Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:09

(VIDEO) “Бохтар” ном гирифтани Қӯрғонтеппа ниҳоӣ нест"

31 июл 2017, 16:00

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Бохтар ном гирифтани Қӯрғонтеппа ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нест.

Шарофзода имрӯз, 31-уми июл дар посух ба “Озодагон” гуфт, дар масъалаи Бохтар ном гирифтани шаҳри Қӯрғонтеппа феълан гуруҳи корӣ фаъолият дорад: “То ҳол хулосаи аниқ надодааст. Хулосаи гуруҳи кориро, ки аз олимони зиёд иборат аст, интизор мешавем”.

Қаблан расонаҳо иттилоъ доданд, ки дар сатҳи ҳукумат дар мавриди номгардон кардани маркази вилояти Хатлон аз Қӯрғонтеппа ба Бохтар тавофуқи лозим ҳосил шудааст. Олимон барои Қӯрғонтеппа аз ҷумла номҳои Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловардро пешниҳод намуда буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бостоншинос

  • 31 июл 2017 23:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз хама номи муносиб барои Кургонтеппа номи Вахш аст, бе иловаи ягон пасванд. Ин води таърихан Вахш ном дошт ва дар маркази он аз а.10 то 15 сиккащои тиллои, нукраи ва миси мебароварданд, ки дар онхо номи Вахш навишта шуда буд.
Номи шахраки Сарбанд бисёр мувофик аст ва бояд нигох дошта шавад.
Аслан дар масъалаи номгузори шитоб кардан лозим нест. Номхои нав бояд то чое таърихан, мазмунан, мантикан муносиб ва дуруст, хушсадо ва осонталаффуз, зебо ва гайра бошанд. Номхои Халовард ва Левканд кадиманд, аммо чандон хушсадо нестанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!