Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 19:45

Бонки Ҷаҳонӣ: Интернет дар Тоҷикистон аз гаронтаринҳост

15 июн 2017, 11:19

Бонки Ҷаҳонӣ ҳисоб кардааст, нархе, ки сокинони Тоҷикистон барои интернет пардохт мекунанд, яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон аст.

Ин нуктаро Ханс Тиммер, иқтисодчии Бонки Ҷаҳонӣ зимни муаррифии гузориш дар бораи “Истифодаи интернет барои рушд дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ” зикр карда, афзудааст, арзиши умумии обуна барои интернет дар Тоҷикистон 16%-и даромади моҳонаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир 17%-и аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасии доимӣ доранд: “Ин нишондод дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Қирғизистон 28%, Узбакистон 44% ва дар Қазоқистон 55% мебошад”.

Бонки ҷаҳонӣ афзудааст, Тоҷикистон бо аҳолии ҷавон ва афзоишёбандааш имконияти хуб барои истифодаи иқтисоди рақамӣ баҳри шукуфоии бештар ва фароҳам овардани ҷойҳои кориро дорост: “Тоҷикистон метавонад аз технологияи рақамӣ ва дастрасӣ ба интернет манфиатҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бинад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барзамми гаронтарин буданаш суръаташ сустарин!!! чои фахр нест!! чои шарм асту шармандагист!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Арзёбии дуруст. Интернети ТҶ ҳам гарон аст, ҳам бесифат. Бо суст будани имконияти техникӣ, онҳо миллион муштарӣ доранд. Аз вазни даромад интернет провайдерҳо қомати худро бардошта наметавонанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пеш аз оне ки провайдерхоро танкид кунем, бояд тахлили хамачониба кунем, на яктарафа. Барои чи интернет киммат аст? барои чи нисбат ба дигар давлатхо? Ягон сабабе хаст ки нарх дар осмон аст. Агар тахлил карда бароем, маълум мешавад, ки бучаи давлат хамагон медонем, ки танкиси мекашад ва асосан аз руи андоз пур мекунад. Ва ба фикри ман, давлат ба ин провайдерхо ва ширкатхои мобили андозхои бенихоят баланд мемонад, ки ин боис мешавад, ки нархи интернет гарон мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!