Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 20 январ 2018, 04:39

Узбакистон: Тоҷикҳо мисли 26 соли пеш 4,8%-и аҳолиро ташкил медиҳанд

7 август 2017, 16:51

4,8 дарсади аҳолии Узбакистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ин нукта дар гузориш оид ба вазъи демографии Кумитаи давлатии омори Узбакистон таъкид шудааст.

Ин дар ҳоле, ки бино ба омори соли 1991 ҳам 4,8 дарсади аҳолии он кишварро тоҷикон ташкил медодаанд.

Дар гузориш омадааст, давоми 26 соли ахир аҳолии Узбакистон 11,5 миллион ё якуним баробар бештар шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2017 аҳолии Узбакистон 32,1 миллион нафар ҳисоб шудааст.

Ба иттилои бахши узбакии “Спутник”, агар соли 1991 -- 72,8 дарсади аҳолии ин кишварро узбакҳо, 2,1% қарақалпоқҳо, 7,7 русҳо, 4,8 тоҷикон, 4,1 қазоқҳо, 2,0 тоторҳо, 0,7 укроинҳо ташкил медоданд, ба ҳолати 1 январи соли 2017 ин нишондод чунин аст: узбакҳо 83,8%, қарақалпоқҳо 2,2%, русҳо, 2,3%, тоҷикон 4,8 %, қазоқҳо 2,5%, тоторҳо 0,6% ва укроинҳо 0,2%.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • узбектабор

  • 7 август 2017 17:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар узбакистон гайрирасми точикон аз 11 то 16 миллион ва аз ин хам змедаро ташкил медиханд. Озоди инашро чоп кун.
Посух додан
  • рахмдил

  • 7 август 2017 19:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи точикои Самарканду Бухоро ай бахра мондиян ки ай 4,8-дига зиёдуш наменен.
Посух додан
  • Шопур

  • 7 август 2017 23:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин сафсата аст, дар асл точикон нисф ва ё аз нисф зиёди ахолии Узбакистонро ташкил медиханд. Ахолии ду шахри калон- Самарканд ва Бухоро кариб пурра точиканд, вилоятхои ин ду шахр, Сурхондарё, Фаргона хама пур аз точиканд.
Посух додан
  • Вилоят

  • 8 август 2017 11:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рахмдил,
Ин бисершавии ахолия (точикро) хисоботи омора дар кадом кисмат чой карда бошанд, ки зиедшави нест, ачоиб.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Биёед камтар токат кунем агар муносибат бо Узбакистон хамин хел рафтан гирад фоизи точикон хам дар баруйхатгирии навбати зиёдтар мешавад
Посух додан
  • Неъматуллои Нурулло

  • 9 август 2017 10:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тоҷикон дар Узбакистон аз нисф ҳам бештаранд, зеро ба намуди ин миллат нигаред, ки аксар ба тоҷикони аслӣ, яъне ориёиҳо шабеҳанд. Ҳар миллатро на аз руи шиноснома, балки аз рангу намудаш мешиносанд. Дар коғаз метавон ҳар чи навишт, навишта шаклу шамоилро тағийр намедиҳад. Онҳое, ки худро узбак будан мехоҳанд, бояд шаклашон монандӣ ба қазоқҳо ва қирғизҳо...кунад, зеро онҳо худро аз нажод мегиранд. Дар сурате, ки шахс ба ориёӣ-тоҷик монанд асту дар коғаз узбакаш навиштаанд, ҳеҷ гоҳ узбак нест, тоҷик аст ва монандҳоро мо тоҷик мехонем. Гап дар фоизи зиёд овардани шумораи миллат нест, ки 100 фоиз бошад ё 5 фоиз. Асос шакл, монандӣ...меравад, ки фоизи бештари аҳолии Узбакистон тоҷикранганд, на қозоқрангу қирғизранг....
Посух додан
  • Улло

  • 9 август 2017 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Посух додан
Неъматуллои Нурулло
Аз Нептун афтодаи чи? кор шамшер мекунад на гилоф киёфа хеч ахамият надорад дар дунёи имруз хеч 7 миллион хазораи мугулнажоди Афгонистон ин кадар фархангит форсиро ва забони дариро химоят мекунанд ки гуфтан гир, хар касе ки худро точик намешуморад точик нест чи шабохат ба Зартушт дошта бошад чи ба Фирдавси. мисли Лоик як чехраи хоксоронаи Зарафшонии камтар монанд ба хазора бошаду кор кунад сахми худро бигзорад барои ободии ин кишвар. Ин харфат комилан бемантик ва гайри кобили кабул аст. Чехра дар чахони имруз хеч мухиммияте надорад. хеч хатто дар чойгохи 100 ум хам намешавад гузошт. Рухан точик бошад калбан форсии дариро дуст дорад аз он ки ин забонро хуб медонад ё на ( чун мухит ва шароит инсонро ба бор меорад)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёре аз тоҷикон замоне ба Русия рафта, бо 3-4 сол онҷо зиндагӣ кардан, аллакай аз тоҷикии худ даст мекашанд. Ҳатто дар Душанбе ин тоифа тоҷикон кам нестанд. Ҳоло ҳам офарин ба он тоҷикони Узбакистон, ки як умр байни узбакҳо зиндагӣ карда, боз ҳам худро тоҷик мешуморанд. Чун дину фарҳанги тоҷикону узбекҳо як аст, эҳтимолияти омехташавии тоҷикҳо дар Узбакистон ва узбакҳо дар Тоҷикистон сад фисадро ташкил мекунад. Дар Тоҷикистон низ бисёре аз узбакҳо дар шиноснома худро тоҷик нишон додаанд. Ин тамоюл аҳамияти практикӣ дорад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!