Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:07

Эрон дар бораи филми ВКД: Муаллифон ба ҳадафашон намерасанд...(ВИДЕО)

10 август 2017, 09:57

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ, филми ВКД-ро бепоя ва таассуфовар хондааст. Дар ин филм, ки шоми 8-уми август, тариқи шабакаҳои давлатии телевизион пахш гардид, Эрон аз сармоягузорони терроризм ва қатли чеҳраҳои шинохтаи тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта, муаррифӣ шудааст. Сафорати Эрон мегӯяд, ин тафриқаандозӣ ба манфиати миллатҳо набуда, баёнгари он аст, ки бархе гуруҳҳо намехоҳанд муносиботи Тоҷикистону Эрон хуб шаванд.

Сафорати Эрон дар изҳороти расмӣ баён доштааст, ки иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад: “Шаке нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба хароб кардани пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд”.

Сафорат гуфтааст, ҳофизаи таърихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромуш нахоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз бунёдгузорон ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир чӣ нақши созандае дар ҷиҳати поён додан ба ҷанги дохилии ин кишвар дар даҳаи навади мелодӣ ифо намуд.

Сафорат аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ёдовар шуда, афзудааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пешгоми сохтани иншооти зербиноӣ, монанди тунели стратегии Истиқлол (Анзоб) ва неругоҳи Сангтӯда-2 ва бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон буда ва ироаи хадамоти тиббиву беҳдоштӣ тавассути Ҳилоли Аҳмар ва имдодрасонӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпараст ё бадсарпарасти тоҷик тавассути Кумитаи имдоди Эмом Хумайнӣ (рҳ), эҷоди марказҳои варзишӣ, таъмири биноҳои таърихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марказҳои донишгоҳӣ, кумак ба марказҳои илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омӯзиши фаннӣ ва касбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва садҳо иқдом аз ин навъ аз дигар иқдомоти Эрон буда, ки мафҳуме ҷуз кумак ба таҳкими суботу тавсеа ва кумак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷкистон ва мустаҳкам шудани пояҳои давлати он надорад.

Дар идомаи изҳорот сафорат муборизаи Эрон бо терроризмро барои ҳамагон ошкор хонда гуфтааст, ки Эрон худ аз аввалин ва бузургтарин қурбониёни терроризм аст: “Амалкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои майдонии мубориза бо терроризм чун офтоб барои ҳамаи ҷаҳониён ошкор аст”.

Сафорати Эрон дар поёни изҳороташ гуфтааст, “пахши ин қабил филмҳои ғаразнок, баъд аз сафари ахири вазири энергетика ва захираҳои об ва раиси тоҷикиии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон, барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба намояндагӣ аз Президенти муҳтарами Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки баъзе гароишот ва доираҳо таҳаммули одӣ шудани робитаҳо ва тақвияти дӯстӣ байни ду кишварро надоранд”.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчӯби хост ва манфиатҳои ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносибатҳои бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро таҳаммул намекунанд”.

Филми ВКД дар бораи қатли Кенҷаев, Латифӣ... ва ҲНИТ-у Эрон:




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Нозир

  • 10 август 2017 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллифи муҳтарами мақола ва хабаргузории "Озодагон",

Лутфан мегуфтед, ки дар матни "... Кумитаи имдоди Эмом Хумайнӣ (рҳ) ..." ихтисораи "рҳ" дар дохили қавсҳо, ки дар шакли (рҳ) омадааст, чӣ маънӣ дорад?
Қаблан сипосгузорам!
Посух додан
  • Манижа

  • 10 август 2017 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чихеле ки мегуянд: Чохкан зери чох! Ин бадхохон хеч вакт ба ниятхои нопоки худ намерасанд.
Посух додан
  • Каримов Н.

  • 10 август 2017 15:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба ВКД ЧТ !!! Ана хамин хел ягон хоини Ватан бояд аз чазо дурр намонад. Боз у Абдулочаи ёвонию диар хамшарикони ин хоинонро дастгир намоед. Худо мададгоратон бод.
Посух додан
  • Анушервон

  • 10 август 2017 15:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости, то тамошои филми мазкур баъзан дар бадкирдории ХНИТ шубха доштам. Шукр, ки чашмонамро кормандони милиси боз карданд. Чи тавре дар урфият мегўянд, офтобро бо доман пўшонда намешавад.
Посух додан
  • Умарали Саидов

  • 10 август 2017 15:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лаьнат ба хоинони миллат.
Посух додан
  • Абубакри Хоити

  • 10 август 2017 15:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи Рустами нораки ва Назарзода бо хочахояшон гумон доштанд, к ибо рохи ба ќатл расонидани якчанд мутафакирони точик маданияти моро аз байн мебаранду халкро гумрох мекунанд? Хок хўрдед. Аксарияти точикистониён худодод мутафакиранд.
Посух додан
  • Парвиз Кумсангири

  • 10 август 2017 16:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо бояд хамеша ина хаминхел хушёртар бошем чунки душман хамавакт бедорай)) намехохад тинчии мора
Посух додан
  • Каримчон 45

  • 10 август 2017 17:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бадхохон ба сари миллати чи овардани будед?? Мо ин корхои чиноии шуморо фромуш намекнем))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хар як чинояткор дар хамин дунё хатман чазояшро мегирад. Ба ин ќотилон ва ватанфурушон хукми ќатл додан лозим. Махбас ин гуна одамонро ислох намесозад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон аз онам, ки намояндагони ЧИЭ бо кадом рух ва далел худро бегунох мехисобанд. Ва дар васоити ахбори омма даъвои он мекунанд, ки ин маълумотхо нисбати хукуматашон дуруѓ аст. Хубтараш сукут мекарданд ва ба гунохи худ иќрор мешуданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана душмани миллати точик маълум шуд, ки ки будааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳакикат доимо рӯйи об мебарояд, бо фанду фиреб ва аз номи дини мубини ислом истифода бурда барои расидан ба максадхои нопоки худ ба чашми ёру бародари хеш хок пошида, имруз дар хоричи кишвар аъзоёни ХНИТ побанди хочахои хоричии худ гаштаанд.
Посух додан
  • хамватан

  • 10 август 2017 19:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муаллифон ягон максад хам надоранд. ин факат нишондоди котили беномусе аст, ки аз "корнамоихои" худ накл мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Солҳои 90 асри гузашта боре чашмам ба оморе (статистика) афтида буд. Онҷо аз ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистони ҷангзада Эрон дар ҷойи аввал буд. Пас аз Эрон ИМА меистод. Ҳоло, ки каме сер шудаем, ин ҳарду давлатро мо бад мегӯем. Вале Русия, ки дар аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ нақши асосиро иҷро карда буд, боре ҳам дар ин бора даҳон намекушоем.
Посух додан
  • Салом

  • 10 август 2017 22:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр филми нагз мардуми шарифи Точик алакаи дустро аз душман фарк мекунанд
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!