Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 11:58

Суғд: Наҷоти шаҳрванди Қирғизистон аз ғарқшавӣ

16 июн 2017, 09:39

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз наҷоти як шаҳрванди хориҷӣ дар шимоли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шаҳзода Бутаева, сухангӯйи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, тибқи маълумоти навбатдорони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Ситоди вилоят, баъди зуҳри 15 июни соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, Исмоилҷон Исмоилови 23-сола, сокини шаҳри Исфанаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнӯъ ғарқ мешавад: “Наҷотдиҳандаҳо сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ин шаҳрванди Қирғизистонро наҷот медиҳанд”.

Ба иттилои ӯ, маълум шуда, ки Исмоилҷон Исмоилов ҳамроҳи хонаводааш ба Суғд меҳмонӣ омада, дар “Наврӯзгоҳ” истироҳат мекардааст.

Наҷоти шаҳрванди Қирғизистон дар ҳолест, ки қаблан Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд гуфт, тайи 3 рӯзи ахир 3 нафарро аз ғарқшавӣ дар “Баҳри Тоҷик” ва дарёи “Сир” наҷот додааст.

Ба омори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд, давоми 6 моҳи ахир дар қаламрави вилоят 9 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд расида, дар пайи он 5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои манбаъ, синну соли бештари ғарқшудаҳо аз 8 то 20-соларо ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!