Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39

Додситонӣ: Хоҳари ҳунарманди Сирки давлатӣ ба ҷойи кораш барқарор шуд

7 август 2017, 14:22

Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мегӯяд, дар робита ба матлаби “Хоҳари ҳунарманди сирки давлатӣ: Баъди муроҷиат ба расонаҳо маро аз кор ронданд”, ки 16 июни соли 2017 дар хабаргузории “Озодагон” нашр шуд, санҷиш гузарондааст.

Дар ин матлаб Умеда Ҳусейнова, як корманди Сирки давлатии Тоҷикистон шикоят карда буд, ки баъди муроҷиатҳояш ба расонаҳо ӯро аз кор рондаанд. Хонум Ҳусейнова аввалҳои моҳи июн ба дафтари “Озодагон” омада, изҳор дошта буд, соле қабл хоҳари ӯро, ки ҳунарманди сирк аст, дар як ҳайат бо ваъдаи ширкат дар ҷашнвораи сиркӣ барои се моҳ ба Миср бурданд, аммо ҳанӯз барнагаштаанд. Ба гуфтаи Умеда, чор сол мешавад, ки дар Сирки давлатӣ нахуст дар бахши муҳосибот ва баъдан ҳамчун хаткашон фаъолият дошт, аммо баъди муроҷиаташ ба расонаҳо – “Озодагон”, “СССР”, “Садои мардум” ва шикоят ба мақомоти дахлдор, раҳбарияти Сирк ӯро аз кор озод карда, аммо далелашро нагуфтаанд: “Чанд бор хостам пеши директор дароям, аммо котибааш гуфт, имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон нест”.

Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ дар як нома унвонии “Озодагон” навиштааст, баъди муроҷиати Ҳусейнова ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ӯ бо фармони иҷрокунандаи вазифаи директори Сирки давлатӣ 14 июли соли равон ба ҷойи кораш барқарор шудааст.

Дар мактуби додситонӣ қайд гардидааст, ки “оид ба гузарондани санҷиши риояи қонунгузорӣ вобаста ба меҳнат дар ин муассиса аз ҷониби прокуратураи ноҳия ба шӯъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе мактуб ирсол карда шуд”.

Ба иддаои Умеда Ҳусейнова моҳи июни соли 2016 хоҳараш -- Гулнора Ҳусейноваи он замон 17-соларо дар як ҳайати шашнафара ба Қоҳира фиристоданд. Тибқи шартнома ҳузури ин ҳайат дар Миср бояд аз 20 июн то 20 сентябр идома меёфт, аммо бо гузашти як сол ҳанӯз барнагаштаанд. “Хоҳари маро иштирок дар фестивал гуфта бурданд, аммо онҷо маҷбур кардаанд, дар як сирки хиёбонӣ баромад кунад”,-таъкид намуда буд, Умеда.

Ба қавли вай, хоҳараш дар коллеҷи технологӣ таҳсил мекард ва бо далели ҳозир нашудан ба дарсҳо ихроҷаш карданд.

Зимнан, ба иттилои Додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, вазири фарҳанги Тоҷикистон муҳлати будубоши ин ҳайатро то 20 майи соли 2017 тамдид кардааст: “Сирки давлатии Тоҷикистон барои тамдиди навбатии муҳлати сафари ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намудааст, ки он то ба ҳол баррасӣ нашудааст”.

Ин ҳам дар ҳоле ки Ашӯр Раҷабов, директори Сирки давлатии Тоҷикистон 5 июн дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфта буд, раводиди ҳайат рӯзҳои наздик омода шуда, ба Ватан бармегарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • САФАРАЛИ

  • 7 август 2017 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шикоят куни дар бало шикоят накуни аз хама мондаги пас чи кор кунанд?! Мардумро онкадар тарсу кардаанд, ки дигар чизе гуфта наметавоананд!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!