Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:15

Ҳукумат кай гузориш медиҳад?

11 август 2017, 09:23

Иршод Сулаймонӣ

Яке аз асоситарин унсурҳои демократӣ будани давлат гузоришдиҳанда (ҳисоботдеҳ) будани он дар пеши мардум аст. Ҳар давлате, ки ба мардум гузориш намедиҳад ва фаъолиятҳои худро шаффоф дар миён намгузорад ва ба ҳар баҳонае аз мардум пинҳонкорӣ мекунад, ҳукумати арзишгарой нест. Дар замони муосир хубтарин василаи гузориш додани давлат расонаҳостанд. “Ҷанг”-и эъломнашудаи ҳар ҳукумат бо расонаҳои мустақил барои иҷро нашудани ҳамин гузоришдеҳӣ аст.

Дар Тоҷикистон таҷрибаи хубу нодире роҳандозӣ шуд, ки ҳар шаш моҳ ниҳодҳои давлатӣ нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд ва аз фаъолиятҳои худ тариқи расонаҳо ба мардум гузориш медиҳанд. Ин таҷриба дар навъи худ беназир аст, зеро аз ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ва аз мансабдорони “худам шоҳу таъбам вазир”-и ин ҳукуматҳо ба даст овардани иттилоъ кори бисёр сангинест.

Ҳарчанд баъзе аз вазиру раисон ин нишастҳои матбуотиро ба “шаби эҷодӣ”-и худ табдил медиҳанд, аммо боз ҳам ба такрор мегӯям, ки ин таҷриба бисёр камназир аст. Вале дар ин росто як суоли дигар бепосух мемонад ва солҳост, ки дар Тоҷикистон раду бадал мешавад, ин аст, ки чаро Ҳукумати Тоҷикистон худ нишасти матбуотӣ баргузор намекунад то ба суолу масоили мардум посух бигӯяд?

Дар кишварҳои унитарӣ ва ҳукуматҳои марказмеҳвар ҳалли бисёре аз масоилу мушкилот ба ҳукумати кишвар вобаста мебошанд, хусусан дар кишварҳое, ки порлумон салоҳияти кам дорад ва нақши сохтори иҷроӣ ба маротиб болотар аз порлумон мебошад. Мо мебинем, ки бисёре аз масъалаҳои ҷиддӣ бо дахолати Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳал мешаванд. Пас зарурат аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам нишасти матбуотӣ баргузор кунанд ва аз фаъолиятҳои худ гузориши мустақим бидиҳанд.

Дар Тоҷикистон солҳост, ки Сарвазир, муовининаш ҳеч гоҳе дар ҳузури рӯзноманигорону расонаҳо пайдо нашудаанд ва аз фаъолиятҳои худ натиҷагирӣ накардаанд. Мантиқист, агар дар баробари дигар ниҳодҳо Ҳукумати Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам нишастҳои матбуотӣ баргузор кунанду демократӣ ва ҳисоботдеҳ будани худро ба намоиш бигузоранд. Зеро ба ҳар андозае, ки ҳукумат аз мардум фосила бигирад ба ҳамон андоза фаъолиятҳояш аз мардум пинҳон сурат мегирад.

Ибтидо ҳамин нишастҳои матбуотӣ ҳар се моҳ баргузор мешуданд, ки шуъбаи вақти иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи иҷроия ҳар се моҳ баргузор кардани нишастҳоро барои худ “саргаронӣ” донист ва инҳоро ба шашмоҳа табдил дод. Ҳоло намедонам то куҷо Раёсати маърифати Дастгоҳи иҷроия барои семоҳа кардани ин нишастҳо ҳавсалаву ирода дорад, вале агар семоҳа шаванд мардум шоҳиди фаъолиятҳои бештари ниҳодҳо мешаванд.

Ба таваҷҷуҳ ба ин ки Ҳукумати Тоҷикистон гирифториҳои зиёдтаре дорад хубтар аст, ки ҳукумат дар сол як бор нишасти матбуотӣ баргузор намояд, вале Дастгоҳи иҷроия ба тартиби дигар ниҳодҳо агар нишаст баргузор кунад, муфидтар хоҳад буд.

Чун дар Тоҷикистон мантиқи вуҷуди ҳукумат бештар бар пояи шахсиятгаройӣ (на ниҳодсозӣ) шакл гирифтааст, иштироки нафарони аввали ин ниҳодҳо ҳам бояд матраҳ ва усулӣ бошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Paymon

  • 11 август 2017 11:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Holo hamun shash moh ham vaziru kabiri tojik bo zaboni shikastavu dili nohoham nazdi zhurnaliston mebaroyad shukr gued.
Посух додан
  • Рохгузар

  • 11 август 2017 13:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1. Хамон вазорату идорахои назди хукуматие, ки хар шаш мох хисобот медиханд магар Хукумат не? Зеро фаъолияти босамари Хукумат махз аз кобарии дурусти ниходхояш вобастаги дорад.
2. Аз номи Хукумат хар сол чамъбасти фаъолият ва вазифахо дар Паёми Президент ироа мегардад, ки ин хам як навь хисоботи Рохбари давлат ба шахрвандон ва вазифагузори ба ниходхои давлати мебошад.
Бо сипос...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чандин бор гуфтанд-ку, гуногунандешӣ ба ҷамъияти мо зарар дорад. Боз ягон маҳмаддоно баромада настроении ягон калона вайрон накунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!