Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:21

Ҳаҷҷи муқаддас бо роуминги муфид аз Tcell!

11 август 2017, 11:45

Барои ҳама мусалмонон мавсими Ҳаҷ -- зиёрати Хонаи Худо фаро мерасад. Ин сафар барои ҳоҷиён хеле муҳим ва назаррас мебошад, зеро он ба боварӣ имон, ба дил руҳи тоза мебахшад ва эҳсонкориро меомӯзад.

Дар ин сафар бештар аз ҳар вақт тамос бо хонавода, наздикон ва рафиқони дар Ватанбуда лозим аст. Ширкати Tcell ба таври анъанавӣ давоми 6 сол, шурӯъ аз соли 2012 ҳоҷиёнеро, ки ба зиёрати Хонаи Худо мераванд, дастгирӣ мекунад. Tcell ба ҳоҷиён имкон фароҳам меорад, то маблағи зиёдро барои тамосҳои байналмилалӣ сарф накунанд. Барои ин танҳо лозим аст симкорти хонагӣ аз Tcell-ро гирифта, онро ба оператори маҳаллии “ZAIN” дар Арабистони Саудӣ пайват намоед. Агар телефон ба таври автоматӣ ба шабакаи “ZAIN” пайват нашуда бошад, метавонед ба қисми танзими телефон (настройка) даромада, опреаторро интихоб намоед. Дар роуминг ҳамчунин хизматрасонии “Позвони Домой” ҳаст, ки метавон тариқи он бо нархи паст зангҳоро анҷом дод. Аксия аз 14 август то 30 сентябр идома хоҳад кард. Ҳама зангҳои воридотӣ барои ҳар дақиқа– 1,90 сомонӣ аст. Зангҳои содиротӣ дар қаламрави Тоҷикистон +992 [коди оператор] [рақами телефон] - 4,70 сомонӣ барои ҳар дақиқа мебошад.

Пайвастшавии хизматрасонии “Позвони Домой” * 135 * 992 [рақами муштарии Tcell] # мебошад ва арзиши он 1,90 сомонӣ барои як дақиқа аст. SMS 0,50 ва Интернет 4.00 сом/ Mb. Танҳо дар давоми ҳаҷ барои роҳати ҳоҷиён рақами доимоамалкунандаи +992 (77) 711 5595 кушода шудааст, ки он дар Viber низ дастрас аст. Бо тамос ба ин рақам, метавонед ба суолҳоятон ҷавоб бигиред.

Ширкат Tcell ба ҳама ҳоҷиён кушиши ҳақиқӣ барои таҳкими имон дар дилро таманно дорад.

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
воридоти 1,90с содироти 4,70с ! пас куҷои ин зангҳо муфид?ду дақиқа гап занед 10сомон нест!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!