Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 12:03

“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД”

15 июн 2017, 13:39

Салими АЮБЗОД

“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД...” Ин хато ҳам аз силсилаи кажнависиҳоест, ки ба сабк пайванд дошта, солҳои охир авҷ гирифтаанд ва ҳарчӣ бештар табиати забони моро вайрон мекунанд.

Барои намуна: “Ҳама соле як раҳ ба зодгоҳи худ мераванд, аммо Аҳмад бошад, дар ду сол як бор ба ватан сафар мекунад”. Дар ин ҷумла “бошад” зиёдатист, зеро “аммо” худ аллакай ба ҳолати таноқуз ё муқобилгузории ду фикр таъкид мекунад. Агар “бошад”-ро партоем: “Ҳама соле як раҳ ба зодгоҳи худ мераванд, аммо Аҳмад дар ду сол як бор ба ватан сафар мекунад”. Ба гунае ки мебинем, бидуни “бошад” ҷумла равонтар мешавад.

Албатта, мавридҳои каме ҳам ҳаст, ки бе “бошад” кор буд намешавад ва дар намунае, ки овардем, метавон онро танҳо бидуни “аммо” истифода кард: “Ҳама соле як раҳ ба зодгоҳи худ мераванд, Аҳмад бошад, дар ду сол як бор ба ватан сафар мекунад”. Намешавад гуфт, ин ҷумла шевотар аст ва ба гумони банда қолиби “аммо, ... бошад” таҳти таъсири “бӯлса”-и серистифодаи ӯзбакӣ ҷой афтодааст вагарна дар назму насри классик “бошад” асосан ба маънии “шавад”, “бувад”, “шояд”, “мумкин” зидди “мабод”, “мабодо” ба кор рафтааст:
“Шукр бошад гувоҳи васлу наим”. (Бедил)

***

“Бошад, ки боз бинем он ёри ошноро” (Ҳофиз)

Бознашр аз Фейсбук


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом.
Он дафъа фикрро навиштем озодагон чоп накард.
Устод Салим дар вакташ журналисти бузург ва масъадлагузору тахлилгар буданд. Акнун вактхои охир ба масъалахои хурдакаки мусафеди руй овардаанд. Афсус устод тамооооом шудаанд, тамоооом шудаанд....
Инак дар бораи пешоянду пасоянду исму сифат менависанд, нидою хиссачаро тахлил мекунанд. Гузаштаи филологияшон эхё шудааст устодро вагарна тахлилгару мутафаккири бузург буданд.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шогирд,
Бародар бисёр дуруст қайд кардеду ,чанд даҳсола пеш саводноки мардум алалхусус ҷавонон (аз замин то ба осмон) фарқ дошт. Навиштаи мардум чунин ислоҳ ё таҳлилеро талаб намекард.
Чун ҳарвақта устод Салими Аюбзод ,яке аз он масъалаҳоеро таҳлил кадааст,ки ҳамчун обу ҳаво заруранд вагарна...
Баъзе аз доишҷуёнеро медонам ,ки ному насаби худро дуруст навишта наметавонанд ,бале боз донишҷуй асту ,фардо фарзандони мову шумоёнро тарбия хоҳанд дод.
Аҳсан ! бо он рузноманигарону мутахасисоне ,ки имрузҳо бо чунин хатогиҳои ислоҳталаб таваҷуҳ зоҳир мекунанд...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!