Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:13

Ҳимояти Назаров аз тими Русия: Барои 1 гунаҳкор ҳамаро ҷазо додан хуб нест

10 август 2017, 11:32

Дилшод Назаров, варзишгари шинохтаи Тоҷикистон, зидди барканории тими варзиши сабуки Русия аз мусобиқаҳои байналмилалӣ раъй додааст.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 аз Тоҷикистон, зидди тамдиди барканории муваққатии Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук аз узвияти Анҷумани байналмилалии федератсияи варзиши сабук (IAAF) раъй додааст.

Назаров дар шарҳи тасмимаш гуфтааст, масъулияти дастаҷамъиро барои истифодаи допинг қабул надорад: "Ман чунин мешуморам, ки барои истифодаи допинг бояд варзишгарон дар алоҳидагӣ ҷавоб гӯянд. Агар шахс гунаҳкор бошад, ӯро бояд ба ҷавобгарӣ кашид. Ман дӯстони зиёд дар Русия дорам, ки ягон гуноҳ надоранд, аммо аз пушти дигарон азият мекашанд. Ҳаёти варзишӣ кӯтоҳ аст, бинобар ин ҷазо бояд фардӣ сурат гирад”.

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ изҳор умед кардааст, ки мушкил ҳар чӣ зудтар ҳал шавад: “Ба назари ман ҳамааш хуб мешавад. Ҳоло бисёриҳо ба он фикранд, ки фарди гунаҳкор бояд ҷазо бигирад. Варзишгарон бояд имкони баромад кардан дошта бошанд. Ҳоло барои баромад зери парчами бетараф иҷоза доданд, ин ҳам хуб аст”.

Дар раъйдиҳии охир, ки қабл аз оғози қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон баргузор гардид, ба ҷонибдорӣ аз барканории муваққатии Федератсияи умумирусиягии варзиши сабуки Русия аз узвияти IAAF, 166 нафар овоз дода, 21 нафар зид баромадаанд: “Тоҷикистон ягона кишвари пасошуравӣ аст, ки бо ҳимоят аз Русия овоз дод”.

Дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин тавсияи гуруҳи кории IAAF-ро 20 аъзои дигари конгресс-Кореяи Шимолӣ, Ямайка, Сурия, Бангладеш, Урдун, Лубнон, Макао, Муғулистон, Мозамбика, Нигерия, Панама, Перу, Руминия, Шри-Ланки, Ветнам ва Яман ҷонибдорӣ накардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳар қадар моро мезананд, мекушанд, масхара мекунанд, вале боз ҳам мо ба тарафдории русҳо овоз медиҳем. Ба иродаат ҳасанот, тоҷик. Агар рус намебуд, шояд ту ҳам намебудӣ.
Посух додан
  • Unk

  • 12 август 2017 15:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Назаров Д. бо ин корат аксар ба фикрам рози нахоханд шуд, хамаи хамин 21 кишвар маълум аст, ки чи мавкеъ доранд. Ман хеч нафареро аз точиконамон надидаам, ки то ба имруз ба иродати худ, бидуни таваччух ба хочааш икдом карда бошад. Хайр ягон вакт ягон точики асили кухистони ё дехоти ба хотири обруи миллати худ ин корро кунаду нишон дихад, ки гох дар дасти мо хам имкон мерасад. Хамин кадар моро тахкир мекунанд, пеш меунанд, мезананду мекубанд, аммо мо боз хамонему хамон дар сафи Макао, Бангладеш, Мозамбик, Шри Ланка мегардем ланка шуда. Акаллан ба хотири нишон додани мавкеи худ, ки "мо хам метавонем", як боре часорат нишон дихед, эй мардум.
Шояд аз насли наве, ки чахонро дидаанд ва биниши нав доранд нафарони сохибиродат барояд, худоё, кош.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!