Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:05

Насрин Парвизӣ “тамоми моҷаро"-и “16 ҳазор вожаи пешниҳодии Эрон”-ро шарҳ дод

9 август 2017, 14:25

Масъули Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ хабарҳои ахир дар бораи напазируфтани 16 ҳазор вожаи пешниҳодии Эронро барои истифода ё корбурд дар забони тоҷикӣ шарҳ додааст.

Насрин Парвизӣ, муовин гуруҳи вожагузинии ин фарҳангистон сару садоҳо дар мавриди аз ҷониби Эрон пешниҳод шудани вожаҳоро рад кардааст. Ӯ ба пойгоҳи хабарии “Тасним” гуфтааст, Фарҳангистон забон ва адаби форсӣ наметавонад барои дигар кишварҳо вожаи форсӣ ба тасвиб бирасонад. Ба гуфтаи ӯ, ҳайате аз Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ соли гузашта сафареро ба манзури боздид аз маркази истеъдодшиносӣ ба Тоҷикистон дошт: “Фарҳангистон фарҳангҳоеро таҳти унвони “ҳазор вожа” чоп кардааст. 16 ҷилд аз маҷмӯаи фарҳанги “ҳазор вожа”-ро дар ин сафар ба Тоҷикистон бурда ва ба онҳо ироа кард, то дар сурати тамоюл аз ин фарҳанг истифода кунанд. Қарор набуд, ки онҳо вожагони ин маҷмӯаро таъйид, тасвиб ё рад кунанд”.

Ба гуфти оқои Парвизӣ, тоҷикҳо дар ин сафар барои баргардондани фарҳанг ба хатти кириллӣ ва русӣ ибрози тамоюл карданд, то битавонанд фарҳангро ба сурати чандзбона ба чоп бирасонанд ва онҳо ҳам мувофиқат карданд: “Аввалин ҷилд аз он низ таҳти унвони “ҳазор вожаи пизишкӣ” дар Тоҷикистон дар арафаи интишор аст. “Ҳазор вожа” ба забонҳои англисӣ ва форсӣ дар Эрон мунташир шудааст. Дар Тоҷикистон низ қарор шуд ба далели ин ки забони дувуми ин кишвар русӣ аст, ба ин забон ва бо хатти кириллӣ ба чоп бирасад, чун хондани хатти форсӣ барои ҳама тоҷикҳо осон нест. Ин тамоми моҷарои ин вожаҳо будааст”.

Қаблан хабарҳое нашр шуд, ки Тоҷикистон 16 ҳазор вожаи пешниҳодии Эронро барои истифода ё корбурд дар забони тоҷикӣ напазируфтааст.

Муовини гуруҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар идома афзуда, фарҳангистон шӯрое дорад, ки онҷо вожагузинӣ анҷом мешавад ва агар тоҷикҳо моил бошанд, вожаи фарҳангистонро ба кор мебаранд, агар на, аз вожаҳои худ истифода мекунанд: “Дар маҷмӯаи “ҳазор вожа” низ теъдоде аз вожагоне, ки худи тоҷикҳо ҳам ба кор мебаранд, дарҷ шудааст. Қарор шуд ҳам вожаҳои худро ба хатти кириллӣ бинависанд ва ҳам вожаҳое ки худ истифода мекунанд. Ҳоло ҳар фарде метавонад аз вожагони фарҳангистон истифода мекунад ё аз вожаҳои роиҷ дар Тоҷикистон”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!