Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:16

Идомаи суҳбат бо Пидром: Аз шаҳрвандӣ то ҳамнишинҳояш дар Тоҷикистон

23 июн 2017, 10:39

Латиф Пидром, яке аз чеҳраҳои шинохтаи саҳнаи сиёсӣ ва муҳитҳои фарҳангиву адабии Афғонистон аст, ки бо мавзеъгириҳои шадид ва суханрониҳои сахту воқеъбинонааш маъруф мебошад. Пидром раҳбари Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ва намояндаи мардум дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар мебошанд. Худро аз мухолифини сарсахти ҳукумати барҳоли Афғонистон медонад ва талош дорад, ки ба қудрати сиёсии Афғонистон як ҳукумати адолатгарои рӯшанфикриро биоварад. Дар ҳаводиси ахири Кобул ҳам худро ба суфуфи эътирозгарон пайванд дод ва ҳоло хайманишини хиёбонҳои Кобул аст. Суҳбати сардабири нашрияи “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ бо Латифи Пидром қабл аз ин ҳаводиси Кобул дар Душанбе сурат гирифтаст ва атрофи воқеиятҳои имрӯзи Афғонистон ва мавзеъгириҳои шадид ӯ дар ин авохир мебошад.

Аввали суҳбатро дар ин пайванд бихонед

Озодагон: Агар суҳбатро як миқдор шахсӣ кунем ва ба шахси Шумо бипардозем, як нуктаро бояд рӯшан кунем. Ба шахси Шумо ва ҳузури шумо дар саҳнаи сиёсии Афғонистон ҳар гуна баҳогузорӣ мешавад. Касоне, ки тарафдору ҳаводоронатон ҳастанд Шуморо як фидоӣ, як адолатхоҳу ва мубориз тарсим мекунанд ва касоне, ки дар муқобилатон ҳастанд Шуморо як шахси муомилагар, як шахси зериборрав мегӯянд. Худи Шумо чӣ таърифе аз худ доред?

Латиф Пидром: Сухан чун бигуфтӣ далелаш биовар. Масалан агар бигӯям, ки Шумо одам куштед, чӣ гуна аз худ дифоъ мекунед? Фақат ҳамин аст, ки мегӯйед накуштаед. Ин иттиҳом ворид кардан хеле сода аст. Ман мутаалиқ ба мактабе ҳастам, ки бунёдгузораш як касе ба номи Тоҳири Бадахшӣ буд. Дар таърихи тафаккури мо муомила вуҷуд надоштааст. Ин ҷараёнро ҳоло хуб намешиносанд, ки чӣ ҷараёне ҳаст. Ин ҷараёне ҳаст, ки яке аз намояндаҳои кӯчакаш ман ҳастам. Як маврид, як намуна, мухолифони мо, чи чап чи рост, чи демукрот чи исломӣ, чи шиъа чӣ суннӣ як мавриди мустанад пайдо бикунанд, ки Латифи Пидром ва ташкилоти Пидром як ҷойе муомила кард ё дар таърихи ин ташкилот муомила буда бошад. Қатъан чунин чизе вуҷуд надорад. Дар Фейсбук ҳар касе ҳар чизе менависад. Маслан менависанд, ки “Шумо мехоҳед Афғонситон ҷӯр кунед, вале мераванд дар Моймай як қария дар кӯҳеро пайдо мекунанд, ки як хар аст дар сари он куҳ ва мегӯянд, ки инро чаро ҷӯр намекунӣ... Ё Пидром мехоҳад Афғонистонро озод кунад, гапҳои калон мезанад, федеролӣ мехоҳад, ана, нигоҳ кунед ин харро, афтодаи сарак нест...” Эй мардак, охир дар ин дунё як милёрд кӯҳу хар аст.
Мо куҷо муомила кардем. Бибинед доираҳое одам дар сиёсат дорад, ки ман инҳоро мегӯям усул. Он чи ки раҳбарони тоҷик дар Афғонистон надоранд ҳамин усул аст. Боре ҳам ман ин ҳарфро бо яке аз донишмандони мантақа гуфтам. Ман ном намегирам, ин одами хеле муҳим аст, аз ҳамразмони Масъуд. Инҳо як рӯз амрикоӣ ҳастанд, як рӯз русӣ ҳастанд, як рӯз чинӣ ва ҳар касе мешаванд. Ман ҳам интиқодам ба инҳо ҳамеша ин буда. Мо як доирае доштем, доираи миллигаройӣ, демукротик ва ҳуқуқи ақвом ва табақот. Мо ҳеч гоҳ аз ин доира убур накардем. Ҳеч ҷойе ёдам намеояд ва ҳеч касе ҳам наметавонад ба ёд биоварад ё санад дошта бошад. Ман ҳамеша мунтақиди Амрико барои ҷиноятҳои мухталифаш будам ва ҳамеша ҷонибдори як иттиҳоди мантақаӣ ҳастам. Ҳамеша одаме будам, ки тарафдори муборизаи табақотӣ будам. Ҳеҷ вақте барои мо масъалаи табақот: чӣ сармоядорӣ, чӣ сусиёлистӣ, Ғарб чӣ мегӯяд, Шарқ чӣ мегӯяд, дин чӣ мегӯяд бедин чӣ мегӯяд, бетафовут набуда. Ин мумкин аст, ки ҳеч вақте таҳаққуқ пайдо накунад. Хеле чизҳост, ки намешавад, вале қарор нест, ки ту мунсариф бишавӣ. Мо медонем, ки ҳеч вақте адолати мутлақ намешавад, вале ин ҳам намешавад, ки таъмини адолати мутлақ номумкин аст, барои адолат мубориза накунем. Бинобар ин мо ҳар гоҳе, ки рафтему ба ҷабҳае ҳамоҳангӣ кардем ба хотири ҳамин адолат буда. Агар рафтему дар ҷабҳаи ҷанг бо Аҳмадшоҳ пайвастем далелш ин буд, ки ӯ як тоҷик буд ва ҳамин аҳдофро думбол мекард ва мо хостем кӯмакаш бикунем. Ман ҷамъиятӣ (манзур ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон - Озодагон) нестам. Хелеҳое, ки ба Масъуд ёрмандӣ карданду ба пирӯзӣ расид ҷамъиятӣ набуданд, ҳатто бедин ҳам буданд. Ман ҳам ба ин далел, ки Масъуд як тоҷик аст бо ӯ напайвастам. Балки далели аслӣ ин буд, ки ӯ мутаалиқ ба як миллати мазлум буд. Агар аз узбакҳо ҳам ҳимоят кардам ба ҳамин далел буда, чаро ки узбакҳо воқеан як миллати мазлуманд дар Афғонистон. Ҳазораҳо солҳост, ки ситам шудаанд, ба лиҳози мазҳабӣ ситам шудаанд. Инҳо ҳақ надоштанд, ки дар Афғонистон намозашонро бихонанд ё исмоилиҳо ё ҳиндуҳову ақвоми дигар. Ман аз ҳуқуқи инҳо ба унвони як рӯшанфикр дифоъ кардам. Бинобар ин агар ман бо ҳар касе нишастам ба хотири муомила набуда, балки инҳо мазлумтаринҳо буданд. Вале як мавридро нишон бидиҳанд, ки ман рафтан Бо Ғанӣ муомила кардам, бо Карзай муомила кардам, чун инҳо қудрат буданд. Ҷойи муомила магар ин ҷо нест? Аммо бозори худфурӯшӣ аз он сӯйи дигар аст.

Озодагон: Дар ин авохир, ки масъалаи душаҳрвандӣ дар Афғонистон матраҳ шуд, ин иддао садо дод, ки шумо шаҳрвандии Тоҷикистонро низ доред. Оё дар воқеъ шаҳрвандии Тоҷикистонро доред?

Латиф Пидром: Ман танҳо шаҳрвандии ифтихории Тоҷикистонро дорам, поспурт надорам. Шумо медонед, ки ин навъ дар тамоми дунё маъмул аст. Ман таъбаияти Тоҷикистонро надорам. Ҳамин чанд рӯз пеш худи Ғанӣ барои як амрикоӣ шаҳрвандии ифтихорӣ дод. Ман як тоҷикам ва агар Тоҷикистон ба ман шаҳрвандии ифтихорӣ додааст ҳаққи ман аст ва бо ин ифтихор ҳам мекунам.

Озодагон: Шумо ҳар замон, ки Тоҷикистон меойед бо кӣ нишасту бархост мекунед ва бо чӣ доираҳое дидор мебинед?

Латиф Пидром: Бо ҳамаи доираҳое, ки лозим мебинам. Албатта, ҳамеша доираи аввал фарҳангиёни Тоҷикистон ҳастанд. Шоирону нависандагону донишмандон. Чун ман бештар алоқаманди адабиёт ҳастам ва фурсат мекунаму ба Тоҷикистон чун биёям, бештар ба далели корҳои сиёсӣ наметавонам дар Афғонистон ба хилватгоҳҳои адабиву фарҳангӣ бирасам, инҷо ҷуброн мекунам.

Озодагон:
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки як миқдор огоҳиҳои лозиме аз Тоҷикистон доред. Нигоҳи Шумо ба Тоҷикистон чӣ аст?
Тоҷикистон як кишвари раҳошуда аз як баданаи азими Иттиҳоди шӯравӣ аст. Табъан солҳои ҷанги дохилиро гузаронд, мушкилоти зиёде дорад. Тоҷикистон фурсатҳои хубе дорад барои рушд, то кунун ба ҳар ҳоле тониста. Ин ки тониста ҷанги дохилиро ба ҳар тартибу рақаме ҷилавашро бигирад, муваффақияти бисёр калон аст. Увлавияти ҳар кишвар ва аввалин масъалаш амният аст. Шояд амният агар намебуд шумо ҳеч коре наметавонистед бикунед. Тоҷикистон ба сурат тавонист дар як ҷанги дохилӣ ғалаба бикунад, ки ин воқеан ҳушмандии мардуми Тоҷикистон ва раҳбаронашро нишон медод. Яке аз сабабҳое, ки Тоҷикистон ба ин натиҷа расид аз назари ман ин аст, ки сатҳи савод ин ҷо болост. Ман оморе доштам, ки ҳар тоҷик синфи 12 (манзур мактаби миёна-“Озодагон”) ё лисонс хонда. Ин хеле муҳим аст, ҳарчанд ба назари одам намеояд. Агар шумо инро ба ҷавомеи мо дар ҷануб муқоиса бикунед, ки 80 дар сад бесавод аст, баъд мефаҳмед, ки ин ҳад дониш доштан ва мактаб рафтан, яъне чӣ?

Тоҷикистон яке аз бузургтарин корҳояшро анҷом дод. Ҳама нақш доштанд, мардум нақш доштанд, оқилона нигоҳ карданд ва субот эҷод карданд, ки ҳоло мо ин ҷо нишастем. Ҳамчунин метавонад ин суботро идома бидиҳад ва бояд идома бидиҳад. Ман дар оғоз барои шумо гуфтам, ки инҷо хонаи ман аст ва ман ин ҷо, ки меоям бо хешу қавмҳои худам ҳам дидор мекунам. Ман агар бо сиёсиюни Тоҷикистон ҳам дидам ҳаминро гуфтам. Мо дар як ҷанги бисёр калони ҷаҳонӣ қарор дорем. Ин буҳрон метавонад ба як ҷанги ҷаҳонии тамомайёр бирасад. Ҷанги қудратҳо дар минтақа вуҷуд дорад. Ин ҷо ҳам метавонанд вазъиятро суриёӣ ё ховаримиёнаӣ бисозанд. Агар Худое накарда, чунин пилоне дошта бошанд ва эҳтимол доранд, Тоҷикистон лаббаи аввали аввал аст. Ҷанг аз ин дарвоза мегузарад, аз сарзамини ман, аз хонаи ман. Алъон ҷанг дар Моймай аст. Бинобар ин ин масъалаи ман ҳам ҳаст, чун Тоҷикистон хонаи ман ва ба таври табиӣ масъалаи ман ҳам мешавад. Зеро аввал ин ҷанг дар бахше аз хонаи ман Моймайу Нусайу Хоҳон, ки онҷо модари ман зиндагӣ мекунад, оғоз шудаву мешавад. Ман намехоҳам, ки ҷанг бошад. Мувозибати ин субот бисёр диққат мехоҳад.

Озодагон:
Мо ҳам умедворем, ки як рӯзе ба Афғонистон сулҳ биояд ва саранҷом ин миллати шариф битавонад дар рифоҳу шукуфоӣ зиндагӣ кунад.

Латиф Пидром: Сулҳ умеди ҳама аст, ман барои ҳама инсонҳо сулҳро орзу мекунам: чи сурияӣ аст, чи араб аст, чи африқоӣ аст ва чи паштуну тоҷик. Мо мехоҳем инсонҳо ҳама хушбахт бошанд. Бояд инсоният ва инсонгаройӣ ҳоким бошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр як сўҳбати ҷолиб! Хеле хонданибоб! Ташаккур "озодагон"!Ташаккур Иршод Сулаймонӣ!Ташаккур оғои Пидром!
Посух додан
  • Точик

  • 6 июл 2017 00:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Давлати Точикистон бояд ин назари Латиф Пидром оиди имкони муташаннич гардонидани минтака бояд чидди бигирад. Бояд бо нерухои точикии Афгонистон мисли даврони Масъуд хамкори кард ва ба онхо кумак намуд, на бо Ашраф Гани. Чунки Ашраф Гани худаш лухтаки амрикоихост. Агар хохем, ки аз ноороми ва хатари доиши пешгири кунем, бояд ба точикхои шимоли Афгонистон рушоду пинхон кумак кунем. Агар онхоро Амрико бо дасти чангиёнаш шикаст дихад, моро ба осони ба коми оташи чанг хохад кашид.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!