Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 19:45

Иҷозати Р.Эмомалӣ барои роҳпаймоии ҷавонон ва дастур барои таъмини амният

16 июн 2017, 13:23

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои баргузор намудани роҳпаймоии автомобилии ҷавонон зери унвони «Роҳи Ваҳдат» дар арафаи 20-солагии Ваҳдат иҷозат додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ роҳпаймоӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор шуда, ҳадафи он таҳкими дӯстию рафоқат, ошноӣ пайдо намудани ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар аз шаҳри Душанбе мебошад.

Рустами Эмомалӣ муовинонашро муваззаф кардааст, ки барои баргузор намудани Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон бо Пешвои худ ифтихор дорем» шароит фароҳам оранд ва иштирокдорони роҳпаймоиро бо ҷойи хоб таъмин намоянд: “Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва хизматрасонии ёрии таъҷилӣ дар рӯзҳои баргузории роҳпаймоии мазкур чораҷӯӣ намоянд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷойҳои кориро бештар масъалаашро дидан лозим ,то кай мардум дар ғарибиҳо ифтихор карда гарданд?
Посух додан
  • Адл

  • 16 июн 2017 15:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои мустахкам намудани Вахдат бешаку шубха ин чорабини таъсирнок аст. Албатта зимни рохпаймои дустии чавонон тахким меёбад ва агар ба навор гирифта боз ба мардум лахзахои хасоси он мунтазам намоиш дода шавад, бехтарин кори тарбияви мешавад. Бояд лахзахои гуногуни рохпаймои гуногунмазмун ва таърихи бошад.
Посух додан
  • тамошобин

  • 17 июн 2017 03:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нон бошад, суруд хам мешавад. Чои кор лозим
Посух додан
  • Фард

  • 20 июн 2017 00:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САЛОМ! МЕРИ ШАҲР РУСТАМИ ЭМОМАЛИ! БИСЁР ХУРСАНДУМ, КИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ПОЙТАХТИ МОРА ИНҚАДАР ТОЗАВУ ОЗОДА МЕКНЕН..АММО ЯК ЧИРА ГУФТАНИЮМ, КИ ОЁ МИКРОРАЙЁНИ 102 АВТОНИМИ АСТ??? Ё РАИСИ НОҲИЯВУ РАИСИ МАҲҲАЛЛАИ ОНҶО АЙ ОБОДОНИВУ ТОЗАГИИ ШАҲР БЕХАБАРАНД?????? ДАР ИН МАҲҲАЛА РОСТИ БУЗ БУКСАВАЙ МЕКНА!!!! ГАРАЖУ ОШТОНУ ХОНАЧАВУ КИИИМ ЧИҲОИ НОЗЕБОВУ ДИЛГИР ХЕЕЕЛО ЗИЁД АСТ!!!! ЯК НАЗАРИ ШУМО БА ОНҶО МЕРАСИД ОЛАМ ГУЛИСТОН МЕШУД БАФИКРУУУМ.....ХОҲИШИ ЗИЁД БА МАҲҲАЛАИ 102 ТАШРИФ ОРЕДУУУ ҲОЛИ ЗОРРО БИНЕД !!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!