Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:04

Ноиби раиси Кумита: Оқохон не, Оғохон дуруст аст (ВИДЕО)

1 август 2017, 13:29

Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, расонаҳои кишвар бояд Оғохон нависанд, на Оқохон.

Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумита 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, дар забони тоҷикӣ корбурди Оғохон роиҷ мебошад: “Дар шакли форсӣ Оқохон буда, дар тоҷикӣ шакли дурусти он Оғохон аст. Бинобар ин бояд дар тамоми рӯзномаҳои тоҷикӣ калимаи Оғохон истифода карда шавад”.

Ба гуфтаи Матробиён дар забони форсӣ ҳарфи “ғ”-ро “қ” талаффуз мекунанд: “Агар ба ин нигоҳ кунем, пас мо овози “ғ”-ро, ки овози тозаи суғдӣ ҳаст, аз даст медиҳем. Худи овози “ғ”, овози суғдӣ буда, дар калимаҳои зиёди суғдӣ, ба мисли нағз, боғ ва оғоз ҷой дорад”.

Муовини раиси Кумита мегӯяд, талаффузи забони тоҷикӣ аз форсӣ фарқ дорад: “Дар забони форсӣ низ дар шакли оғо менависанд ва дар шакли оқо талаффуз мекунанд. Мо дар талаффуз ва навиштамон оғо ҳаст”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хонанда

  • 1 август 2017 14:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз одамот гардам фалако! Ҳамин қадар сол ҳарфи ғ гум нашуд, бо навиштани оқохон он гум мешудааст. Мантиқ куҷост?
Посух додан
  • Тилло

  • 1 август 2017 18:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баръакс бошад даркор. Эронихо око менависанду ого талаффуз мекунанд. Ё муовини раиси кумита аз забон бехабар аст.
Посух додан
  • Киё

  • 1 август 2017 19:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир оғо гапи бад аст бародар
Посух додан
  • ADAM

  • 2 август 2017 10:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КОРИ ДИГАР НАДОРЕД НОМ ИВАЗ КАРДАН ГИРЕДУ ХАЛОС ЧО МЕНИ НОМА КАРТОШКАВУ ПИЁЗРО АРЗОН КУНЕД
Посух додан
  • Алия

  • 5 август 2017 22:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
огохон ягон гапи бад нест раиси кумита дуруст кайд карданд окохон дагал мешавад. забоншиносои хозира забона ба хок яксон карданд..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
На танҳо дар забони ҳозираи адабии тоҷикӣ, балки дар таркиби забонҳо ва лаҳҷаҳои маҳаллии тоҷикони Тоҷикистони имрӯза овоз"Ғ" ва ҳарфи "Ғғ" мавриди истифодаи
гӯяндагони ин кишваранд,аҷиб аст, ки кормандони матбуоти давлат то кунун аз ин бехабаранд ва дар навишти ному насаби ашхоси алоҳида овозро бо ҳуруфи бегонае сабт мекунанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!