Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:19

“Тоҷиксуғурта”: Зарардидаҳои бозори Корвон шартномаи суғуртавӣ надоштанд (ВИДЕО)

4 август 2017, 14:52

Масъулини корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ҳеч як соҳибкори аз сӯхтор зарардидаи бозори Корвон шартномаи суғуртавӣ надоштанд ва аз ин рӯ ба онҳо ҷуброни зарар пардохт нашудааст.

Абдулло Абдуллоев, муовини директори ширкати “Тоҷиксуғурта” имрӯз, 4 август зимни як нишасти матбуотӣ бо зикри ин нукта гуфт, агар соҳибкорон бо онҳо қарордод мебастанд, ҳатман маблағи зарари расида пардохт мегардид. Ба қавли ӯ, соли 2016 барои шартномаи ҳамкорӣ ба раҳбарияти бозори Корвон чор мактуби расмӣ ирсол намуда, дар ду ҳолат ҷавоби рад ва дар ду ҳолати дигар номаҳояшон бепосух монд: “Намояндагии ширкати мо дар ноҳияи Фирдавсӣ соли 2016 се-чор маротиба мактуби расмӣ ирсол намуд, аммо роҳбарияти бозор расман рад карданд”.

Сӯхтори дар бозори Корвон шоми 2 июли соли равон сар зад. Дар натиҷаи он 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дид. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхторро "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ" унвон кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Махмасиид

  • 6 август 2017 23:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албата, "сугурта" надоштан. О бе сугурта ягон корхона техпаспорт намедихад ку!!!!
Посух додан
  • тошболта

  • 7 август 2017 12:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
точиксугурта илтимос нахандонед...
Посух додан
  • Профессор

  • 7 август 2017 19:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Озодагон, агар мушкил набошад мегуфтед, ки дар видео аз тарафи рост он зан кист? Ташакуур

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!