Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 12:06

Милисаҳо аз оғили сокини Мурғоб пӯст ва шохи “Архар” ёфтаанд

17 июн 2017, 09:56

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 41-солаи ноҳияи Мурғоб бо иттиҳоми шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳангоми азназаргузаронии оғилхонаи зимистонаи ӯ, воқеъ дар мавзеи кӯҳии ноҳия як адад пӯст ва шохи ҳайвони нодири “Архар”, ки арзишаш 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шудааст.

Манбаъ мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Архар ё “Марко Поло” асосан дар минтақаи Мурғоб, Ишкошим ва Шуғнони Тоҷикистон мавҷуд аст. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист теъдоди ин ҳайвон дар кишвар ҳудуди 24 ҳазор сар буда, он ба Китоби сурх ворид шудааст. Арзиши қонунии шикори як гӯсфанди “Марко Поло” 45 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро аз номи зебои ин чонвар- НАХЧИР, калимаи соф точики, хазар карда мешаваду ким кадом номхои сунъи чун гусфанди марко поло, архар ва динархо исифода мешаванд? Магар то омадани Марко Поло ба Помир ин гусфанди кухи вучуд надошт?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!