Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:05

Хадамот: Сокини Конибодом қасд дошт, 6 тангаи Русияи подшоҳиро ба Маскав интиқол бидиҳад

11 август 2017, 15:48

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, зимни гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри “Хуҷанд-Маскав” аз интиқоли ғайриқонунии 6 тангаи дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, пешгирӣ шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аснои азназаргузаронӣ аз боғоҷи як сокини 23-солаи шаҳри Конибодом 1 сикка (танга)-и мисранги Екатерина 2, соли бароришаш 1767, бо навиштаҷоти “пять копеек”, 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1738, бо навиштаҷоти “ДЕНГА”, 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1744, бо навиштаҷоти “ДЕНГА 1744”, 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1751, бо навиштаҷоти “ДЕНГА 1751” 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1753, бо навиштаҷоти “ДЕНГА 1753” ва 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1879, бо навиштаҷоти “1879 года копъики” дарёфт гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, мувофиқи хулосаи экспертизаи таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамаи 6 сиккаи фулузии гуногунандозаи мисранг, дорои арзиши нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, ба категорияи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд. Ба иттилоиХадамот, нисбати дастгиршуда бо моддаи 32 қисми - 3 ва 289 қисми -3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

18 июн Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванди Русия Татяна Хужина дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дода буд. Он замон хадамот гуфт, Хужина қасд дошт, ба таври махфӣ як тангаи мисини сохти соли 1823-ро ба Русия интиқол диҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!