри ӯ ойинаи андеша ва тафаккури ӯ аст, ки бо ҷилваҳои рангин ҳамонанди садгеси осмон чеҳранамоӣ мекунад”.

Фирдавси Аъзам то кунун бо ду китоби ашъор "Абрҳои обӣ" ва "Як бағал ғазал" дар миёни хонандагони форсизабон ба унвони шоири ғазалсаро муаррифӣ шудааст.

Қарор аст китоби мазкур дар доираҳои мухталифи адабии Эрон рӯнамоӣ ва ба бисёре аз марокизи фарҳангӣ ба таври ройгон арза шавад.

Гуфтанист, Фирдавс дар хонаводаи оқои Аъзам Хуҷаста, аз шоирони хушбаёни тоҷик дар соли 1984 ба дунё омада аст. Фориғуттаҳсили донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо тахассуси забони англисӣ мебошад.

Ашъораш дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо мунташир шудааст.


Нашри “Ойини ойина”-китоби шоири тоҷик дар Эрон

Нашри “Ойини ойина”-китоби шоири тоҷик дар Эрон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!