Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 12:09

Ҳушдор аз гармии шадид дар ҷануб ва омадани сел дар шарқи Тоҷикистон

16 июн 2017, 14:26

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз 16 то 18 июн дар водиҳои вилояти Хатлон гармии ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад. Ба иттилои ин ниҳод, дар доманакуҳҳо тайи ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво 33-38 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон гуфтааст, ҳарчанд дар вилояти Хатлон гармии ҳаво як ҳолати маъмулист, аммо то ба 44 дараҷа расидани он бисёриҳоро ба ташвиш овардааст: “Бахусус онҳоеро, ки кори саҳро мекунанд, миёни ҷӯёяҳи пахта каланд мезананд, ниҳолҳоро ягона мекунанд, об мемонанд ва бехи ниҳолҳоро нарм месозанд”.

Зимнан, рӯзи гузашта гуруҳе аз афсарони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон савори мошинҳои таблиғотӣ дар кӯчаву хиёбон бо баландгӯякҳо мардумро аз гармшавии ҳаво ҳушдор доданд. Торнамои расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода менависад, ин гуруҳ ҳамзамон қоидаҳои бехатрии оббозӣ дар кӯлу ҳавзҳо ва соҳили рӯдхонаҳоро ба аҳолӣ фаҳмонидаанд: “Дар оянда низ аз ин шеваи роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ истифода мешавад”.

Бино ба иттилои Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон давоми ду рӯзи оянда гармии ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 37-42 ва дар навоҳии куҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ба 29-34 дараҷа мерасад. Ин ниҳод ҳушдор додааст, дар пайи гармшавӣ сатҳи оби дарёҳо баланд гашта, дар ноҳияҳои куҳии ВМКБ ва ноҳияҳои куҳии Рашту Лахш эҳтимоли омадани сел мавҷуд аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!