Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:16

Шарти Манижаи Давлат барои бозгашт ба саҳнаи ҳунар

3 август 2017, 08:26

Манижаи Давлат, хонандаи пуровозаи поп, ки беш аз даҳ соли ахир аз саҳна канор рафтааст, шарти ба саҳна баргаштани худро эълон кард.

Манижа дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, агар санъаткороне, ки дар аз саҳна дур карданаш нақш доштанд, мисли ӯ чанд сол умри худро дареғ надоранд, ба саҳна бармегардад. Манижа дар ин навишта, ки бо таъкиди “барои кулли расонаҳо” нашр шудааст, мушаххасан аз ҳеч санъаткоре ном набурда, аммо таъкид намуда, ки онҳо барои аз саҳнаву ҳаводорон дур карданаш “номи бисёр нафаронро истифода бурданд”.

Матни ин навиштаи Манижа бидуни таҳрир:

“Барои баъзе санъаткорхое, ки хелеее талош карданд, ки ман аз сахнаву хаводоронам дур шавам то, ки онхо рушд кунанд ва барои ин бисер чизхо ва номи бисер нафаронро истифода бурданд, харчи чи,ки хостанд дарег надоштам ва шанс додам. Гуфтам: бигузор, агар ба хамин кадар кор ки душмани ман хурсанд гардад ман розй...
Саволе ба миён меояд,ки онхо хам метавонанд 11-12соли умри худро барои ман дарег надоранд.Агар тавонанд-МАН БА САХНА БАРМЕГАРДАМ!
Манижаи Давлат барои кулли расонахо.m.d”

Манижаи Давлат соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, фориғутаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 2006 мебошад. Ӯ соли 2001 бо ҳамовозӣ дар як таронаи Сироҷиддин Фозилов, хонандаи саршиноси тоҷик рӯи саҳна омад ва зуд шуҳрат ёфт. Яке аз нахустин хонандаҳои попи тоҷик акст, ки дар Афғонистон ҳунарнамоӣ кард. Аммо баъдан ба таври мармуз аз саҳна канор рафт ва далелашро ҳам ҳеч гоҳе ошкор накада буд. Дар солҳое ки берун аз саҳна буд, барои чанд хонандаи тоҷик, монанди Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳринигори Рустам, Ҷонибеки Мурод, Баҳроми Ғафурӣ, Зайнура Пӯлодова ва чандеи дигар оҳангҳо навишт. Дар ин муддат ду таронааш ҳам ба дасти ҳаводоронаш расид: яке “Осмон боронист” ва дигарӣ “Метарсам”, ки дар якҷоягӣ бо Ҳабиб Ҳакимов иҷро шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хамроз

  • 3 август 2017 09:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эх чандвакт боз хаминро хангома карда гаштед ана дидем охир бе манижаву дигарашхам рузамон мегузаштааст мана зиёда аз 10 сол шуд чи ин кадар мухобот мекунед... Хайр маълум аст ки садои хубу хунари нотакрор дорад вале аку мешинен хами мотам гирифта ки ки кай мебарояд ба пеш бояд харакат кард бояд аз ин хам дида чехрарахои наву бо истеъдодро кашф кард мешине акуМанижаааааа Манижааааааа гуфта. хай равад ки хами духтар нахохад сахнаро дидан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имрузхо сарояндахои чавони боистеъдод хеле зиёд шудаанд, ки мактабхои мусикиро дар хоричу дохили кишвар хатм кардаанд ва бо ягон намуди асбоби мусики менавозанд. Манижа аз ин хунархо дур аст ва дигар ракобат карда наметавонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0

Зиндагӣ майдони мубориза аст, Манижабону
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Манижа барои ҳаводоронаш бармегардад, на барои пойга.
Посух додан
  • Nabi farhor

  • 3 август 2017 20:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зеби саҳнаи Тоҷик ин Манижа аст.Бовар кунед ҳозира баъзе ҳофиза ро мебинем дар Тв на овозашро шунидан мехоҳам на тамошо карданд.Ягон ҷойи пинҳони нест кадом ҳофиз ё ҳофизаҳо Манижаро аз саҳна берун карданд.Ҳама медонанд.Як матал ҳаст " то шамол нашавад барги дарахт намеҷунбад "
Аҳсан ба шумо Манижа ташнаи овозат шудаем.Марҳамат ба саҳнаи Тоҷик
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Манижачон илиимос хохарчон дигар баруи сахна барнагард чунки Худованд туро хидоят кард ва дар точикистон аз руи статистика то садсола хофизу хафиза мерасад
Посух додан
  • Точик

  • 6 август 2017 06:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Манижа ту агар сатрро бадар карда ба сахна баргарди, Аллох туро хеч гох намебахшад. Фикри охиратро кун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Манижа-чон шарвандони як чанд штати Канада дар интизори Шумо Хастанд Бе Шумо Санаи точик Зеб надорад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!