Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:26

Президент хостори муҷозоти муллоҳое шуд, ки никоҳи занҳои дувумро мехонанд

19 июн 2017, 14:33

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон гуфтааст, ҳар муллое, ки маросими акди никоҳи зани дуввумро мехонад, назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Бино ба иттилои расонаҳои узбакӣ, президент ин нуктаро дар вохӯрӣ бо фаъолони динии Узбакистон изҳор доштааст. Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев гуфтааст, вақтҳои охир бисёр ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки зани дуввумро тавассути никоҳи шаръӣ мегиранд: "Вақтҳои охир ҳодисаҳои дузанагӣ бо роҳи никоҳи мусалмонӣ хеле зиёд шудааст. Бештар аз ҳама ин падида дар Тошканд ба мушоҳида мерасад. Ояндаи кӯдаконе, ки занони дувум ба гунаи ғайриқонунӣ ба дунё меоранд, чӣ мешавад? Имомҳои муҳтарам, мушкилоти ин кӯдакон доғи виҷдони мо хоҳад шуд”,- изҳор доштааст Мирзиёев.

Раиси ҷумҳури Узбакистон таъкид кардаст, лоиҳаи қонунеро таҳия хоҳад кард, ки барои имомоне, ки бе шаҳодатномаи расмӣ никоҳ мекунанд, ҷазо пешбинӣ мекунад.

Суҳбати видеоии президент чаҳор рӯз аст, ки дар YouTube мечархад ва он баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сабрин

  • 19 июн 2017 14:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мирзиёев агар як бор рафта медидид, ки занони узбек дар Русия дар чи хол карор доранд, он гох чунин намегуфт.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шакватчҷон як бор Қуронро бигир бихон агар мусалмон боши!"
Посух додан
  • мухочир

  • 19 июн 2017 18:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
е мирзиёев занхо бисёранд 2 юм зан нашаванд дигар чикор кунанд магарам бо фохишаги руз гузаронанд рохбарони мустамликахои рус хама як сиёсатро пеш гирифтаанд
Посух додан
  • шахрванд

  • 20 июн 2017 08:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин аз бероха шудану фарзанди хароми таваллуд кардан дид, зани дуюм будан хубтар нест?!
Ё бояд занхои танхо ё танхо муранд, ё бефарзанд, ё хароми кунанд?!
Ин табиати инсони хаст, аз он рохи гурез нест. Илочаш танхо ба фикрам чашм пушидан аст ва инкадар сахт нагирифтан. Ин меъёри зиндаги хаст, мутлако ягон конуни бетагёир вучуд надорад. Харчанд, ки мо мефахмем, ки давлати дуняви конунхои худро бояд дошта бошад.
Посух додан
  • Зангир

  • 20 июн 2017 14:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Раисчумхур. Ин гуна тагироту иловахо ба конунгузории кишваратон, ки муллохоро ба чавобгари мекашанд ягон монеи зангирии дуввум шуда наметавонад, чунки бе мулло хам мешавад зан гирифт. Барои мисол агар ман зани дуввум гирифтани шавам барои ман мулло зарур нест. Бо ду шохид метавонам зани дуввумро халол ба даст оварам. Дар никох асосан тану нафса бахшидани зан ва кабул кардани мард ба зани бо 2 шохиди мард е ин ки як марду ду зан е ин ки 4 зан фарз аст. Агар хато накунам махр низ фарз нест. Даъвати мулло ва хондани хутба ин суннат аст ва бе мулло никох дуруст аст. Агар навиштахои маро бовар накунед аз ягон олими дин е ки мулло рафта пурсон шавед, хонандагони ОЗОДАГОН.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!