Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:14

Оянданигарии равандҳои муосири минтақа ва ҷаҳон

9 август 2017, 09:30

“Озодагон” авохири моҳи сипаришуда матлаби журналист Салими Аюбзодро бо номи “Нигоҳ ба оянда. Баъд аз 30 сол бо Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд? нашр кард ва аз ҳамаи донишмандон, соҳибназарон, таҳлилгарони тавонои тоҷик дар саросари олам, ҳамчунин устодону муҳаққиқони Академияи улум ва донишгоҳҳои кишвар даъват кард, ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, назароти оянданигарии худро рӯйи саҳфа биёранд. Чанде аз донишмандон паём доданд, ки ба ин баҳс ҳатман доман хоҳанд зад ва нахустин шуда, файласуфи шинохта Ҳафиз Бобоёров матлаби худро унвонии “Озодагон” ирсол намуд.


Умедворем, донишмандону равшанфикрони дигар ҳам ба ин баҳси милли шарик мешаванд. Матлабҳои худро бо нишонии ozodagonweb@gmail.com ва abdulazizvoseev@gmail.com бифиристед.


Ҳафиз БОБОЁРОВ,
файласуф


Дар даҳсолаҳои охир оянданигарии илмӣ (футурология) ба омӯзиши байнисоҳавии илмҳои инсонӣ вадақиқ табдил ёфтааст. Дар донишгоҳҳои пешқадами ҷаҳон машғулиятҳои байнисоҳавие чун“омӯзишҳои рушд” (“development studies”) ва “илмҳои зиндагӣ” (“life sciences”) вуҷуд доранд. Онҳо мавзӯъҳои муҳими зиндагии инсонро интихоб карда, бо усулҳои гуногуни илмӣ меомӯзанд. Дар чунин омӯзишҳои байнисоҳавӣ намояндагони илмҳои биология, генетика, физика, кимиё, экология, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ғайра ба ҳам омада, дар лоиҳаҳои якҷоя кор мекунанд. Мавзӯъҳои омӯзиш аз гармшавии иқлим гирифта топиршавии инсонро фаро мегиранд. Финландия дар дабиристон аз омӯзиши фаннӣ (омӯзиши фанҳодар алоҳидагӣ) ба омӯзиши мавзӯӣ (омӯзиши мавзӯъҳои муштараки байнифаннӣ, чун инсон, муҳити зист ва гармшавии иқлим) гузашта, дар ин роҳ комёб гардидааст.

Ба ҷуз донишгоҳҳо ва давлатҳои алоҳида, марказҳои мустақиле ҳастанд, ки ба як ё якчанд мавзӯъ ва масъалаи футурологӣ ихтисос ёфтаанд. Дар ин маврид, метавон аз “Лоиҳаи Зуҳра” (“The Venus Project”), “Шаҳри дарозумрӣ” (“The LongeCity”, собиқ Immortality Institute –Институти Ҷовидонагӣ) ва Бунёди СЕНСном бурд, ки олимони соҳаҳои гуногунро ба ҳам овардаанд. Якумӣ ба татбиқи технология ва энергияи сабз ва дуюмию сеюмӣ ба кашфи рози дарозумрӣ ва бемаргии инсон машғуланд. Тарафдорони бемаргии инсон зиёд шуда, ҳаракате бо номи “Tрансгуманизм”таъсис додаанд. Дар назди Академияи илмҳои Русия Институти таҳлили системавӣвуҷуд дорад, ки ба омӯзиши масъалаҳои футурологӣ машғул аст.

Новобаста ба ин ниҳодҳои оянданигарии илмӣ, фазои зеҳнию интеллектуалии ҷомеаҳоро аксаран назарияҳои динӣ ва модернистӣ дар бораи ояндаи инсоният пур кардаанд. Ҳадафи аслии ин назарияҳо дар зеҳни мардуми одӣ, ки аксарияти аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, ҷо кардани боварӣ ба оянда аст. Боварӣ ба ояндае, ки рушду инкишоф ва пешрафт дар пай дорад, боварӣ ба ояндае, ки хатари ҷиддие рух намедиҳад, боварӣ ба ояндае, ки мисли имрӯз аст ва боварӣ ба ояндае, ки дар китобҳои муқаддас пешбинӣ шудааст. Барои ин гуна бовариро дар зеҳнҳо парвариданупазируфтан назарияҳое чун позитивизм, марксизм, назарияи тавтеа, бархӯрди тамаддунҳо, фарҷоми таърих ва идораи хаос саҳм мегузоранд. Чун аз мавзӯъ берун аст, ин ҷо ба тафсили ҷузъиёти ин назарияҳо намепардозем.

Аммо ин назарияҳо воқеиятро ифода намекунанд. Балки таҳаввули воқеият дар оянда эҳтимолиятҳои плюралистӣ, яъне вобаста ба тарзи муносибати инсоният паҳлуҳои гуногун хоҳад дошт. Инро асосгузори мафҳум ва соҳаи “футурология” –профессори олмонӣ Оссип К. Флехтҳайм дар солҳои 1940-ум “илми нави эҳтимолиятҳо” номида буд, ки на ояндаи ягона, балки ояндаҳои алтернативӣ ва плюралиро меомӯзад. Ду паҳлу ё худ ду маҷмӯи эҳтимолиятҳои асосии оянда инҳо мебошанд:
Маҷмӯи эҳтимолиятҳои бархӯрди бохирадона: Агар инсоният воқеиятро бохирадона танзим кунад, метавонад дар рӯи Замин ва умуман дар Кайҳон зиндагии шоиста ва амну осуда ташкил кунад.
Маҷмӯи эҳтимолиятҳои бархӯрди бехирадона: Агар инсоният дар воқеиятсозӣ аз хирад кор нагирад, бархӯрдҳои имрӯза шиддат ёфта, хатарҳои бештаре дар пай хоҳанд дошт.

Бо назардошти воқеияти хатарзои имрӯзаи ҷаҳон ва дар бештари маврид муносибати бехирадонаи инсоният ба ин душворӣ, мехоҳам ин ҷо рушди равандҳои муҳими ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллиро оянданигарӣ кунам. Оянданигарии ин равандҳо умедворкунанда нест, яъне эҳтимолиятҳои бархӯрди бехирадона бештар мебошад.Дар айни замон, дар ин мақола, то ҷое равост, алтернативаҳои умедбахши ин равандҳо (эҳтимолиятҳои бархӯрди бохирадона) низпешбинӣ мегардад.Дар мақолаи дигаре (“Алтернативаҳо ва моделҳои рушди ҷомеаи инсонӣ дар ойинаи футурология” // Маҷаллаи “Илм ва ҷомеа” (Академияи илмҳои Тоҷикистон). № 1-2. 2016. – саҳ. 35-55) эҳтимолиятҳои бархӯрди бохирадона (илмӣ)-ро баррасӣ карда будам. Ин ҷо бештар ба эҳтимолиятҳои бархӯрдҳои бехирадона дар оянда таваҷҷуҳ карда мешавад. Масалан, охирин намунаи чунин бархӯрд берун шудани ҳукумати Трамп дар Амрико аз Паймони Париж дар бораи иқлим мебошад. Шояд ҳукуматҳои минбаъдаи ин кишвари абарқудрат ба Паймон баргарданд, вале тағйироти иқлим ҳикмати “дер ояду шер ояд”-ро намепазирад. Кишварҳое, ки саноаташон босуръат инкишоф меёбад (чун Чин, Ҳиндустон, Бразилия ва Русия), ба Паймони мазкур манфиатдор нестанд.

Кайҳост, ки сармоядорон ва қудратмандон, ки зоҳиран ба давлатҳои алоҳида тааллуқ доранд, дар фазои ҷудо аз дигар қишрҳои ҷомеа зиндагӣ мекунанд. Маъмулан ин фазо “зонаҳои офшорӣ” номида мешавад. Донишманди ҳиндӣ-амрикоӣ Арҷун Аппадурай чунин фазоро “финансскейп” номида буд. Дар ояндаи наздик, пойгоҳҳои иттилоотӣ ва интеллектуалии мустақил (чун WikiLeaks ва Open Access Foundation) ин ҷаҳони аз чашми мардум пинҳонро бештар фош мекунанд. Онҳо моҳияти аслии созмонҳои моликиятдорӣ (чун Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бунёди Байналмилалии Асъор)-ро ошкор мекунанд, ки ба ҳимояи ҳуқуқи моликияти давлатдорон ва сармоядорон машғул ҳастанд. Тибқи пажӯҳиши Оксфам дар соли 2015, танҳо 1 дарсади сарватмандон дар муқоиса ба 99 дарсади аҳолии ҷаҳон сарвати бештар доштанд ва ин фароғ дар байни сарватмандону камбизоатон рӯ ба афзоиш аст.Агар соли 2014 48 дарсад сарвати ҷаҳон дар ихтиёри ин 1 дарсад буд, то соли 2020 ба 54 дарсад мерасад. Соли 2015 сарвати 62 миллиардер ба дороии нисфи аҳолии ҷаҳон баробар шуд, дар ҳоле ки дар соли 2010 388 миллиардер ҳамин андоза сарват доштанд.

Дар натиҷаи чунин фошкории нобаробарӣ ва ноадолатӣ норизоятии мардум афзоиш ёфта, сармоядорону қудратмандон аз давлатҳояшон бегона мешаванд. Онҳо дигар дар интихобот овози кофӣ намегиранд, то ҳузури худро таъмин намоянд. Барои ҳифзи манфиатҳои молӣ ва ҷонии худ онҳо зонаҳои офшориро ба колонияҳои худ табдил медиҳанд. Дар натиҷа, Замин аз ҷиҳати сиёсӣ ба ду қисмати бузург тақсим мешавад:
Колонияҳои офшорӣ (ҳукуматҳои сарватмандон) ва
Колонияҳои хокӣ (ҳукуматҳои чирикӣ-ҷиноӣ).
Муборизаҳои синфӣ ва мазҳабӣ, ки тӯли асрҳо дар ҷараён буд ва имрӯз ба авҷи худ расидааст, гурӯҳҳои чирикӣ (партизанӣ) ва ҷиноиро тақвият мебахшанд ва бо давлатҳои хурд ва миёна баробарвазну рақобатпазир месозад. Дар ин муборизаҳо хатарҳое вобаста ба ҷангу террорҳои ҳастаӣ, биотерроризм, бемориҳои пандемӣ (бемориҳои сироятии умумиҷаҳонӣ)ва интеллекти сунъӣ афзоиш меёбанд ва дар баъзе мавридҳо амалӣ мегарданд. Ник Бостром ин ва ҳамчунин хатарҳои табиию экологӣ ва кайҳониро “таҳдидҳои вуҷудӣ” (“existential risks”) меномад, чун эҳтимоли ба нестӣ кашидани ҳастии инсонро дар ҷаҳон меафзоянд.

Сиёсатҳои хатарафканӣ, ки бахусус ҷанбаҳои экологӣ ва энергетикӣ хоҳанд дошт, ба объекти муборизаҳои чирикӣ-ҷиноӣ табдил меёбанд. Тадриҷан идораи сарҳадҳои давлатӣ ва объектҳои стратегӣ дар Колонияҳои хокӣ суст мешавад, чунки ба ин сармоядорону қудратмандон манфиатдор нахоҳанд буд. Бозигарони асосӣ дар ҷаҳони оянда на фақат давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, балки инчунин гурӯҳҳои чирикӣ-ҷиноӣ ва дар баъзе мавридҳо доираҳо ва шабакаҳои интеллектуалиро фаро мегиранд. Худи мардум ба сарҳадҳои байнидавлатӣ ҳеч гоҳ манфиатдор набудаанд, ҳамеша сарҳадҳоро,бо вуҷуди тамоми мушкилот, убур мекардаанд ва новобаста ба тааллуқияти миллию мазҳабӣ дар давлатҳои гуногун истиқомат мекардаанд (Виллям Макнайл). Ин равандро дар илмҳои иҷтимоӣ ва инсонии имрӯза “транслокализм” меноманд. Яъне, шумори бештари одамон на дар як маҳал, балки ҳамзамон дар чандин маҳалҳои фаромиллӣ зиндагӣ, кор ва фаъолиятмекунанд.

Бо вуҷуди ин, мардуми одӣ тасмимгиранда нестанд, гарчанде зиёда аз 90 дарсади аҳолии Заминро ташкил медиҳанд. Бо фош шудани асли ҳукуматҳо ва сармоядорон ҳамчун “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” (Чарлз Тилли) ва, бинобар ин,маҳдуд ва дур шудани онҳо аз давлатдорӣ, таблиғоти онҳо дар мавриди ҳуқуқи башар, озодӣ, демократия ва дигар арзишҳои инсонсолорӣ мардуми одиро мафтун ва фирефта карда наметавонад. Аз ин рӯ, на фақат давлатҳои миллӣ ва мазҳабӣ ва ҳамчунин созмонҳои нигаҳбони демократия ва ҳуқуқи башар, чун СММ таъсири худро дар контроли ниҳодҳои ҷомеато андозаи чашмрас аз даст медиҳанд, балки инчунин созмону гурӯҳҳои чирикие тавоноӣ пайдо мекунанд, ки мардумони одиро ба “гаравгон” мегиранд. Ба ҷои давлатҳо, ин гурӯҳҳои чирикӣ Колонияҳои хокии худро барои кӯтоҳмуддат ва ё дарозмуддат таъсис медиҳанд. Намунаи имрӯзаи чунин колонияҳо минтақаҳои нуфузи Толибон ва ДИИШ ба шумор мераванд.
Гурӯҳҳои чирикӣ асли баромади гуногун хоҳанд дошт: яке, аз ҳисоби муборизони озодихоҳ ва ё адолатхоҳ, дуюмӣ, аз ҳисоби ҳизбу ҳаракатҳои мазҳабӣ, сеюмӣ, аз ҳисоби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, чорумӣ, аз ҳисоби ҳукуматҳое, ки қудрати худро аз даст додаанд, вале натавонистаанд ба Колонияҳои офшорӣ пайванданд. Аз ин рӯ, системаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва адолатгустарӣ метавонанд дар Колонияҳои хокӣ гуногун ва ҳатто бар алайҳи якдигар бошанд. Дар ин замина, ихтилофҳо ва ҷангҳои байничирикӣ афзоиш меёбанд.

Тақрибан то охири садсолаи 21 таъсири гурӯҳҳои чирикӣ аз ҳисоби ҳизбу ҳаракатҳои мазҳабӣ бештар хоҳад буд, чун дар ин муддат ҳувияти динию мазҳабии мардум аз дигар ҳувиятҳо муҳимтар мешавад. Ҳадафи асосии муборизаҳои чирикӣ на озодихоҳӣ ва адолатталабӣ, балки идораи зонаҳои муайяни таъсиррасонӣ (чи ҷуғрофӣ ва чи шабакавӣ) ва ғасби захираҳои табиӣ ва инсонӣ хоҳад буд. Гурӯҳҳои чирикӣ-ҷиноӣ бахусус дар минтақаҳое пирӯз мегарданд, ки сарватҳои табиӣ ва корхонаҳои истеҳсолии ба энергияи “сиёҳ” асосёфта доранд. Бо вуҷуди фарогиртар шудани энергияи сабз (обӣ, офтобӣ, бодӣ ва ғайра), энергияи “сиёҳ” (нефт, газ, ангиштсанг, ашёи хоми метал, семент, пахта ва ғайра) дар доираи маҳдуд харидор ва дар Колонияҳои хокӣ корбурд хоҳад дошт. Дар ҳоле ки гурӯҳҳои ҳокими ин энергия даромади худро ба мардум тақсим нахоҳанд кард, ин энергия(ба мисли маводи мухаддир) ба сарчашмаи афзоиши муноқишаҳо ва нобаробариҳо табдил меёбад.

Се омили асосӣ – бекорӣ, бесаводӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мардуми одӣ боиси тақвияти бештари нобаробарии байни одамон мегардад. Тибқи маълумоти СММ, шумораи бекорон, махсусан аз ҳисоби ҷавонон, сол ба сол зиёд мешавад. Ин шумора аз 12,9 дарсад дар соли 2015 то 13,1 дарсади шумораи умумии ҷавонон дар ҷаҳон дар нимсолаи аввали соли 2017 афзудааст. Аз як тараф, афзоиши бекорӣ, сифати пасти маориф ва тиб ва аз тарафи дигар, тағйироти иқлим ва дигар офатҳои табиӣ камбизоатӣ ва нодории зиёдааз 4 миллиард аҳолиро сангинтар мекунад. Ин дар ҳолест, ки тавсияҳои Созмони байналмилалии кор (ILO) барои ташкили ҷойҳои кории нав ҳеч гоҳ ҷиддӣ гирифта нашудаанд.

Дар чанд садсолаи гузашта, махсусан, дар кишварҳои саноатии Ғарб ҳувияту шуури синфӣ барои ташаккули ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ муҳим буд. То андозае синфи коргар ва асоси идеологии он (Марксизм) муҳаррики таърих ба шумор мерафт. Инқилобҳои синфӣ тавонистанд то ҳадди муайян муносибатҳои ҷамъиятиро ислоҳу тағйир диҳанд. Аммо набуди заминаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз он ҷумла истеҳсолоти саноатӣ дар кишварҳои шарқӣ натавонист синфи коргарро ташаккул диҳад. Дар натиҷа, дар ин муддат гурӯҳҳои чирикӣ ва идеологҳои онҳо бо истифода аз шуурии мазҳабӣ мардуми Шарқ, бахусус, мусулмононро ба мубориза даъват мекарданд ва ҳанӯз ҳам мекунанд. Аммо дар оқибати кор ин гуна мубориза мардумро аз юғи истисмор наҷот намедиҳад, дар ҳоле ки мардуми одӣ бо муборизаи худ манфиатҳои синфи ҳокимро ҳимоят мекунанд. Ихтилофҳои дохилисинфии ҳокимон ба омили асосии муборизаҳои чирикӣ табдил меёбанд. Синфи ҳоким ба ҳадафи худ мерасад: гарчанде яке аз сабабҳои асосии нобаробарӣ ва беадолатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ худи онҳо мебошанд, ба ҷои худ душмани дигареро ба намоиш мегузоранд. Ин душман “куффор”, “бегона”, “мустамликадор” ва “хоин” номида мешавад. Ҷанги муқаддас бар зидди ин “душман” эълон мегардад, ки ба дасти синфи ҳоким идорапазир аст. Ҳамин мантиқи муборизаҳои чирикӣ дар чанд даҳсолаи оянда идома пайдо мекунад. Муборизаҳо гӯшаҳои гуногуни ҷаҳонро фаро гирифта, гурӯҳҳои чирикӣ на фақат дар Шарқ (Осиё ва Африка) ва Амрикои Лотинӣ, балки дар Ғарб (Аврупо ва Амрико) низ фаъол мегарданд. Дар бисёри мавридҳо онҳо аз давлатҳои мавҷуда қавитар мешаванд, чун ҳам соҳиби қудрати ҳарбӣ мегарданд ва ҳам тарафдории мардуми одии бекору бесавод ва муҳоҷиру овораро ба худ касб мекунанд.

Афзоиши шумори одамони бешаҳрвандӣ ба ин раванд суръат мебахшад.Аз рӯи маълумоти Дафтари СММ оид ба ҳуқуқи башар, соли 2006 3 дарсад ё худ 175 миллион аҳолии ҷаҳон мақоми шаҳрвандӣ надоштанд. Ин шумора аз ҳисоби муҳоҷирону гурезагон низ меафзояд. Тибқи Ҳисоботи СММ оид ба муҳоҷират, фақат шумораи расмии муҳоҷирон аз соли 2000 то 2015 аз 173 миллион то 247 миллион афзудааст. Бешубҳа, шумораи ғайрирасмии муҳоҷирон аз ин ҳам бештар аст. Дар ҳоле ки гурезагону муҳоҷирон аз ҳисоби занҳо низ меафзояд, имкон дорад то охири садсола шумораи шахсони бешаҳрвандӣ аз ҳудуди 1 миллиард гузарад.

Яке аз дигар омилҳои асосии тақвияти муборизаҳои чирикӣ бархӯрди дину мазҳабҳои гуногун дар заминаи муҳоҷирати фавҷ-фавҷ намояндагони дину мазҳабҳои гуногун ба минтақаҳои дигари ҷаҳон хоҳад буд. Бахусус, бархӯрди ду дини ҷаҳонгир, яъне Ислом ва Масеҳият дар чанд минтақа – Аврупои Ғарбӣ, Русия ва Амрикои Шимолӣ шадид мешавад. Дар ин минтақаҳо гурӯҳҳои чирикӣ-ҷиноӣ бештар характери мазҳабӣ хоҳанд дошт. Дар Ховари Наздик ва Ховари Миёна, бо шумули Тоҷикистон ва Афғонистон гурӯҳҳои чирикӣ-ҷиноии гуногун аз ҳисоби ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ташкил ёфта истодаанд, ки пайваста дар ҷангу ҷидол бо якдигар ва бо ҳукуматҳои худкомаи хонаводагӣ, ки зудгузару ноустуворхоҳанд буд, қарор мегиранд.

Мисли дигар кишварҳо, Тоҷикистон ҳам метавонад ин хатарро бо ҳалли мушкилоти сиёсӣ, бекорӣ ва бесаводӣ бартараф кунад. Дар акси ҳол, он ё ба колонияҳои мухталифи чирикӣ-ҷиноӣ ва ё ба колонияи абарқудрате чун Чин табдил меёбад. Ба монанди дигар абарқудратҳо, Чин метавонад давлатдории худро танҳо дар сурати тасаллутдоштан бар гурӯҳҳои чирикии дохилӣ ва хориҷӣ нигоҳ дорад. Бо баҳонаи хатари гурӯҳҳои чирикии Осиёи Марказӣ, ин абарқудрат ҳузури сиёсию ҳарбӣ ва иқтисодии худро дар минтақа афзоиш медиҳад. Бархӯрд бо гурӯҳҳои чирикӣ ва заиф гардидани ҳокимияти марказии Чин метавонад эҳтимолияти ҷанги ҳастаиро бештар кунад. Чунин сенарияро метавон аз тарафи Русия низ интизор дошт. Шояд Колонияҳои хокӣ дар Авруосиё пурра мустақил нашаванд, балки ба Маскав ва Пекин итоат кунанд. Дар ин сурат, гурӯҳҳои чирикӣ ва ҷиноии ғайримазҳабӣ минтақаҳои нуфузи бештар хоҳанд дошт. Тадриҷан сохти нави давлатдорӣ ташаккул меёбад, ки арзишҳое чун озодӣ, демократия ва ҳуқуқи башар дуюмдараҷа шуда, ҷои онҳоро принсипи “контрол ва амният” мегирад. Колонияҳои хокии гурӯҳҳои чирикӣ-ҷиноӣ ба хатари асосии давлатҳои миллии минтақа табдил меёбанд. Чун ҳамеша, мардуми одӣ дар шакли муздурӣ зиндагӣ хоҳанд кард, вале ин дафъа шароити муздурӣ тангтар мешавад. Муҳоҷирати кории саросарии ҷавонон ба Русия ва “саноати сиёҳ”-и Чин (бо истифода аз масолеҳ ва энергияи “сиёҳ”, ки коркарду истеҳсоли онҳо муҳити зистро хароб мекунад) густариш меёбад.

Нақшаи минбаъдаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ он мешавад, ки аз ҳисоби фишору зӯроварӣ ба мардуми одӣ шумори аҳолии ҷаҳон бамаротиб кам карда шавад. Чунин муносибати ғайриинсонӣ бо баҳонаи наҷоти сайёра аз сернуфусӣ, беморию гуруснагӣ ва гармшавии иқлим машруият дода мешавад. Новобаста ба ин, аҳолии Замин афзоиш ёфта, навъҳои мавҷуда ва нави истисмор ва бардасозии инсон, аз он ҷумла бо роҳи киборгӣ(манипулятсияи теҳнологии ҷисми инсон) тақвият меёбанд. Бе чораҳои қатъӣ ва аз ҳамаи ҷонибҳо иҷропазир, иқлими сайёра гармтар ва боиси зиёд шудани офатҳои табиӣ мегардад. Муҳоҷирати экологӣ ба яке аз равандҳои муҳими идоранопазир ва хатарзо табдил меёбад.

Кайҳост, ки заминаҳо барои ташаккули се синф ва ё дақиқтараш се каста дар ҷаҳон ба вуҷуд омадааст. Инҳо кастаи поёнӣ (мардуми одӣ), кастаи миёна (гурӯҳҳои чирикӣ-ҷиноӣ) ва кастаи офшорӣ (аз ҳисоби сармоядорон ва ҳукуматдорон) мебошанд. На ҳамаи донишмандон метавонанд ба ин гурӯҳҳо шомил шаванд. Онҳо метавонанд ба давлатҳое, ки ҳанӯз боқӣ мондаанд ва то андозае адолатпарвар ва илммеҳвар ҳастанд, ҷалб шаванд. Сиёсати донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмию таълимии пешрафтаи ҷаҳон айни ҳол ба ҳамин гуна баҳамоии ин қишр мусоидат мекунад. Ахиран, Донишкадаи технологии Массачусетс дар доираи барномаи махсус барои ҷалби истеъдодҳои ҷавоназ ҷаҳони сеюм шарти доштани дипломи бакалаврӣ, магистрӣ ва докториро барҳам дод. Чунин сиёсатро онҳо минбаъд низ тақвият медиҳанд. Аммо фишори давлатҳо ва гурӯҳҳои чирикӣ-ҷиноӣ ба донишгоҳҳо афзоиш ёфта, онҳоро ба манфиатҳои худ истифода мебаранд. Дар акси ҳол, маблағгузории давлатии лоиҳаҳои илмию таълимӣ коҳиш меёбад.Дар натиҷа, донишмандон бо ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои чирикӣ канор омада наметавонанд, аз ин рӯ, маҷбуранд фазои ҳастии худро берун аз донишгоҳҳо ва ниҳодҳои расмӣ муайян кунанд.

Раванди минбаъда метавонад ончунон таҳаввул пазирад, ки шояд хонандагон онро чун фантастикаи илмӣ дарёбанд. Чунин равандро донишмандони пеши ҷаҳон, чун Стивен Ҳокин низ пешбинӣ мекунанд. Донишмандони аз кастаҳои дигар ҷудогардида метавонанд ба дастовардҳои илмие ноил гарданд, ки ба Миррих ва дигар сайёраҳо ва радифҳои системаи офтобӣ ва дар оянда берун аз он кӯч банданд. Барои ба даст овардани ин ҳадаф, айни ҳол корҳои илмию таҳқиқотӣ дар ду самти асосӣ дар ҷараён аст: яке, ба даст овардани техника ва технологияе, ки барои кӯчбандии инсоният ба дигар гӯшаҳои Кайҳон мусоид бошад ва дигаре, дароз кардани умри ҷисмонии инсон. Охирӣ бисёр муҳим аст, ҳам аз он ҷиҳат, ки донишмандон зарурати зиндагии ҷовидонии инсонро дар ин ҷаҳон дарк кардаанд ва ҳам аз он ҷиҳат, ки бо умри кӯтоҳ (70-80 сол) наметавон берун аз системаи офтобӣ рафт. Кашфи технологияе, ки шитоби рушноиро тай кунад ва ҳатто аз он гузарад, низ яке аз ҳадафҳои асосии олимон ба шумор меравад. Бо ин роҳ, имконият ба даст меояд, ки на фақат аз ҳудуди манзумаи Офтоб берун рафт, балки аз хатарҳое чун Сӯрохии сиёҳ (Сияҳчол) эмин гардид. Бе ба даст овардани чунин технологияҳо (зиндагии дарозу ҷовидонии инсон ва шитоби фарорушноӣ) дер ё зуд тасодуфҳои кайҳонӣ тамаддуни инсониро дар Замин ва дигар сайёраҳо аз байн мебаранд. Сабаби дигари ба чунин самт ҳаракат кардани қишри донишмандон сиёсист. Яъне, онҳоро ҳам гурӯҳҳои чирикӣ ва ҳам кастаи офшорӣ дигар қабул нахоҳанд дошт ва аз ин рӯ, давлатҳое, ки онҳоро мепазиранд, дер ё зуд аз байн мераванд. Барои ин қишр ба ҷуз кӯч бастан дар марҳилаи ибтидоӣ ба Миррих ва ё дигар сайёраи созгор дигар чорае намемонад. Онҳо маҷбур мешаванд, ки дар шароити бисёр душворфазои мусоид барои зиндагии инсонӣ ба вуҷуд оранд. Ҳамин гуна, қишри чорум ҷудо гардида,Колонияи кайҳонӣ ба вуҷуд меорад. Ин қишр сарбаста нест, балки тарафдорони худро низ аз ҳисоби дигар кастаҳо қабул мекунад. Бо афзоиши тавоноии худ, шояд баъди чанд садсола ба Замин баргашта, онро аз кастаҳои офшорӣ ва чирикӣ озод созад ва ба яке аз гӯшаҳои ободи Кайҳон табдил диҳад. Агар то он замон фалокате, чун ҷанги ҳастаӣ ва ё бархӯрди ҷирми осмонӣ тамаддуни инсониро дар Замин ба нестӣ накашад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Нуриддин

  • 9 август 2017 14:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин баҳсҳо бештар рӯйбардор аз гузоришҳои марказҳои илмии ҷаҳониро мебинем, ки дар он ҳар кас каме аз таассуби шахсии худ ба монанди динпарастӣ ё динзудоӣ омехта карда пешкаш мекунад....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нишонаи чилёсин кардани муаллиф, хеле наздик аст.......
Посух додан
  • ояндабин

  • 11 август 2017 17:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
домулоя фантазияашон чудо хам зур.
Посух додан
  • Behruz

  • Имрӯз, 11:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Харду маколахоро хондам, хеле чолибанд ва барои имрузи кишвар басо зарури. Вале маколаи файласуф Хафиз Холикзода, аз матлаби журналист Салими Аюбзод дида хеле ва хеле бехтару дакиктар аст. Ба хар сурат Х.Холикзода файласуф ва С.Аюбзод рузноманигор, бояд навиштахояшон фарк кунад. Бояд икрор шуд, ки Холикзода нисбат ба Аюбзод илму дониши баланд ва чахонбинии фарох доштааст...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!