Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 18 феврал 2018, 04:00

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

16 август 2017, 08:20

185 зоири тоҷик соати 04:00-и субҳи имрӯз, 16 август нахустин шуда барои адои маросими Ҳаҷ ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карданд.

Маросими оғози расмии сафари зоирини тоҷик бо ҳузури Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат гирифт.

Имсол аз Тоҷикистон барои адои ин маросим ва ба ҷо овардани фаризаи Ҳаҷ, ки яке аз рукнҳои муҳими панҷгонаи дини Ислом мебошад, 6 400 нафар сафар хоҳанд кард. Ҳамчунин бино ба иттилои Кумитаи дин, ин ниҳод 200 саҳмияи иловагиро низ аз ҷониби Арабаистони Саудӣ дарёфт кардааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар маросими гусели нахустин зоирини тоҷик дар соли 2017 бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда иброз намуд, ҳар як зоир намояндаи Тоҷикистон дар кишвари Саудӣ аст ва аз миллату давлат намояндагӣ мекунад ва умедвор аст, ки зоирин миллату давлатро хуб муаррифӣ хоҳанд кард. Ҷаноби Давлатзода таъкид намуд, бояд зоирин ин рукни муҳими динии худро дар фазои ором ба анҷом бирасонанд ва дар ҳаққи мардум ва кишвари худ дуъо кунанд.

Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон низ дар ин маросим нахустин зоирини тоҷикро бо даст ёфтан барои анҷом додани маросими Ҳаҷ табрик гуфт ва таъкид кард, сол то сол кишвараш барои бештар шудани имконоти пазириши зоирин талош мекунад ва ҳоло баъди тавсеъа ва бозсозӣ имкони пазириши 1 миллиону 800 ҳазор зоир дар як вақт дар Маккаи Мукаррама пайдо шудааст ва ҳамчунин масҷиди Мадинаи Мунаввара имкон дорад, 1 миллион зоири намозгузорро биғунҷонад.

Сафири Арабистонӣ Саудӣ ҳамчунин бо муроҷиат ба зоирини тоҷик гуфт, “шумо ворисон ва наводагони шахсиятҳои бузурге мисли Имом Бухорӣ ҳастед, ки хидматҳои пурарзише дар таърихи ислом кардаанд. Мардуми Арабистони Саудӣ инро медонанд ва эҳтироматонро ҳамчун меҳмонони Хонаи Худо ба ҷо хоҳанд овард”.

Маросими гусели зоирини Тоҷикистон то 26 август давом хоҳад кард. Ба иттилои Кумитаи дин, имсол хадамоти ҳамлу нақли зоиринро ширкатҳои “Сомон Эйр”-у “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон ва ширкати “ФлайеНас”-и Саудӣ анҷом хоҳанд дод. Зоиринро аз шаҳри Душанбе ширкатҳои “Сомон Эйр”-у ФлайеНас” ва аз вилояти Суғд ширкати “Тоҷик Эйр” интиқол медиҳанд. Дар назар аст, имрӯз соати 16:00 ҳамчунин нахустин зоирини тоҷик аз вилояти Суғд ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз кунанд.

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

[center]АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо

АКС: Шурӯи сафари зоирини тоҷик ба Хонаи Худо


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фаридабону

  • 16 август 2017 09:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафари мубораки хач ба шумо муборак бошад хамватанони азиз,,,бигзор худованд хачи шуморо мабрур ва саъятонро машкур ва замбатонро магфур гардонад,,,соку саломат боз ба хонахоятон баргардед,ва дар хаки кишвари азизамон дар хаки кормандони кумитаи дин ва дар хакки сафорати арабистони сауди ки хизмати хочиени моро мекунан дуогу бошед,,,ва мову шуморо хам кормандони сомонаи озодагон ва хонандагони онро борхо ва борхо зиерати хонаи худо насиб гардонад омин,
Посух додан
  • Бадриддин

  • 16 август 2017 12:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муборак.бошад зиёрат кунандагони хонаи худо. худованд ба хама насиб гардонад. Ва Шумо хочиёни мухтарам соку саломат ба ватан боз гардед Омин
Посух додан
  • Paymon

  • 16 август 2017 19:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Pulhoi bo sad azob eftai pisaroni arobakashatonro burda bo du dasti adab ba shajhi "bechorai" arab doda oed!!!Shajhoni arab , meguyand noni hurdan nadorand, bechoraho dar fasli sarmo bark nadorand, to 2 mln. kucharub doshtaand, mohonaashon az 300 somonii hudamon zijod nabudaj...
Посух додан
  • Дахри

  • 17 август 2017 01:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дин на танхо идеология, то чое сиёсат ва тичорат низ хаст. Хазрати Мухаммад Каъбаро маркази ислом ва зиёрати онро фарз гардонда барои арабхо хизмати шоён кард. Шохи Арабистони Сауди аз хар зоир 52 доллар хаки худро мегирад. Агар 1,8 миллион зоир ба хач раванд, у дар як мавсими хач 93 миллиону 600 хазор доллар даромади соф мегирад. Шох боши дар Арабисони Сауди боши.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!