Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 19:46

Далер: Аз таваҷҷуҳи мунтахаби футболи Тоҷикистон мамнунам, аммо...

15 июн 2017, 10:52

Далер Кузяев, нимҳимоятгари 24-солаи “Зенит”, ки ба тозагӣ ба ин даста пайваст, далели ба мунтахаби футболи Тоҷикистон нарафтанашро шарҳ додааст.

Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори “Чемпионат” гуфта, мехоҳад дар яккачини Русия бозӣ кунад. “Ман имкони бозӣ кардан дар тими миллии Тоҷикистонро, ки зодгоҳи волидонам ҳаст, доштам. Ба ин масъала падарам машғул буд. Аз таваҷҷуҳашон мамнунам, аммо мехоҳам дар ҳайати мунтахаби футболи Русия, кишваре, ки ба дунё омадаам, бозӣ кунам”,-афзудааст ӯ.

Далер дар идома изҳор дошта, ки мисли ҳамаи футболбозон омодаи ҳар лаҳза ба тими миллии Русия пайвастан ҳаст, вале ҳоло бештар сари ба ҳайати асосии “Зенит” шомил шудан меандешад.

Далер Кузяев ба тозагӣ ба “Зенит”-и Петербург гузашт. Ӯ дар гузашта дар “Терек” ҳам бозӣ кардааст. Дар як мусоҳибаи худ мегӯяд, Рашид Раҳимов, сармураббии пешини “Терек” барои рушди ӯ ҳамчун футболбоз нақши бузург дорад.

Падари Далер дастаи “Нарва-Транс”-и Эстонияро тамрин медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!