Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:20

Юлдошев: Фирефтаи қаллобон нашавед, коре аз дасташон намеояд (ВИДЕО)

4 август 2017, 15:12

Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват намуд, ки фирефтаи қаллобон нашаванд, зеро онҳо коре барои донишҷӯй шудани довталабон карда наметавонанд.

Юлдошев имрӯз, 4-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, довталабу наздиконашон бояд ҳушёр бошанд, зиракиро аз даст надиҳанд: “Дар низоми имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ, касе қодир нест, ки ба натиҷаи довталабон таъсир расонад. Қаллобӣ дар ҳар давру замон буд, пеши инро ҳеч кас гирифта наметавонад. Аммо ин амалҳо ҳеч рабте ба Маркази миллии тестӣ надоранд”.

Ёвари директори Маркази миллии тестӣ барои рӯйи об овардани амали қаллобон чунин маслиҳат дод: “Довталаб вақте имтиҳонашро месупорад метавонад, холҳояшро ҳисоб кунад. Баъди донистани холҳои бадастовардааш ӯ метавонад, аз он нафар, ки ваъдааш додааст, суол кунад, ки оё худат ба ҳамин холи ман як хол илова карда метавонӣ? Албатта не. Дар мавриди чунин ҳолатҳо ба мо дар марказ муроҷиат мекунанд, ба онҳо ин роҳро нишон медиҳем. Вақте қаллоб имкони як хол илова карданро надошта бошад, бо кадом роҳ метавонад барои дохилшавӣ мусоидат кунад?”.

Юлдошев афзуд, ки тайи 4 соли охир ягон ҳолати қаллобие, ки бевосита ба марказ рабт дошта бошад, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта нашудааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!