Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:26

Эълони номи довталабони унвони академик

16 июн 2017, 15:53

Академияи илмҳои Тоҷикистон исми довталабонеро, ки дар интихоботи академик ва аъзо-корреспондентҳои ин ниҳод ширкат мекунанд, эълон намудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, барои унвони академикӣ 8 номзад ва барои унвони аъзо-корреспондентҳо 103 номзад пешбарӣ шудаанд: “Имсол дар назар аст, ки 5 нафар академик ва 35 нафар аъзо-корреспондент интихоб гарданд”.

Манбаъ афзуд, довталабони унвони академикӣ Зарулло Раҳмонов, Ҳикмат Муминов, Ҳамидҷон Абдуллоев, Абдуманон Абдуллоев, Қурбон Алиев, Юсуфшо Яқубов, Муллоаҳмад Мирзо ва Ҷӯрабек Назриев мебошанд.

Ба иттилои Академия, ҳамаи довталабон аз рӯи ихтисос зери қаноти се комиссия - комиссияи экспертии физика, химия, математика, геология, комиссияи биология ва тиб ва комиссияи илмҳои ҷамъиятӣ ҷамъ омадаанд: “Комиссияҳо марҳилаи аввали кори худро ба анҷом расонидааст ва марҳилаи дуюм, мубориза барои ҷой тахминан миёнаҳои моҳи июл баргузор мегардад”.

Синни довталабон аз 35 то 80-соларо ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хикмат Муминов вокеан арзандаи унвони академикиянд!

Устод Муминов Хикмат арзандаанд!
Посух додан
  • Беном

  • 16 июн 2017 16:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И ОДАМОИ АКАДЕМИК ШУДАН ИЁ ЧИ ХИЗМАТ КАРДА БОШАН ВА ЧИ САХМИ АРЗАНДАИ ХУДРО ГУЗОШТАН ДАР ПЕШРАФТИ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗ
Посух додан
  • Бешармхо

  • 16 июн 2017 17:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илтимос мегуфтед инхо ягон ихтироь барои пешрафти давлат кардаанд е боз тагобозиву порадихи?
Посух додан
  • профессор

  • 16 июн 2017 18:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Интихоботи имсолаи аъзоёни Академияи илмхо ин нишонаи марги илм дар Точикистон аст.Рузи интихоботи пешбинишуда ин рузи чанозаи илми точик мебошад. Парвардигори Карим чояшро чаннат кунад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устод Мирзо Муллоаҳмад яке аз пуркортарин олимони тоҷик дар бахши филология мебошанд. 10-ҳо китоби арзишманди устод нишон аз заҳмати софдилонаашон мебошад. Устод арзанда мебошанд. ИншаАллоҳ унвони академикӣ насибашон мешавад. Аъзои комиссия бояд шаффофона амал намоянд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман дар ин кор профессор Чумьахон Алимиро арзанда медонам
Посух додан
  • Darvesh

  • 16 июн 2017 21:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Az Unvon chi foida Kumaki khudro ba mardumi niyozmand rasoned. Pagoh Duoi nek kunand SHUMORO!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • шахрванд

  • 16 июн 2017 22:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хами ба ном "академик"-хо барои пешрафти Точикистон чи кор карда бошанд а? Ягон корхои илмии онхо акалан як сомони даромад оварда бошад?
Посух додан
  • Али фархор

  • 17 июн 2017 09:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумат хама олиму академик аммо давлат кашшок.Ачоиб
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устод Ҷумъахон Алими арзанда аст. Асарҳои бешумор дорад. Муваффақ бошед устод Алими
Посух додан
  • Козй

  • 17 июн 2017 11:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чурабеку Юсуфшоха медонам, дигаращро не! Онхо чй кори илмй карда бошанд. Ин пули бучет бесохиб будаст. Ун мардаки медали Нобел гирифтаро албатта фаромуш кардиян.
Посух додан
  • Вароруд

  • 17 июн 2017 15:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асби тозӣ шуда маҷруҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бешармхо,
Инҳо аз ҳама зидтар кафкубиҳо кардаанд! Дастонашон овла кардаги .
Посух додан
  • Рохгузар

  • 19 июн 2017 10:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз икдоми пешгирифтаи АИ ЧТ бенихоят хурсандем. Устод Рахмонов дар хакикат шахси доно олими соха дар таёр кардани шогирдхо устувор мебошанд, устод накам аз 18шогирд номзади илм доранд. Шахси арзанда мебошанд.
Посух додан
  • Номдор

  • 19 июн 2017 15:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Устод Рахмонов бурдбори ва баррори кор инсони хуб ва олими соха дар математика мебошанд ба пеш устод Арзандатарин шахсен
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!