Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 12:11

Мунтахаби Тоҷикистон аз Филиппин шикаст хӯрд

14 июн 2017, 08:57

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар дидор бо яккачини Филиппин ноком шуд.

Ин дидор шаби гузашта дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо иштироки 15 ҳазор тамошобин доир гашт. Меҳмонҳо бо ҳисоби 4:3 дастболо шуданд.

Ин дар ҳолест, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи ин сабқат қаблан бо ҳисоби 1:2 аз тими миллии Яман шикаст хӯрда буд.

Яккачини кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 шомили гуруҳи “F” буда, ҳеч имтиёз надорад.

Филиппин бо 6 имтиёз дар садри ҷадвал, Яман бо 4 имтиёз дар ҷойи 2 ва Непал бо 1 имтиёз дар мақоми 3 қарор доранд.

Барои роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё-2019 яккачини Тоҷикистонро зарур аст, чор бозии баъдиро бо ғолибият анҷом бидиҳад.

Дидори навбатии мунтахаби кишвар дар доираи ин мусобиқот 5 сентябр бо Непал баргузор мешавад. Ин қувваозмоиро Катманду мизбонӣ мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!