Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 12:04

Таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба Тоҷикистон зиёд шудааст

19 июн 2017, 14:12

Тоҷикистон бори аввал ба 50-гонаи кишварҳое шомил шуд, ки русҳо ба сайёҳат рафтан мехоҳанд.

Дар рейтинге, ки таҳлилгарони Ожонсии сайёҳии “Турстат” тартиб додаанд, Тоҷикистон мақоми 41-ро ишғол мекунад. Ба иттилои расонаҳои Русия, ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон ба ин раддабандӣ ворид мешавад. Ба иттилои "Турстат", шурӯъ аз аввали соли равон 22 ҳазор сайёҳи Русия аз Тоҷикистон дидан кардаанд. Ин дар ҳолест ки Узбакистон, ки дар гузашта миёни сайёҳон хеле маъруф буд, ҷойи 42-ро муаррифӣ мекунад. Ба ин кишвар 21 ҳазор сайёҳ истироҳат омадааст.

Таҳлилгарони ин ширкати сайёҳӣ гуфтаанд, таваҷҷуҳи туристҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба вазъи обу ҳаво бештар рабт дорад. Баҳори сард ва тобистони боронӣ ҳатто сайёҳонеро ба кишварҳои гарм бурд, ки қасд доштанд, дар хонаҳояшон истироҳат кунанд. Танҳо дар рӯзҳои истироҳати гузашта дархостҳо барои сайёҳат 20 дарсад афзудааст. Бештари шаҳрвандони Русия барои истироҳат кишварҳои Осиёи марказиро интихоб кардаанд, ки раводид лозим нест ва ҳам харҷи хеле кам дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асосан дар ин чо агентии сайехи наметавонад бо ягон чиз фахр кунад, чунки пешравихо ун кадар назаррас нестанд. Барои чи сайехони рус таваччухашон ба Осиеи Маркази зиед шудааст, ин аз он аст, ки ба кишвархое ки каблан русхо бештар саехат мекарданд ноамн шудаанд, мисли Украина, Туркия, Миср ва гайра. Баъдан тавре хамагон медонем, точиконе ки Ба Русия куч бастаанд ва дар ончо солхои тулони фаъолият мекунанд, шахрвандии Русияро гирифта истодаанд ва руз аз руз бисере аз мухочирон шахрвандии интересно кишварро кабул карда истодаанд ва шояд баъзе аз онхо хамчун турист ба Ватани худ меоянд.....бояд чалби давлат барои рушди сохаи туризм бештар шавад, чунки шукронаи Худо Ватанамон тенчиву амонист...ин неъмати хеле гаронбахост
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба фикрам Точикистон як кишвари зебост ва мо сокинони ин кишвар ба чалб кардани саёхони ахамияти калон дихем. Ва ба мардум корхои фахмондадихи гузаронем ки саёх ки аст ва бо у чи гуна рафтор кард!!!
Посух додан
  • мехмон

  • 20 июн 2017 11:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамааш нагзу нархи чиптаи хавопаймо се баробар киммат! Мисол аз Москва то Туркия 5000 ,то Душанбе 15000!?? Агар нархи чипта барои сайёххон имтиёзнок мешуд онхо се маротиба меафзуданд. Албатта тамоми бизнес дар аввал курбони дорад!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!