Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39

Маркази қонунгузорӣ ҷангро сабабгори бисёрзанӣ хонд

7 август 2017, 11:39

Раёсати Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд қонунӣ кардани бисёрзанӣ дар кишвар мухолифат бо Конститутсия дорад.

Умрилло Меликов, сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази мазкур, зимни нишасти хабарӣ гуфт, “давлати Тоҷикистон демократӣ асту баробарии зану мард аз Конститутсия бармеояд. Баъзе камбудиҳо, ки дар таҷриба ҷой доранд, маънои хато будани қонунро надорад”.

Дар мавриди он, ки бисёрзанӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд ҷой дорад, Меликов таъкид кард, ки ҳуқуқвайронкуниро пурра решакан карда намешавад, балки кам карда ва ё то дараҷае пеши роҳи онро гирифта мешавад: “Ҳамеша баъзе камбудиҳо дар ҷомеа пайдо мешаванд ва журналисту ҳуқуқшинос ҳам барои ин даркоранд, ки барои пешгирии он фаъолият баранд. Агар табиб бемориҳои ҷисмиро табобат кунад, пас ҳуқуқшиносон барои табобати бемориҳои ҷамъиятӣ машғуланд”.

Маҳмад Раҳимзода, мудири Маркази миллии қонунгузорӣ ҷой доштани бисёрзаниро ба шароити баъдиҷангӣ рабт дод, ки ба гуфтаи ӯ дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ шумораи занон нисбат ба мардон зиёд шуд: “Кӣ мехоҳад, хоҳару наздиконаш дар кӯча монанд? Мушкилиҳо ба вуҷуд омад ва инро ба ҳабс табдил додан ҳам қобили қабул нест. Мо хоҳем нахоҳем оила бе мушкилӣ намешавад. Оила тинҷ бошад ҷомеа ва давлат тинҷ ҳаст. Албатта давлат дар фикри ин масъала ҳаст. Замона, тақдир моро ба ин рӯз овард ва рӯзе мешавад, ки масъала ҳал мешавад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • РТЦ

  • 7 август 2017 13:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аки Умрилло......... winked
Посух додан
  • Тамошобини цирк

  • 7 август 2017 18:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э бие монеее итри шухи ныкын .

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!